ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ШУКРИ ХУДО! УМЕДАРО БАЪДИ 6 РӮЗИ ГУМ ШУДАНАШ АЗ НОРАК ЁФТААНД

Умеда Аҳадова, як духтари 18-сола аз Душанбе, ки рӯзи 23 март бедарак шуда буд, баъди 6 рӯз аз шаҳри Норак пайдо гардидааст.  Хуршеда, хоҳари калонии Умеда ба “Азия Плюс” гуфт, Умеда ҳоло дар хона қарор дорад.

Ба гуфтаи Хуршеда, баъди нашри хабари бедарак шудани Умеда ба онҳо як нафар тамос гирифта, дар бораи дар куҷо қарор доштани хоҳарашон маълумот додааст.

«Баъди нашри хабар, занг зада, ҷояшро ба мо гуфтанд. Як духтарак дидаст ва то омадани мо нигоҳ доштааст дар хонааш. Худоро шукр, соқу саломат аст»,- мегӯяд хоҳараш.

Умедаро наздиконаш шабона ба хона оварданд ва хоҳараш мегӯяд, ҳанӯз аз ӯ напурсидаанд, ки бо кадом роҳе ба шаҳри Норак рафтааст ва тӯли ин чанд рӯз дар куҷо ба сар бурдааст? 

«Ҳоло напурсидем, чунки шабона овардем хона. Ба ҳамаи нафароне, ки дар кофтукоб кумак намуданд ва бетараф  набуданд, изҳори сипос мекунем”, мегӯяд ӯ.

Ин духтар рӯзи 23-юми март бедарак шуда буд ва наздиконаш барои пайдо намудани Умеда аз мардум кумак хоста буданд.

Хуршеда, хоҳари калониии Умеда  қаблан гуфта буд, ки хоҳараш бемории руҳӣ дорад. Ба гуфтаи Хуршеда, хоҳараш рӯзи 23-юми март, соати 10 барои партофтани партов берун баромада, дигар ба хона барнагашт. Аъзои хонавода баъди дер кардани Умеда дар ташвиш афтода, барои ҷустуҷӯяш ба берун мераванд, вале ӯро пайдо намекунанд. 

Хоҳари Умеда гуфта буд, ки ба далели бемории рӯҳӣ доштанаш, ин бори аввал нест, ки ӯ бедарак мешавад. Ӯ гуфт, Умеда як дафъаи дигар низ ҳамроҳи бародарзодаи хурдсолашон гум шуда буд, ки баъдан милитсия онҳоро аз шаҳри Ваҳдат пайдо кард. 
Аҳли хонаводаи Умеда Аҳадова ба ҳама барои кумак дар ҷустуҷӯи ӯ изҳори миннатдорӣ мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button