ВидеоНомаҳо ба президентҲуқуқи инсон

БА ЗИДДИ ДАЛЕРИ ИМОМАЛӢ ВА АБДУЛЛОҲ ҒУРБАТӢ ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ КУШОДААНД (ВИДЕО)

Адвокат Абдураҳмон Шарипов хабар дод, ки ба зидди ду журналист ва блогери шинохтаи тоҷик Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз кардаанд ва ҳарду дар тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатӣ (ИВС)-и Душанбе нигоҳ дошта мешаванд. Ба гуфтаи адвокат, ба зидди  Далери Имомалӣ бар асоси моддаҳои 259, қисми 1 ва 346, қисми 2, банди “а”-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳомоти “фаъолияти соҳибкории ғайриқонунӣ” ва “дидаву дониста додани хабари бардурӯғ оиди содир шудани ҷиноят” парванда боз шуда, ба зидди Абдуллоҳ Ғурбатӣ бар асоси моддаи моддаи 328, қисми 1 бо иттиҳоми “истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият” парванда кушодаанд.

Далери Имомалӣ субҳи 15 июн, дар ноҳияи Айнӣ дастгир карда шуда, ба додситонии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе оварда шуд. Абдуллоҳ Ғурбатиро нимаи дуюми рӯзи 15 июн ба инҷо даъват карданд ва баъди соате ӯро низ ба ҳабс гирифтанд.

Абдураҳмон Шарипов дар суҳбат бо Радиои Озодӣ хабар дод, ки Далери Имомалӣ дар бозпурсӣ гуфтааст, он навори баҳсбарангезро баъди пушаймонӣ тоза карда буд. Дар масъалаи соҳибкории ғайриқонунӣ Далери Имомалӣ гуфтааст,  ки ӯ узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аст ва як соли ахир ба фаъолияти блогерӣ ҳам машғул буд.

Вакили дифоъ Абдураҳмон Шарипов гуфт, Далери Имомалӣ тасдиқ кардааст ки давоми як соли ахир ҳарчанд кам, аммо аз фаъолияти блогериаш фоида гирифтааст. Далер гуфтааст, ӯ намедонист, ки барои ин фаъолияташ бояд андоз супорад.

Вакили дифоъ афзуд, Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар вақти бозпурсӣ иттиҳоми алайҳаш эълоншударо рад кардааст. Ғурбатӣ гуфтааст, ягон ният ва мақсади муноқиша бо кормандони милисаро надошт.

Вакили дифоъ аз қавли Абдулло Ғурбатӣ гуфт, “маро баъди бозпурсӣ аз бинои ШВКД Шоҳмансур-1 ҷавоб доданд. Дар вақти аз ҳавлии ШВКД баромадан дар назди постгоҳ корманди милиса пеши роҳамро гирифт ва маро дубора баъди пулис дароварданд ва эълон карданд ки ман гӯё корманди милисаро зада бошам.”

Рӯзи 4 июн низ Далери Имомалиро барои “суҳбати кӯтоҳ” ба додситонии ноҳияи Шоҳмансур оварда, 5 соат бо як шакли хушунатомез бозпурсӣ карда буданд. Далери Имомалӣ баъди раҳо ёфтанаш нақл кард, ки дар ҷараёни бозпурсӣ ӯро чанд мушту шаппотӣ ҳам задаанд ва водор кардаанд, то ду видеояш дар бора чаппа кардани хонаҳои мардум дар ноҳияи Шоҳмансурро аз каналаш дар Ютуб кӯр кунад.

Ба дунбол, сарусадоҳое хест, ки он прокурори муштзӯр домоди як роҳбари пурнуфузи ҷумҳурӣ будааст, вале то ҳол касе исми ӯро нашр накардааст.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, додситони ноҳияи Шоҳмансур Парвиз Ашӯриён, санаи таваллудаш 5 январи соли 1984, дар ҳақиқат писари вазири адлияи Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён ва домоди раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён мебошад. Вале дақиқ нест, ки оё Далери Имомалиро рӯзи 4 июн ӯ зада буд ё ягон корманди дигари додситонии Шоҳмансур?

Дар пайи он ҳодиса як гуруҳи нашрияҳо ва созмонҳои журналистии Тоҷикистон низ бархӯрди хушунатомез нисбат ба Далери Имомалиро маҳкум карданд ва аз мақомот хостанд, ки таъқиби журналистонро бас карда, гунаҳкорони боздошту латтукӯби Далери Имомалиро ҷазо диҳанд.

Шӯрои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон низ дар як муроҷиатнома аз раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ хост, он кормандони мақомоти интизомии ноҳияи Шоҳмансурро, ки дар боздошт ва латтукӯби блогер ва журналисти шинохта Далери Имомалӣ даст доранд, ошкор карда, онҳоро ба ҷавобгарӣ бикашонад.

Далери Имомалӣ дар чанд моҳи охир бо силсилаи видеоҳояш дар мавзӯъҳои доғи ҷомиаи Тоҷикистон сарусадои зиёде ба по кард ва дар як муддати кӯтоҳ шумораи обуначиёни канали Далери Имомалӣ дар Ютуб қариб ба 150 ҳазор нафар расидааст. Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар таҳияи гузоришҳои видеоӣ ба Далери Имомалӣ кумак мекард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button