ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

МАРГИ КӮДАКИ ДУСОЛА ДАР ЯК САДАМА ДАР ДАНҒАРА

Рӯзи 17 апрел бар асари чаппа шудани мошини тамғаи “Деу-Сиэло” дар худуди ноҳияи Данғара як кӯдаки дусола ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ҷон додааст.

ххххххххххххххххххх

Сокини 39-солаи Душанбе ба он гумонбар мешавад, ки аз як сокини 69-солаи 35 ҳазор доллар гирифта, ваъда додааст, ки барояш аз бинои сохтмонаш нотамом дар кӯчаи Деҳлавии пойтахт манзил гирифта медиҳад, аммо ӯро фиреб додааст.

хххххххххххх

Сокини 60-солаи Кӯлоб ба он гумонбар мешавад, ки ҳанӯз соли 2018 аз сокини 66-солаи пойтахт  бо ваъдаи ба номи ӯ гузарондани хонааш дар ҷамоати Россия 37 ҳазор доллар гирифтааст, аммо ваъдаашро то ҳол иҷро накардааст.


Аз навори хабарҳои рӯзи 18 апрели маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ҳалокати хурдсол дар натиҷаи ҳодисаи нақлиётӣ

010

17-уми апрели соли 2022, тахминан соати 12:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Деу-Сиэло”, Ғоибов Фазллидин Сафаралиевич, соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Данғара, ҳангоми ҳаракат дар худуди ноҳияи Данғара аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канори чапи роҳ баромада, автомашинаро чаппа намудааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи мазкур, Ифтихори Фазлиддин, соли таваллудаш 2020, сокини ноҳияи мазкур ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Ба даст овардани маблағи муфт бо роҳи қаллобӣ

01

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 69-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки моҳи апрели соли 2018, марди 39-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 35 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки дар бинои сохтмонаш нотамом, воқеъ дар кӯчаи Деҳлавии пойтахт манзили истиқоматӣ гирифта медиҳад, аммо номбурда маблағи бо роҳи фиреб ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Ҳамзамон ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 66-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки моҳи апрели соли 2018, марди 60-солаи сокини шаҳри Кӯлоб, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 37 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки бар ивазаш манзили истиқоматиашро, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Россия, деҳаи Яккатути ноҳияи Рӯдакӣ ба ному насабаш мегузаронад, аммо ваъдаашро то ҳол иҷро накардааст.
Аз рўи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button