ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ 4 НАФАР ДАР 3 САДАМАИ РӮЗИ 1 ОКТЯБР

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 1 октябри соли 2022 бар асари се садамаи марговар дар роҳҳои Турсунзода – Ҳисор – Душанбе,  Душанбе – Ваҳдат ва километри 23-юми роҳи Ваҳдат – Кӯлоб 4 нафар, аз ҷумла як  духтари ноболиғи 17-сола, ду ҷавони 21- ва 22-сола ва як марди 54-сола ба ҳалокат расидаанд.

Аз ҷумла шаби 1-уми октябри соли 2022, тахминан соати 01:40, ронандаи мошини тамғаи “Тойота-Кемри”, Мирзоев Ифтихор Бурихонович, соли таваллудаш 1992, сокини пойтахт, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Турсунзода ба самти шаҳри Душанбе дар шоҳроҳи “Турсунзода-Ҳисор-Душанбе” пиёдагарди ноболиғ, Мухторова Мунаввара Аҳтамовна, соли таваллудаш 2005, сокини шаҳри Ҳисорро, ки аз  тарафи чапи мошини “Опел-Астра” фаромада, аз тарафи рости роҳ ба тарафи чап давида мегузашт, бо қисми пеши мошинаш задааст.

Дар натиҷа, пиёдагарди ноболиғ Мухторова М.А. ба саломатиаш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Ронанда Мирзоев И.Б. аввал дар ҷойи ҳодиса наистода, аз ҷойи ҳодиса фирор намудааст, вале баъд аз чанд лаҳза баргашта омадааст.
Аз рӯи ин ҳолат таҳқиқот идома дорад.
Инчунин  шаби 1-уми октябри соли 2022, тахминан соати 21:20, ронандаи мошини тамғаи «Ҳундай», Фозилзода Ҳусейнҷони Сангалӣ, соли тавалудаш 1997, сокини шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Ваҳдат аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба монеаи гузоштаи канори роҳ бархӯрдааст. Дар натиҷа, мусофири дохили мошин, Олимов Хайрулло Абдуллоевич, соли таваллудаш 1968, сокини шаҳри Ваҳдат, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҳамчунин, 1-уми октябри соли 2022, тахминан соати 12:10, ронандаи мошини тамғаи «Опел-Астра», Комилзода Бахтовари Файзулло, соли таваллудаш 2001, сокини шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат дар километри 23-юми роҳи мошингарди “Ваҳдат-Кӯлоб-Хоруғ”, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба симчӯби барқии канори роҳ бархӯрдааст.Дар натиҷа, мусофирони дохили мошин, Муъминов Шаҳзод Муҳаммадович, соли таваллудаш 2000, сокини ҳамин шаҳр ва Раҷабов Нуриддин Шукруллоевич, соли таваллудаш 2001, сокини ноҳияи Хуросон, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин маълумоти ВКД, ки рӯзи 19 июл нашр шуд, дар 6 моҳи аввали соли 2022 дар Тоҷикистон 482 садама рӯй дода, дар ин садамаҳо 180 нафар ба ҳалокат расида ва 509 нафар ҷароҳат бардоштаанд. 

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button