ВидеоНуқтаи назарФарҳанг

“АЙ МУ КАБӮТАР”-И ДАЛЕР НАЗАРОВ ПАРВОЗ КАРДУ РАФТУ … МОЛИ ӮЗБЕКҲО ШУД (12 ВИДЕО)

Фарзон Машарипов

Бознашр аз саҳифаи муаллиф дар Фейсбук

ЧАРХОФАЛАКИ МУСИҚИИ “БОБОИ ҒАФФОР” Ё ҲОЛИ ЗОРИ “АЙ МУ КАБӮТАР”-И ДАЛЕР НАЗАРОВ

Чанд моҳи охир дар сегменти тоҷикӣ ва узбекии ютуб оҳанг ва ё суруди машҳури Далер Назаров “хит” шудааст. Аввалан чанд сол пеш ин сурудро гуруҳи “Шамс” бо садои зебову лаҳни гуворои Нобовар Чаноров сароида буданд, он вақт ин суруд ба ин ҳад машҳур набуд, ҳамоно оҳанг бо намоиши филми Бобои Ғаффор дилнишинтар қабул мегардид.

ttps://www.youtube.com/watch?v=oT2pYK01j-I

Вале баъди он, ки соли гузашта як овозхони узбектабор бо як ҳаваскори африқоитабор ин сурудро бозхонӣ карданд, хеле маҳбубияти баланд касб намуд. Ҳатто ба ҳунари онҳо Нобовар Чаноров аҳсанҳо навишт.

Баъди чанд моҳ ин сурудро айнан бо ҳамон шакл дар тӯю маъракаҳо талаб карданд ва ҳамаи ҳофизон ҳоло аксаран мехонанд. Шояд ин зарби ритм то ба кишвари Узбекистон расида бошад, ки онро бо матн ва мусиқии андак дигаршуда Ҷамбул Муҳаммедов сароид. Бо матни хароб ва бе ишораи муаллифи мусиқӣ. Порае аз матни он суруд, ки ба таври худам чунин фаҳмидам дар зер меорам.

Ҳусну ҷамолинг хаёлим олдӣ,

Ширин мисолӣ кузумда қолдӣ.

Бориб аста-аста айтсам севгим,

Ё ки хаста-хаста қилайми кунглим.

Воҳ бу кабутармӣ ё кӣ парӣ,

Вой узи дилбар бунча чиройлик.

Албатта ин суруд то ҳадде дар он кишвар маҳбуб шуд, ки як кудаки самарқандӣ бо рафтори дилнишин ба он ҷон бахшид ва доираи шунавандагонашро зиёд кард. Ҷамбул он кудакро ёфт ва барои худаш аз ин суруду рафтори кудак имидҷ сохт)))

Бигзарем аз ин.

Баъди чанд моҳи он ҳоло овозхонҳои “саршинос”-и тоҷик айнан бо ҳамон шакли харобшуда бо навбат месароянд. Инро то ҷое пай бурдем аввал Ёсамин Давлатзода, яъне ҳамон суруди ноби помирӣ-тоҷикиро аз узбекӣ тарҷума кард ва тарҷумонро ҳамчун шоир бо номи Зайн Шамсиддин навишт. Порае аз онро барои намуна меорам.

Ҳусну ҷамолат хаёламонда,

Ширин нигоҳат басай ҷаҳонда.

Бигир дастам, мастам, масти ҷамолат,

Шудам хастам, бастам, дил ба нигоҳат.

Оҳ ту кабутармӣ ё ки парӣ,

Оҳ ба гулистон дилам мебарӣ.

Инро баъдан Фарзонаи Хуршед, модараш Сурайё Қосимова ва шавҳари собиқаш Фаридуни Хуршед, ба ҳамон шакли сурудаи Ёсамин сароиданд. Ҳоло намоҳанг ё худ клип надоранд, вале дар бисёр ҷо бо садои Фарзона гуш мекунанд. Порае аз он чунин аст.

Ҳамдилу ҳамҷон шавем ҳардумон,

Ширину Фарҳод шавем ҳардумон.

Дарду ғами сӯзиши ошиқира,

Хандида ҳайрон кунем ҳардумон))))

https://www.youtube.com/shorts/aY6L44Yb3-w

Танҳо Фаридуни Хуршед гоҳе нақароти онро  “ҷон ту кабутармӣ ё кӣ парӣ” мегӯяд, ки ба фикраш матнро тағйир дода чун моли худ ҷилва доданӣ шудааст.

