ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

НИГАРОНИИ СОЗМОНИ МИЛАЛ ВА АМРИКО АЗ ҲАВОДИ ХУНИН ДАР МАРЗИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш  шиддат гирифтани хушунатҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро бо нигаронии амиқ пайгирӣ дорад ва дар робита ба ҳалокати одамон сахт андуҳгин  буда, ба қурбониён ва наздикони онҳо изҳори ҳамдардӣ мекунад.

Дар ин бора дар изҳороте сухан меравад, ки сухангӯи дабири кулли Созмон милал Стефан Дюжаррик  рӯзи 17 сентябри соли 2022 дар сомонаи расмии Созмони Милал нашр кард.

“Дабири кул аз роҳбарони Қирғизистону Тоҷикистон даъват мекунад, ки бо мақсади ноил шудан ба режими оташбаси дарозмуддат вориди муколама шаванд. Ҳарду тараф бояд барои пойин бурдани ташаннух аз механизмҳои мавҷуда ба таври комил истифода баранд”, – таъкид шудааст дар изҳорот. Созмони Милал, бино ба ин банёния, омода аст, дар сурати тақозои тарафайн барои пайдо кардани “як роҳи ҳалли устувор”, ки тавонад пеши рози ихтилофот дар марзи ду кишварро бигирад, ёрӣ бирасонад.

Нед Прайс, сухангӯи Департаменти давлатӣ, ё вазорати хориҷаи Амрико низ ба ҳаводиси ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон бо нигаронӣ вокуниш кардааст.

Ӯ мегӯяд: Хабари даргириҳои мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон моро нигарон кардааст. Чунин ҳолатҳо бештар ҷони мардумони ғайринизомиро дар хатар мегузорад ва мо ба хонаводаҳои осебдидагон ҳамдардӣ баён мекунем. Мо аз ҳарду ҷониб даъват менамоем, ки оташбасро риоя кунанд ва талошҳои худро барои барқарории оромӣ аз тариқи роҳҳои дипломатӣ дучанд кунанд”.

Қаблан вазорати хориҷаи Русия ва ОДКБ низ ба Душанбе ва Бишкек барои ҳалли буҳрони ахир дар муносибатҳояшон пешниҳоди кумак карда буданд.

Ин изҳори нигарониҳо ва пешниҳоди кумак барои ҳалли буҳрон дар ҳолест, ки рӯзи 16 сентябр дар ҷараёни задухӯрдҳои сангини мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз ҳар ду тараф даҳҳо нафар кушта шуданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button