ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

МАРГИ КӮДАКИ ПАНҶСОЛА ДАР ЯК САДАМА ДАР ШАҲРИСТОН

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 27-уми августи соли 2022, тахминан соати 11:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хендай-Аванта», Раҳимов Даврон Зиёдуллоевич, соли таваллудаш 1992, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ», дар ҳудуди деҳаи Ваҳдати ноҳияи Шаҳристон аз уҳдаи идора воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ Ҷӯразода Суннат Салоҳиддинӣ, соли таваллудаш 2017, сокини ноҳияи Шаҳристонро пахш намудааст. Дар натиҷа, ноболиғ Ҷуразода С.С. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин маълумоти ВКД, ки рӯзи 19 июл нашр шуд, дар 6 моҳи аввали соли 2022 дар Тоҷикистон 482 садама рӯй дода, дар ин садамаҳо 180 нафар ба ҳалокат расида ва 509 нафар ҷароҳат бардоштаанд. 

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button