ВидеоКоррупсия

МУОВИНИ РАИСИ ҶАМОАТ ДАР ВАРЗОБ АЗ ЯК КОРАФТОДА 50 ҲАЗОР СОМОНӢ ПОРА ГИРИФТААСТ

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз анҷоми тафтиши пешакӣ ва бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба додгоҳ супурдани парвандаи  муовини раиси ҷамоати деҳоти С.Айнии ноҳияи Варзоб Нозимов  Шамсулло  хабар дод. Мансабдори ҳамакнун собиқ бар асоси моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қаллобӣ ба маблағи махсусан бузург, аниқтараш талаб ва тамаъ кардани 50 ҳазор сомонӣ дар ивази ҳамагӣ 4 сотих қитъаи замин айбдор мешавад.

Маркази матбуоти агентӣ дар шарҳи ин парванда гуфт: “Нозимов  Шамсулло  Нуруллоевич дар вазифаи муовини раиси ҷамоати деҳоти С.Айнии ноҳияи Варзоб кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш бо истифодаи мақоми хизматӣ бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд “А” даромада, ваъда додааст, ки ба ивази маблағи 50.000 сомонӣ ба охирин аз ҳудуди заминҳои ҷамоати номбурда 0,04 га қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда медиҳад. Сипас Нозимов Ш.Н. аз шаҳрванд “А” 20 000 сомонӣ гирифта, боз оварда додани боқимонда 30 000 сомонии дигарро талаб намудааст.   Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Нозимов Шамсулло Нуруллоевич баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 30 000 сомонӣ дар ҷойи ҳодиса дастгир гардида, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд”.

Дар солҳои охир нархи қитъаҳои замин дар дараи хушманзараи Варзоб ба далели дар инҷо азми сохтани бӯстонсаро доштани мардуми сарватманд ба карат афзуд. Ҷамоати Айнӣ, ки дара и Харангон ба он дохил мешавад, низ якез аз минтақаҳоест, ки нархи замин дар он ҷо, ба қавли маъруф, ба фалак дакка хӯрдааст.

 Ба муовини ҳамакнун собиқи раиси ҷамоати Айнии ноҳияи Варзоб барои қаллобӣ ба маблағи махсусан бузург бар асоси қисми чоруми моддаи 247 ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз 1460 то 2190 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда баробари 64 сомонӣ) ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 8 то 12сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то 5 сол ё бидуни он таҳдид мекунад. Вале таҷрибаи додгоҳҳои Тоҷикистон нишон медиҳад, ки аксари мансабдорони бо пора ба даст афтода бо пардохти ҷарима аз ҷавобгарӣ халос мешаванд.

Дар шароити Тоҷикистон, ки шумораи аҳолиаш рӯз то рӯз меафзояд ва тайи 30 соли истиқлоли ҷумҳурӣ қариб дуюним маротиба афзуда, аз 5,5 миллион нафари соли 1991 то баа 10 миллион нафар расидааст,  фурӯши қитъаҳои замин барои сохтани хонаи истиқоматӣ ваё иншооти тиҷоратӣ  ба яке аз риштаҳои аз ҳама фасодзада ва ба манбаи асосии даромади мансабдорони қалбдасти ҷамоатҳо ва кумитаҳои замин табдил ёфтааст. Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезияи Тоҷикистон Ориф Хоҷазода низ дар як нишасти и хабариаш эътироф карда буд, ки “замин имрӯз дар Тоҷикистон мавзӯи баҳси рақами 1 шудааст.”

Ҳар сол садҳо мансабдорро дар Тоҷикистон бо иттиҳоми фурӯши ғайриқонунии қитъаҳои замин ва гирифтани пора барои ин дастгир мекунанд. Вале дар аксари мавридҳои ин пораҳои порахӯрӣ бо моддаи ҷазояш сабуктари 247 ҳамчун қаллобӣ ҷамъу баст мешаванд ва мансабдорони бо пора ба даст афтода, бо ягон ҷазои рамзӣ, аксаран бо пардохти ҷарима аз ҷавобгарӣ халос мешаванд.

Дар гузоришҳои созмонҳои байналмилалӣ Тоҷикистон дар радифи 30 кишвари аз ҳама фасодзадаи дунё ном бурда мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button