ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зистҲодиса

42 АКС АЗ ВАКСИНАГИРИИ ВАЗИРИ ТАНДУРУСТӢ ВА МУОВИНОНАШ

Маркази матбуоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон бо нашри 42 акс хабар дод, ки рӯзи 29 августи соли 2022 роҳбарон ва кормандони дастгоҳи марказии вазорат бо вояи чоруми ваксина бар зидди бемории коронавирус COVID-19 фаро гирифта шуданд. Дар аксҳои нашршуда дида мешавад, ки вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва муовинони ӯ, ҳамчунин сардорони раёсатҳо ва мудирони шӯъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат низ дар баробари дигар кормандону роҳбарони ин вазоратхона вояи чоруми ваксинаи зидди COVID-19-ро гирифтанд.

Бо қарори вазорати тандурустӣ, бо дар назардошти вазъи мураккаби бемории COVID-19 дар як қатор кишварҳои минтақа, шурӯъ аз 16 августи соли 2022 дар Тоҷикистон даври чоруми маъракаи ваксинатсия бар зидди сирояти коронавирус дар миёни кормандони соҳаи тандурустии кишвар оғоз гардид.

Маркази матбуоти вазорат гуфт, рӯзи 29 август, ҳамзамон бо дастгоҳи марказии вазорати тандурустӣ, роҳбарону кормандони Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, роҳбарони муассисаҳои тандурустии пойтахт низ бо вояи чоруми ваксинаи зидди COVID-19 фаро гирифта шуданд.

Сардори раёсати бехатарии санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои изтирорӣ ва ёрии таъҷилии тиббии вазорати тандурустӣ Наврӯз Ҷаъфаров  қаблан хабар дод, ки ба давраи чоруми  ваксинатсия  баъди кормандони соҳаи тиб шахсони аз 60-сола боло низ фаро гирифта мешаванд.

«Нафароне, ки аз 60-сола боло буда, ваксинаи сеюмро се ё шаш моҳ пеш гирифтаанд, метавонанд ваксинаи чорумро қабул намоянд.  Тибқи нақша,  баъд аз табибон шаҳрвандони синни аз 60 боло, нафарони дорои бемориҳои музмини ғайрисироятӣ бо вояи чоруми ваксина фаро гирифта мешаванд. Ин амал дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  идома меёбад», — гуфтааст Ҷаъфаров.

Бино ба омори вазорати тандурустии Тоҷикистон, аз оғози маъракаи ваксинатсия бар зидди бемории COVID-19 то 19 августи соли 2022 дар ҷумҳурӣ 5 миллиону 312 ҳазору 807 нафар (94,9 фоизи сокинони аз синни 18 боло) бо вояи якум, 5 миллиону 221 ҳазору 534 нафар (93,3 фоиз) бо вояи дуюм ва 4 миллиону 927 ҳазору 758 нафар (88,0 фоиз) бо вояи сеюми ваксинаи зидди коронавирус фаро гирифта шудаанд.

Бо қарори ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус аз 3 июли соли 2021, гирифтани ваксинаи зидди ин беморӣ барои тамоми сокинони синнашон аз 18 боло дар Тоҷикистон ҳатмӣ мебошад.  Шумораи он сокинони Тоҷикистон, ки бояд ҳатман аз коронавирус ваксина бигиранд, наздики 5,9 миллион нафарро ташкил медиҳад.

То имрӯз ба Тоҷикистон бо мақсади бо ваксинатсия бар зидди ин беморӣ фаро гирифтани шаҳрвандони мамлакат аз хориҷ 18 миллиону 290 ҳазор воя ваксинаи зидди COVID-19 (ваксинаҳои AstraZeneca, CoronaVac, Moderna, Pfizer ва Спутник V) ворид гардидааст. Ҳамаи ин ваксинаҳо тавассути механизми байналмилалии COVAX ва кумакҳои башардӯстона, яъне ба сурати ройгон ба Тоҷикистон дода шудаанд. Тақрибан нисфи ин ваксинаҳои ду кишвар: Хитой (5 миллион воя) ва Амрико (3,5 миллион воя) ба Тоҷикистон туҳфа кардаанд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз 15 феврали соли 2022 ба ин тараф, яъне инак беш аз 7 моҳ боз ягон мавриди нави гирифтории шаҳрвандон ба коронавирусро дар ҷумҳурӣ сабт накардааст. Аз аввали пандемия, бино ба омори расмӣ, дар Тоҷикистон 17 ҳазору 388 мавриди гирифторӣ ба коронавирус ошкор гардида, аз ин шумор 17 ҳазору 264 нафар шифо ёфтанд, вале 124 нафар, мутаассифона, қурбони ин бемории қаттол шуданд. Мунтақидон шумораи воқеии гирифторшудагон ва қурбониёни коронавирусро дар Тоҷикистон хеле бештар аз омори расмии вазорати тандурустӣ мешуморанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button