Муҳоҷирон

ЯК СОКИНИ ПЕТЕРБУРГ БАРОИ БАДАХЛОҚИИ ҶИНСӢ НИСБАТ БА ЯК КӮДАКИ ТОҶИК ДАСТГИР ШУД

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Санкт-Петербурги Русия як сокини 37-солаи маҳаллиро бо ҷурми ҳаракатҳои бадахлоқонаи ҷинсӣ нисбат ба як писари 12-сола аз оилаи муҳоҷирони тоҷик дастгир шудааст. Ба пулис падари ин кӯдак муроҷиат кардааст.

Бино ба иттилои сомонаи маҳаллии Neva.Today, ҳодиса рӯзи шанбе, 16 июл, тақрибан соати ҳашти шом рӯй додааст. Як хонандаи синфи 5, ки аз Тоҷикистон ба Петербург омадааст, дар майдони футболи мактаби воқеъ дар гузаргоҳи Предпортовий дар ҳудуди ноҳияи Маскави Петербург футбол бозӣ мекард. Дар ин ҳангом ба назди ӯ як марди ношинос омада, нисбат ба кӯдак ҳаракатҳои бадахлоқонаи ҷинсӣ анҷом додааст. Ин марди бадахлоқ аз ҷумла либосашро аз танаш кашида, олати ҷинсии худро ба кӯдак нишон додааст.

Кӯдак тарсида, аз он ҷо гурехтааст ва ҳодисаро ба падараш хабар додааст. Падари ӯ ба пулис муроқиат кард ва кормандони пулис бо изи гарм алакай як соат баъди ҳодиса он марди бадахлоқро дар назди бинои №6 дар гузаргоҳи 5-уми Предпортовий дастгир кардаанд.

Ҳоло гумонбаршаванда дар тавқифгоҳ  ИВС) қарор дошта, бар асоси қисми дуюми моддаи 135 Кодекси ҷиноятии Русия ба ҳаракатҳои бадахлоқона нисбат ба кӯдакони аз 12 то 14-сола гумонбар мешавад. Ба ӯ бар асоси ин банди қонун ҳамчун ҷазо аз 3 то 8 соли зиндон таҳдид мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button