ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ҲИСОР ВА БОЗДОШТИ ЯК НАВРАС БАРОИ ДУЗДИИ ҶАВОҲИРОТ

Субҳи 31 июл, соати 08:00, бар асари ба каназли обгузар чаппа шудани як мошини “Опел” дар кӯчаи Синои шаҳри Ҳисор  ронандаи 22-солаи ин мошин дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

ххххххххххххххххх

Ноболиғи 15-сола аз Ёвон ба он гумонбар мешавад, ки моҳи июн аз хонаи зани 50-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ дуздидааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи1 августи маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ронандаи ҷавон бар асари садама ба ҳалокат расид

008

31-уми июли соли 2022, тахминан соати 08:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Негматов Шаҳром Негматович, соли таваллудаш 2000, сокини шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Синои шаҳри мазкур, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канали обгузар чаппа шудааст.
Мутаассифона, дар натиҷаи чунин ҳодисаи нохуш ронанда Негматов Ш.Н. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Дастгир шудани ноболиғи 15-сола бо ҷурми дуздӣ

74a44dcac53dc9d507d7c9d549fbebb0

Ба ШВКД дар ноҳияи Кӯшониён бо ариза зани 50-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи июни соли 2022, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматиаш шуда аз онҷо ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 20 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 15-солаи сокини ноҳияи Ёвон ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button