ВидеоКоррупсияНомаҳо ба президентТоҷикистон

БА ЗИДДИ ШОҲИН САИДЗОДА ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ КУШОДААНД

Се манбаи гуногун ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар доданд, ки мақомоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар пайи як санҷиши нақшавии фаъолияти Агентии  назорат дар соҳаи маориф дарӣ солҳои 2020-2022 дар ин ниҳод тасарруфи маблағҳои давлатиро ба маблағи 1 миллиону 857 ҳазор сомонӣ (беш аз 180 ҳазор доллари Амрико бо қурби имрӯза)  ошкор карда, ба зидди роҳбари қаблии агентӣ Саидзода Шоҳин Нуриддин  ва чанд зердасташ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.

Манобеи “Бомдод” мегӯянд, ин санҷиш дар пайи барканории Шоҳин Саидзода  доир гардида, дар ҷараёни он ошкор шудааст, ки аз ин маблағҳои тасарруфшуда 300 ҳазор сомониаш дар натиҷаи қалбдастии сармуҳосиби Агентии назорат дар соҳаи маориф Маҳмадсиддиқи Маҳмадзокир, 100 ҳазораш сомониаш ба муҳосиби корхона Мафзуна Ҷарқинзода ва 100 ҳазори дигараш ба хазинадори Агентӣ Сафар Лоиқ рабт доштааст, вале масъулияти боқимонда 1 миллиону 357 ҳазор сомонӣ камомадро ба гардани раҳбари вақти идора Шоҳин Саидзода задаанд. Гуфта мешавад, ки ин маблағи бузург аз буҷаи Агентӣ бо фармонҳо ва имзои худи раҳбараш Саидзода нест карда шудааст.

Дар пайи ин, нисбат ба Шоҳин Саидзода бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон – 245 ва 316 – бо иттиҳоми тасарруфи маблағҳо ва сӯиистифода аз мақом парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.

Як манбаи наздик ба Агентии мубориза бо коррупсия гуфт, ба афроди дастдошта дар тасарруфи ин маблағҳо 6 моҳ вақт додаанд, ки маблағҳои тасарруфшударо оварда, супоранд. Мафзуна Ҷарқинзода, Маҳмадсиддиқи Маҳмадзокир ва Сафар Лоиқ 500 ҳазор сомонӣ камомади марбут ба онҳоро алакай оварда супоридаанд, вале Шоҳин Саидзода дар аввал саркашӣ кардааст ва дар поёни моҳи август мақомоти Агентии мубориза бо коррупсия ӯ ва се зердасташро ба ҳабси пешакӣ гирифтаанд.

Баъди ин, падари Шоҳин Саидзода – Нуриддин Саид, ки солҳои зиёд вазири маорифи Тоҷикистон буд ва ҳоло раиси Кумитаи радио ва телевизиони ҷумҳурист, шахсан барои озод кардани писараш давутоз кардааст ва тавонистаанд, ки ӯро дар ивази пули гарав аз ҳабс озод кунад.

Аммо сармуҳосиб Маҳмадсиддиқи Маҳмадзокир ва  муҳосиб Мафзуна Ҷарқинзода бо вуҷуди онки маблағи камомадашонро алакай ҷуброн кардаанд, дар ҳабс боқӣ мемонанд.

Як манбаъ аз Агентии зидди коррупсия гуфт, Шоҳин Саидзода дар поёни моҳи август аз ҳабси пешакӣ озод шуд ва рӯзи 7 сентябр,  як ҳафта баъди раҳоияш 700 ҳазор сомонӣ аз маблағҳои тасарруфшударо баргардондааст.

Ба идораи “Бомдод” то ин соат ҳанӯз муяссар нашудааст, ки назари Шоҳин Саидзода ваё адвокат ё наздикони ӯро бигирад. “Бомдод” омода ҳаст, шарҳи онҳоро низ нашр кунад.

Шоҳин Саидзода, ки 37 сол дорад, аз соли 2017 то 2020 дар мақоми муовини сардори Хадамоти назорат дар соҳаи маорифи Тоҷикистон кор карда, аз соли 2020 то 2022 сардори Агентии назорат дар соҳаи маориф буд. 21 феврали соли 2022 президент Эмомалӣ Раҳмон ӯро “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” аз ин вазифа озод кард. Вале бо гузашти беш аз ним сол аз барканориаш дар бораи ба кадом мансаби наве таъйин шудани Шоҳин Саидзода дигар хабаре нашр нашуд. Манобеи “Бомдод” мегӯянд, ӯ то ҳол ба ягон мақоми наве таъйин нашудааст.

Соли 2018 Диссернет Шоҳин Саидзодаро ба плагиат (асардуздӣ) ҳангоми навиштани рисолаи номзадиаш айбдор кард ва дар пай, Комиссияи олии аттестатсионии Русия ӯро аз унвони номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ маҳрум карданд. Шоҳин Саидзода он иттиҳомотро шарҳ надод, вале баъди чанде рисолаашро аз нав навишта, ин дафъа дар Комиссияи олии аттестатсионии Тоҷикистон дубора ҳимоя кард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button