ВидеоДин ва боварҳоҲуқуқи инсон

2 НАМУД ТАОМ ДОД… ЗАРДАКШОЕВРО БАРОИ ТӮЙИ ДОМОДИИ ПИСАРАШ БА ҶАВОБГАРӢ КАШИДААНД

Додгоҳи шаҳри Ваҳдат Идибек Зардакшоев, сокини деҳаи Сарчинори поёни ҷамоати Симиганҷро  барои вайрон кардани қонуни танзими расму ойин ҳангоми баргузории тӯйи домодии фарзандаш  ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидааст.  Маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон – ношири ин хабар –  чӣ ҷазо гирифтани Зардакшоевро мушаххас накардааст. Вале қисми якуми моддаи 481 барои вайрон кардани қонуни танзим ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи 110 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне ба маблағи 7040 сомониро пешбинӣ мекунад.

Додситонии кул дар шарҳи ин парванда гуфт: “Шаҳрванд Зардакшоев Идибек Амирхонович, сокини шаҳри Вахдат, ҷамоати деҳоти Симиганҷ, деҳаи Сарчинори поён, тибқи тавсияномаи бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Вахдат, мебоист тӯйи домодии писарашро дар санаи 15.01.2022 сол аз соати 09:00 то соати 12:00 баргузор мекард. Аммо, муайян карда шудааст, ки шаҳрванд Зардакшоев И.А., бархилофи талаботи моддаи 14 қисми 3-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» амал намуда, санаи 15.01.2022 сол дар хонаи истиқоматиаш, воқеъ дар суроғаи болозикршуда тӯйи домодии писарашро дар вақти муқарраршуда оғоз намуда, муҳлати давомнокии маросимашро аз вақти муайян карда шуда гузаронида, тӯйро бо иштироки овозхонҳо ва бо додани 2 намуд таом баргузор намудааст.”

Қонуни танзими расму ойин, ки соли 2007 дар Тоҷикистон қабул карда шуда, соли 2017 талаботи он боз ҳам шадидтар карда шуд, аз ҷумлаи қонунҳои баҳсбарангез дар ин кишвар ба шумор меравад. Мақомот мегӯянд, қонуни танзим имкон дод, ки аҳолӣ хароҷоти беҳударо барои маъракаҳои тӯю худоӣ кам карда, пасандози худро барои корҳои муҳимтаре, чун сохтани хона, таъмини пули таҳсили фарзандон сарф кунанд.

Аммо ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, қонуни танзим барои дасти дарози дахолати давлат дар ҳарими ҳаёти  хусусии мардум шароит фароҳам овард ва бархе бандҳои он, ба мисли манъи даъвати дӯстон ба ҷашни зодрӯз ё маҳдуд кардани шумораи меҳмонону бо мақомот мувофиқа кардани таъомномаи тӯю маъракаҳо, дар замони муосир аз як тараф, хандаовар менамоянд ва аз тарафи дигар, нақзи рӯирости ҳуқуқи инсонии сокинон ба шумор меравад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button