ДАР ТОҶИКИСТОН БАРОИ ПАҲН КАРДАНИ ХАБАРУ ВИДЕОҲОИ “ОБЛАВА” ҶАЗО ҶОРӢ МЕКУНАНД?
Вазорати мудофиаи Тоҷикистон гуфт, “бо мақсади пешгирӣ аз паҳн кардани ҳар гуна маълумоти бардурӯғ ва носаҳеҳ тавассути воситаҳои ахбори омма, интернет ё шабакаҳои дигари алоқаи барқӣ оид ба шарту шароити хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё оид ба раванди баргузории маъракаҳои даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, инчунин дигар ахбороту овозаҳои бардурўғу бофташудае, ки боиси коста гардидани шаъну шарафи Артиши миллӣ ва хизматчиёни ҳарбии он мегардад”, ин вазоратбо мақсади “коҳиш додани шиддати бадномшавии Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ” маҷмӯи тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва пешниҳод кардааст. Ин тағйирот барои паҳн кардани чунин маълумот ҷазоҳои маъмуриро ҷорӣ мекунад. Дар ин бора рӯзи 12 июли соли 2022 бо истинод ба вазорати мудофиа хабаргузории давлатии “Ховар” хабар дод.
Фаъолон аз он дар ташвишанд, ки мақомот баъди қабул шудани ин иловаҳо метавонанд барои нашри видеоҳо дар бораи “облава” муаллифонро ба ҷавобгарӣ бикашонанд.
Пешниҳоди ҷорӣ кардани ҷазо барои “маълумоти бардурӯғ” дар бораи қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар ҳолест, ки дар Русия баъди оғози ҷангаш ба зидди Украина барои паҳгн кардани чунин маълумот ҷазоҳои хеле сангин, ҳатто ҳукми зиндон ҷорӣ кардаанд ва алакай даҳҳо нафар барои чунин аъмол, аз ҷумла ҳатто барои ҷанг номидани амалиёти ҳарбии артиши Русия дар Украина муҷозот ва ҳатто маҳкум ба зиндон шудаанд.
Вазорати мудофиаи Тоҷикистон низ эътироф кардааст, ки дар пайи “омӯзиши таҷрибаи дигар кишварҳо” ба таҳияи ин иловаҳо ба Кодекс иқдом кардааст.
“Омӯзиши таҷрибаи дигар кишварҳо нишон медиҳад, ки паҳн кардани маълумоти бардурӯғи дорои аҳамияти иҷтимоӣ ва оммавӣ, аз ҷумла дар бораи ҳолатҳое, ки ба ҳаёт ва бехатарии одамон таҳдид мекунанд, боиси оқибатҳои вазнин гардида, чунин кирдор дар қонунгузории онҳо акнун ҷиноят ҳисобида мешавад”, — гуфтаанд дар вазорати мудофиа.
Вазорати мудофиаи Тоҷикистон барои шароити бади хидмати сарбозон ва ҳамчунин барои истифодаи усули “облава” барои таъмини даъвати ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ ҳамеша зери оташи интиқодҳои шадид қарор дошт ва, ба гуфтаи фаъолон, тавре ба назар мерасад, ҳоло мехоҳад ба ҷои ислоҳи камбудиҳо бо роҳи фишору ҷазо пеши роҳи ин танқидҳоро бубандад.
Вале “Ховар” таъкид кардааст, ки “афзоиши шумораи хабарҳои бардурӯғи паҳншуда дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби баъзе кормандони ВАО ва дигар ашхоси дорои мақсаду нақшаҳои ғаразнок, ҷустуҷӯйи роҳҳои нави мубориза бо чунин маълумоти бардурӯғ, аз ҷумла ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақозо менамояд”.
Ба ақидаи хабаргузории давлатӣ, “торафт паҳн шудани ҳар гуна иттилооти бардурўғ дар миёни ҷомеа эътимоду боварӣ ва тарафдории мардумро нисбат ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон заиф намуда, ба қадру манзалат ва иқтидори мудофиавии кишвар таъсири манфӣ мерасонад”. Вале, мефзояд “Ховар”, “бо назардошти сиёсати инсондўстонаи Ҳукумати ҶТ, лоиҳаи Қонуни мазкур ҷиҳати коҳиш додани шиддати бадномшавии Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ, дар марҳилаи кунунӣ танҳо ҷорӣ кардани ҷарима ё ҳабси маъмуриро барои вайронкунандагони он пешбинӣ менамояд”.
Вазорати мудофиа низ гуфтааст, аз қабули иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ, ҳаматарафа пуштибонӣ меунад, чунки ин тағйирот, ба ақидаи вазорат, “дар масъалаи коҳиш додани шиддати бадномшавии Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ мусоидат мекунад”.