ВидеоРӯйдодҳои БадахшонТоҷикистон

БОЗ ЯК СОКИНИ ХОРУҒ БАРОИ КУШТОРИ ГЕНЕРАЛ НАЗАРОВ БА ҲАБСИ УМРБОД МАҲКУМ ШУД

Телеграм-канал Pamirdailynews, ки рӯйдодҳои  марбут ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро пайгирӣ мекунад, рӯзи 7 августи соли 2022 бо такя ба манобеи худ дар Хоруғ хабар дод, ки сокини маҳаллаи “Бизмич” Аслан Гулобов низ ба ҳабси умрбод маҳкум шудааст. Мақомот дар ин бора то ҳол расман чизе нагуфтаанд, вале бино ба итт илои манобеи Pamirdailynews,  додгоҳ Асланро Гулобовро ҳам дар иштирок дар куштори генерали амният Абдулло Назаров дар тобистони соли 2012 гунаҳкор шинохтааст.

Ин расона ҳамчунин хабар дод, ки сокини маҳаллаи “Хлебзавод” Собир Акбаршоев бар асоси қисми дуюми моддаи 307 барои ташкили созмони ифротӣ ба 10 соли зиндон маҳум шуда, сокини дигари маҳаллаи “Бизмич” Азим Гулобов ба 18 соли зиндон маҳкум гардидааст. Ба гуфтаи манобеи Pamirdailynews,  додгоҳ  Азим Гулобовро дар узвият дар созмони муташаккилонаи ҷиноӣ ва қочоқи миқдори бузурги маводи мухаддир гунаҳкор шинохтааст. Худи Азим Гулобов дар додгоҳ ин иттиҳомотро ба гардан нагирифтааст.

Ӯ бародари хурдии Ниёзшо Гулобов, яке аз лидерҳоти ғайрирасмии Хоруғ аст. Ниёзшо Гулобов рӯзи 12 июн дар чорчӯби амалиёти зидди лидерҳои ғайрирасмии Бадахшон дастгир шуда буд.

Ёдовар мешавем, рӯзи 5 август додгоҳи вилоятӣ бо айни иттиҳоми иштирок дар қатли сардори вақти раёсати вилоятии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ генерал Абдулло Назаров ҳамчунин Ғуломалӣ Абдураҳмонов, писари калонии Толиб Аёмбеков, яке аз лидерҳои ғайрирасмии ин вилояти мухтори воқеъ дар шарқи Тоҷикистонро ба ҳабси умрбод маҳкум кард. Додгоҳ ин сокини 33-солаи Хоруғро бар асоси 5 моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, аз ҷумла авбошӣ, нигоҳ доштани силоҳ, қочоқи сангҳои қиматбаҳо ва ҳам дар қатли Абдулло Назаров дар соли 2012 гунаҳкор шинохтааст. Ҳасаналӣ Абдураҳмонов, писари дуюми Толиб Аёмбеков низ ба 12 соли зиндон маҳкум гардид. Ҳасаналӣ Абдураҳмонови 25-сола ба авбошӣ, ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳ, ҳамчунин ба узвият дар гуруҳи ҷиноятӣ гунаҳкор шинохта шудааст.

Бо ҷурми даст доштан дар қатли генерал Абдулло Назаров маҳкум ба ҳабси умрбод шудани Аслан Гулобов ва Ғуломалӣ Абдураҳмонов дар ҳолест, ки ҳанӯз 10 сол пеш бо ҷурми иштироки бевосита дар қатли ин генерал Оқил Аёмбеков, бародари хурдии Толиб Аёмбеков, ва Ҳамза Муродов, ронандаи ӯ мутаносибат ба 17 ва 16 соли зиндон маҳкум шуда буданд.

Мақомоти Тоҷикистон моҳи майи соли 2022 мавҷи нави эътирозҳо дар Бадахшонро бо истифода аз нирӯ ва силоҳ саркӯб карданд. Ба ҳисоби Созмони Милал, дар ҷараёни саркӯби эътирозҳо дар шарқи Тоҷикистон беш аз 40 кас кушта шуд. Дар ҷараёни саркӯби эътирозҳо ва амалиётҳои баъдӣ ба зидди лидерҳои ғайрирасмии минтақа дар худи Бадахшон ва берун аз он ҳудуди 200 тан аз зодагони ин вилоят дастгир шуданд.

Ҳоло мурофиаҳои додгоҳии парвандаҳои марбут ба ҳаводиси Бадахшон шурӯъ шудааст. Ахиран Музаффар Давлатмиров, халифаи маҳаллаи Тирчиди шаҳри Хоруғ ба 5 соли зиндон маҳкум шуд. Ӯ нафаре буд, ки маросими дафн ва мотами лидерҳои ғайрирасмии кушташудаи Бадахшон Мамадбоқир Мамадбоқиров, Хурсанд Мазоров ва Зоир Раҷабовро гузаронда буд.

Рӯзи 3 август дар боздоштгоҳи №1 дар Душанбе мурофиаи парвандаи пурсарусадои генерал Холбаш Холбашев ва ҳудуди 70 нафари дигаре, ки дар “парвандаи Рӯшон” мегузаранд, оғоз ёфт. Интизор меравад, ки онҳо низ ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум хоҳанд шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button