Охир ҳамон матни зебову шевои:

Ай му кабутар, азум живҷта,

Маку ту пар-пар, азум живҷта

Ё ту биё боз ба паҳлуи ман,

Ё ки маро бар азум живҷта  Чӣ гуноҳ дошт, ки чунин матнҳои фачи бе ному нишон узбекишударо, ба гунаи фач ба тоҷикӣ баргардон кардаанд.

Аз мардуми 10 милионнафари тоҷик, шояд каме бештар аз як миллионаш шоир бошад, ки бо муроҷиати андактарин ба ҳамин мусиқии форам матни шинам эҷод мекарданд.

Овозхонҳои муҳтарами ба ном “ситора” дар тирашаби бе маҳтоби санъати имрӯзаи тоҷик, лутфан як каме раҳм кунед, то фардоиён шуморо то бас гуфтан дашному ҳақорат ва дар кору ҷонатон дуои бад накунанд!!!

Бо эҳтиром як ҳаводори мусиқӣ Фарзон

АЗ ВОКУНИШҲОИ ХОНАНДАГОН:

Ин таронаро пок хомталош кардаанд-ку 😁

Шахноз Комилзода

Офарин Фарзон. Мувофиқам бо навиштаат. Аз ҳама варианти беҳтаринаш моли Нобовар аст. Таронаи нозанинро расво кардаанд.

Масъуда Акилова

Бисёр таҳлили побарҷост!

Мо ҳам пас аз тамошои клипи узбекӣ бо аҳли хонавода айнан дар ҳамин фикр будем.

Нобовар Чаноров поягузори ин суруд аст ва бо лаҳни шево сароидааст.

Муҳаммад Саидов

Фарзони гиромӣ, аҳсан! Таҳлили хуб кардед, аммо чӣ лозим ин ҳама сардардӣ барои Шумо? Ин сурудҳо баъди 50 сол классикаи замони мешавад)

Акаи Нобовар бояд ин оҳангро COPYRIGHT ® мекарданд, дигар як чумчуқ ягон кор карда наметавонад… ҳамаи ин “оҳангчаҳоя” дарҳол YouTube ва ‌Facebook моменто море ҳазф мекунад

Дилшод Бердиев

Ахсан офарин Фарзон Машарипов. Кош баъзе сарояндахо низ чун Шумо фахмиши комилан дуруст медоштанд.

Sherali Rizoyon

Офарин Фарзон!

Ин сурудро касе аз Нобовар Чаноров беҳтар нахондаст. Ҳамаи бозхониҳо мисли бадтарин пародия метобад.

Оҳангу матни олиро расво карданд.

Майсара Курбонова

Таҳлили хеле хуб, офарин ва сипос, Фарзон! Тарона, бешак, моли Нобовар аст ва самимӣ суруда шудааст!

Парвиз Аҳмадҷонов

Ин сурудро ба ӯзбекӣ тарҷума карда сароиданд ва дар Ӯзбекистон дар ҳақиқат ба гуфтаи худатон хит шудааст. Ҳоло агар ин мусиқии тоҷикӣ гӯед бовар намекунанд. Баръакс ба тоҷикӣ тарҷума кардетон мегӯянд.

Як ҳақиқатро бояд тан гирем, дар мо баъди ҷанг гузаштан қаҳрамонҳо зиёд мешаванд. Афсус мо тоҷикон дар ягон соҳа худро ба дараҷаи даркорӣ муаррифӣ карда натавониста истодаем. Пойдеворро месозему дигарашро не. Аз хоби гарон хезем акнун, илтимос

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Жуда кизикарли макола булди!
    Муаллифга рахмат! Бу кушик тарихи жуда кизик экан.
    Аввало шу навони яратган бастакорга рахмат, ажойб чикди!
    Бирок биринчи версия унча оммабоп булмади. Жамбул Мухаммедов эса шу кушикка хазиломуз лирик матнни яратиб хакикий хит булишига эришди.
    Бу дегани – бу кушик, наво, яна куп йиллар давомида халк тилларида яшайди, кушикни яратганларнинг асосий максади шудир.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button