ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДУ САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ВОСЕЪ ВА КИЛОМЕТРИ 300-УМИ РОҲИ ДУШАНБЕ – ЧАНОҚ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон  хабар дод, ки рӯзҳои 8 ва 9 август дар ду садамаи нақлиётӣ дар роҳҳои ин ҷумҳурӣ ду нафар, аз ҷумла як зан ба ҳалокат расида, дастикам се нафари дигар, аз ҷумла як духтарчаи 12-сола ҷароҳат бардоштаанд.

Аз ҷумла шоми 8-уми августи соли 2022, тахминан соати 20:00, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Вектра”, Назаров Алихон Талбиевич, соли таваллудаш 1967, сокини ноҳияи Балҷувон, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди “Восеъ-Ховалинг”, дар ҳудуди деҳаи Пушёни миёнаи ноҳияи Восеъ, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канори роҳ мошинро чаппа намудааст.
Дар натиҷа, ронанда Назаров А.Т. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Мусофири ин мошин Қурбонов Абдувалӣ Ғаффорович, соли таваллудаш 1965, сокини ноҳияи Балҷувон, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Ҳамчунин 9-уми августи соли 2022, тахминан соати 14:40, ронандаи мошини тамғаи «Тойота Прадо», Ҳасанзода Сиёвуш, соли таваллудаш 2000, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ», дар километри 300-ум бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба мошини тамғаи «Мерседес-Бенс», таҳти идораи Абдуллоев Рӯзимаҳмад Абдуллоевич, соли таваллудаш 1980, сокини ноҳияи Мастчоҳ бархӯрда, аз роҳ баромада, ба мошини тамғаи «Тойота РАВ-4», таҳти идораи Розиқов Маҳмадраҷаб Ғозиевич, соли таваллудаш 1975, сокини ноҳияи Мастчоҳ, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири мошини тамғаи «Тойота Прадо», Ҳабибуллоева Бунафша Саидаҳмадовна, соли таваллудаш 1981, сокини ш.Душанбе ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ронандаи мошини мазкур Ҳасанзода С. ва мусофираш ноболиғ, Ҳасанзода Манижа, соли таваллудаш 2010, сокини пойтахт, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин маълумоти ВКД, ки рӯзи 19 июл нашр шуд, дар 6 моҳи аввали соли 2022 дар Тоҷикистон 482 садама рӯй дода, дар ин садамаҳо 180 нафар ба ҳалокат расида ва 509 нафар ҷароҳат бардоштаанд. 

Парвиз ТВ як сабти видеоиро аз маҳалли садамаи “Тойота Прадо” нашр кардааст:

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button