ВидеоДин ва боварҳоҶомеа

МАРГИ ФОҶИАВИИ ДУ КӮДАК ДАР РӮЗИ ИДИ ФИТР

Ду рӯйдоди рӯзи ид дар обҳои кишвар, ки фоҷеа ба дунбол дошт. Се кӯдак дар об ғарқ шуд, якеро наҷот доданд, дуи дигар ба ҳалокат расиданд. Онҳо дар соҳил бе назорати волидон ва шахсони калонсол қарор доштанд. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод.

Бино ба иттилои ин ниҳод, рӯзи 2 майи соли 2022 соати 10:25 дақиқаи вақти маҳаллӣ ба қисми навбатдории Раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Хатлон хабар расид, ки писарбачаи 10-солаи сокини шаҳри Бохтар ҳангоме, ки мехост аз дарёи Вахш об нӯшад, мувозинати худро нигоҳ дошта натавониста, ба дарё сарозер шудааст. Ҷараёни пуртуғёни об басо башиддат ҷасади ӯро аз назарҳо пинҳон кардааст.

Дастаи ғаввосони Раёсат ба ҷойи ҳодиса расиданд ва ҳамроҳ бо аҳолии маҳал то фаро расидани3 май ҷустуҷӯи ҷасади писарак аз сар гирифта шудааст.

Ҳодисаи дуюм дар қаламрави шаҳри Ҳисор рух дод. Боз ҳам 2-уми майи соли равон ду бародар, сокинони ҷамоати Сомони шаҳри Ҳисор, ки яке 7 ва дуюмӣ 6-сола буданд, барои таҷлили иди Фитр ба ҳавлии бобояшон ба деҳаи Деҳқонободи ҷамоати Деҳқонобод рафтанд.

Ҳангоми гаштугузору идгардак ин бародарон хостаанд аз болои як қубуре, ки ду соҳили канали калони Ҳисорро ба ҳам васл мекард,  убур кунанд. Вале ҳарду ҳам натавонистанд мувозинати худро нигоҳ доранд ва ба оби канал уфтоданд.

Сокини деҳа Сайид Беков инро дида, хеле ба зудӣ худро ба об ҳаво дод, то писаракони ғарқшударо наҷот диҳад. Мутаассифона, вай танҳо яке аз онҳо, писари 7-соларо наҷот дод ва додари шашсолаи вайро маҷро бо худ бурд. 

Ба ҷойи ҳодиса дастаи имдодгарони Раёсати Кумита расиданд ва то торикӣ ҷасади писарбачаро ҷустанд. Аммо натиҷа надод. Сар аз субҳи и3 май корҳои ҷустуҷӯӣ дубора оғоз шудаанд. 

Сокинони маҳаллаи Болои канали шаҳри Ҳисор ба “Бомдод”  хабар доданд, ки падару модару ин ду кӯдак дар Русия дар муҳоҷирати корӣ қарор дошта, онҳоро аммаашон нигоҳубин мекардааст.

 Дар робита ба ин  ҳодисаҳои нохуши ахир Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз волидон хост, фарзандони ноболиғи худро ҳаргиз беназорат нагузоранд. Ҳамеша вақти будан дар назди махзанҳои об қоидаҳои бехатариро риоя намоянд.

Оббозӣ дар маконҳои мамнуъ барои ҳама хатар доранд ва сокинон бояд инро дониста бошанд!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button