ВидеоҲуқуқи инсон

АДВОКАТИ АБДУЛЛОҲ ҒУРБАТӢ ГУФТ, Ӯ БЕГУНОҲ АСТ, АЗ ТОЛОРИ СУД ОЗОДАШ КУНЕД!

Рӯзи 3 октябри соли 2022 додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба мурофиаи парвандаи журналист Авазмад Ғурбатов, маъруф бо тахаллуси Абдуллоҳ Ғурбати идома дод. Ин дафъа дар додгоҳ адвокати Ғурбатӣ Абдураҳмон Шарипов суханронӣ кард. Бино ба гузориши Маркахи мустақили ҳуқуқи инсон, адвокат дар сухани ниҳоияш ба бегуноҳии нафари таҳти ҳимояти худ исрор варзида, аз додгоҳ хостааст, ки ӯро сафед кунад ва рост аз толори додгоҳ ҷавобаш диҳад. Ҳафтаи гузашта айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ хоста буд, ки Абдуллоҳ Ғурбатиро ба 8 соли зиндон маҳкум кунанд.

Абдураҳмон Шарипов, ки ба намояндагӣ аз Маркази мустақили ҳуқуқи инсон дар ин мурофиаи пурсарусадо аз ҳуқуқи Абдуллоҳ Ғурбатӣ ҳимоят мекунад, гуфт, додгоҳ баъди шунидани сухани ниҳоии ӯ идомаи мурофиаро ба рӯзи дигар гузошт. Мушаххасан кай баргузор шудани мурофиаи навбатӣ ҳанӯз эълон нашудааст.

Мурофиаи парвандаи Ғурбатӣ дар толори боздоштгоҳи №1 пушти дарҳои баста идома дорад. Ба ин мурофиа аз наздикон танҳо ҳамсари ӯ Мубораки Қосим роҳ дода шудааст. Мубораки Қосим дар поёни ҳафтаи гузашта дар як номаи саркушода аз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хост, то ба қазияи падари фарзанди ягонааш дахолат кунад ва нагузорад, ки ҳаёти ӯро бисӯзонанд. Муборак Қосим низ исрор варзидааст, ки шавҳараш ягон гуноҳ надорад.

Абдуллоҳ Ғурбатӣ, ки ба журналисти дигари тоҷик Далери Имомалӣ дар таҳияи гузоришҳои видеоӣ пиромуни масоили доғи Тоҷикистон ҳамкорӣ мекард, рӯзи 15 июни соли ҷорӣ, ҳамагӣ чанд соат баъди Далери Имомалӣ ба ҳабс гирифта шуд. Ӯро аввал ба таҳқиру латтукӯби корманди милитсияи ноҳияи Шоҳмансур ва баъдан ҳамчунин ба ҳамкорӣ бо мухолифин айбдор карданд. Худи Ғурбатӣ ин иддаоро қотеъона рад мекунад ва мегӯяд, на узви ҳизби наҳзат асту на милисаро ягон чӯртӣ задааст.

Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва Далери Имомалӣ рӯзи 15 июн, дар пайи нашри чанд гузориши видеоии интиқодӣ нисбат ба прокурори ноҳияи Шоҳмансур дастгир шуданд. Ба бахти бади хабарнигорон, прокурори Шоҳмансур писари вазири адлия ва домоди раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон будааст…

Дар моҳҳои охир  дар Тоҷикистон дастикам 12 журналисту блогер ба ҳабс гирифта шудаанд. Аз ҷумла 6 журналист ва блогери зодаи Бадахшон (Улфатхоним Мамадшоева, Муҳаммади Султон, Хушом Гулям, Рамзесс Шогунов, Мақсуд Ғаёсов ва Комчек Мирзоев), журналистон Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, блогери пуртамошобин Усмон ва рэпсаро Ралик. Дуи охир ба даҳрӯзӣ ҳабси маъмурӣ  маҳкум шуданд, вале Муҳаммади Султон, полковники мустаъфии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (собиқ КГБ) ва журналист, ахиран ба 7 соли зиндон маҳкум шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button