ВидеоМуҳоҷирон

ФОҶИА БОЛОИ ФОҶИА: СЕ МУҲОҶИРИ ДИГАРИ ТОҶИК ДАР ВИЛОЯТИ САМАРА ҶОН БОХТАНД

Субҳи 29 августи соли 2022, соати 07:30, дар ҳудуди ноҳияи Сизрани вилояти Самараи русия дар километри 925-уми шоҳроҳи М5 “Урал” дар натиҷаи ба як фураи тамғаи “MAN” бо қариб 20 тонна орд бархӯрдани мошини сабукрави тамғаи “Киа-Рио” се мусофири мошини сабукрав ҷон бохта, ронанда ва як мусофири дигарашро бюо ҷароҳатҳои вазнин бистарӣ кардаанд.

Ба гуфтаи кормандони пулис, ронандаи “Киа” ба сабабҳои ҳанӯз номаълум ба самти муқобили роҳ баромада, ба фураи пур аз орд бархӯрдааст. Зарба чунон сахт буд, ки се мусофири “Киа”, солҳои таваллуди дуяш 2002 ва якеи дигар 1997, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, ронандаи мошин, соли таваллудаш 1985 ва як мусофири дигари ӯ, соли таваллудаш 2002 ба бемористон интиқол дода шудаанд ва ҳоло дар реаниматсия дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Ронанда ва 4 мусофири ӯ дар шаҳри Долгопруднийи вилояти Маскав сабти номи муваққат дошта, ронандаи фура аз вилояти Самара будааст.

Ҳомии ҳуқуқ Каримҷон Ёров дар Фейсбук хабар дод, ки қурбониёни ин садама дар ноҳияи Сизран ҳама аз Тоҷикистонанд. Ӯ номи 4 нафари онҳоро нашр кард:

  1. Очилдиев Холбой Файзуллоевич (2002), ноҳияи Носири Хусрав,
  2. Шукуров Садирдин Ёрибекович (1977), ноҳияи Шаҳритӯс,
  3. Зиёдалиев Аббосҷон Мақсудович (2002), ноҳияи Носири Хусрав,
  4. Сангаков Садурдин Наҷмудинович (2002), ноҳияи Рашт.

Чунин ба назар мерасад, ки онҳо барои аз марзи Қазоқистон гузаштану сипас боз ба Русия баргаштан аз вилояти Маскав ба самти Самара мерафтанд.

Ёдовар мешавем, дар чанд соати ахир ин алакай дуюмин садамаи пурқурбонии муҳоҷирони тоҷик дар Русия аст. Тавре қаблан хабар додем, шоми 28 августи соли 2022, соати 20:11,  бар асари ба фураи тамғаи “Мэн” бархӯрдани мошини сабукрави тамғаи Chevrolet Lano дар дохили базаи меваю сабзавоти маъруф бо номи “Софийская овощебаза” дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия се ҷавони тоҷик ба ҳалокат расида, дуи дигарро дар ҳолати вазнин ба бемористон бурданд.

Ба идораи “Бомдод” муяссар шуд, ки исми ҳалокшудагонро муайян кунад. Ҳамаи онҳо зодагони деҳаи Зарнисор (собиқ Янгӣ-Ариқ) ҷамоати Ғазантараки ноҳияи Деваштич (собиқ Ғончӣ) буда, дар яке аз дӯконҳои базаи Софийская ба ҳайси ҳаммол (грузчик) кор мекарданд.

Исми ҳалокшудагонро нашр мекунем:

1.Худойбердиев Сарвар, соли таваллудаш 1998.

2. Ҳазратқулов Фаррух, соли таваллудаш 2001.

3. Холматов Хушнуд, соли таваллудаш 2002.

Дар базаи меваву сабзавоти Софийская дар Петербург садҳо тан аз зодагони  минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон кор мекунанд. Ҳоло ҷамъияти тоҷикони Петербург масъалаи ба Ватан фиристодани ҷанозаҳои қурбониёни садамаро баррасӣ карда истодааст.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар Русия даҳҳо муҳоҷири тоҷик ҷон медиҳанд. Дар умум, ҳар сол аз Русия ба Тоҷикистон то 1000 мурдаи муҳоҷирони тоҷикро меоранд. Ин омори талх соли ҷорӣ низ идома ёфт ва дар нимаи аввали соли 2022 аз хориҷа, асосан аз Русия, ба Тоҷикистон алакай ҷанозаҳои 486 шаҳрванди дар мусофират фавтидаи ин кишварро оварданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button