ВидеоКоррупсияМинтақа ва ҷаҳон

БОЗДОШТИ ЯК ЗАН БАРОИ ҚОЧОҚИ 90 ҲАЗОР ДОЛЛАР АЗ ӮЗБЕКИСТОН БА ТОҶИКИСТОН

Маркази матбуоти Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон  рӯзи 18 июли соли 2022 дар Телеграм-канали ин ниҳод хабар дод, ки кормандони амнияту боҷхона (гумрук) дар посгоҳи “Фарҳод” дар марзи Ӯзбекистон бо Тоҷикистон сокини шаҳри Беководи вилояти Тошканд Ш.М., соли таваллудаш 1979-ро дастгир кардаанд.

Ҳангоми тафтишт маълум шудааст, ки ин зан 20 ҳазор доллари нақдро дар пойафзолаш пинҳон карда, мехост ба таври қочоқӣ, бидуни эъломияи гумрукӣ  ин маблағи бузурги асъори амрикоиро ба Тоҷикистон гузаронад.

Дар ҷараёни тафтиши аввалия маълум шудааст, ки ин зан қаблан ҳам барои қочоқи ғайриқонунии асъори нақд ба Тоҷикистон дастгир шуда буд. Дафъаи қаблӣ ӯ дар даруни либоси танаш 70 ҳазор долларро пинҳон карда буд.

Бино ба фарзияи мақомоти Ӯзбекистон, ин пулҳо  дар асл ба як сокини Тоҷикистон тааллуқ доранд ва ин зан дар ивази ҳаққи муайян танҳо вазифаи қосид, яъне курерро иҷро мекард.

Ба зидди ӯ бар асоси моддаи 182 Кодекси ҷиноятии Ӯзбекистон бо иттиҳоми вайрон кардани қонунҳои боҷхона (гумрук) парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.

Дар як моҳи охир алакай се зан аз Ӯзбекистон дар марз бо Тоҷикистон бо иттиҳоми кӯшиши қочоқи маблағҳои бузурги асъори хориҷӣ ба Тоҷикистон дастгир мешаванд.

Аз ҷумла Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон рӯзи 14 июн хабар дода буд, ки кормандонаш дар вилояти Тошканд ҳамроҳ бо кормандони гумруку марзбонӣ ду занеро дастгир карданд, ки мехостанд бо роҳи қочоқ аз тариқи гузаргоҳи осонгузари “Казарма” дар марзи Бекобод бо вилояти Суғд маблағи бузурги асъори хориҷиро ба Тоҷикистон баранд.

Хадамоти давлатии амнияти Ӯзбекистон видеои лаҳзаи боздошти ин ду зан ва мусодираи маблағи бузурги асъори хориҷиро низ нашр кард.

Дар гузориш гуфта мешуд: “Ҳангоми кофтукоби шахсӣ аз зани 42-солаи сокини шаҳри Бекобод 1666 ҳазор доллари Амрико ва аз шарики 28-солаи ӯ 190 ҳазор доллар ёфта шуд. Дар умум ҳамчун далели шайъӣ аз ин ду нафар 356 ҳазор доллар пули нақд гирифта шудааст. Маълум шуд, ки онҳо бо хоҳиши як шаҳрванди Тоҷикистон бо номи Маҳмуд аз нафарони ношинос дар шаҳри Бекобод ин маблағи бузурги асъори хориҷиро гирифта, дар даруни либос пинҳон кардаанд ва дар ивази ҳаққи муайян кӯшиш карданд, ки ин ҳама пулро ба Тоҷикистон баранд.”

Дар робита ба ин ҳодиса низ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд ва мақомоти амниятии Ӯзбекистон талош доштанд, то шахсияти соҳибони аслии ин маблағи бузурги асъори хориҷии нақдро муайян кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button