ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

РӮЗИ 30 МАРТ ДАР ТОҶИКИСТОН ХОКБОРИШ ВА СЕЛУ ТАРМА ПЕШБИНӢ МЕШАВАД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо такя ба маълумоти ҳавошиносон хабар дод, ки рӯзи 30 марти соли 2022 дар бархе ноҳияҳои ҷануби вилояти Хатлон хокбориш пешбинӣ мешавад.

Дар ноҳияҳои кӯҳистони тобеи марказ ва вилояти Суғд фурӯ рехтани тармаҳо пешбинӣ шуда, интизор меравад, ки дар ноҳияҳои кӯҳдомани тобеи марказ ва вилояти Хатлон сел биояд.

Дар ин робита, КҲФ аз аҳолӣ хостааст, ки то беҳтар шудани обуҳаво аз чаронидани чорво дар чарогоҳҳо ва рафтан ба моҳигирӣ ё шикор худдорӣ кунанд. Кумита аз аҳолӣ ҳамчунин хостааст, ки чораҳои бехатарии шахсиро риоя карда, аз сафар ба кӯҳистон, аз ҷумла барои ҷамъоварии занбурӯғ ва дигар гиёҳҳо худдорӣ намоянд. Аз аҳолӣ ҳамчунин хостаанд, ки ҷӯйборҳо ва селраҳаҳоро дар атрофи хонаҳои худ тоза кунанд.

Кумита ҳамчунин аз ронандагон хоҳиш кардааст, ки дар роҳҳову ағбаҳои кӯҳистон шароити обу ҳаворо ба назар бигиранд ва воситаҳои нақлиёти худро аз пеш омода кунанд. Аз ронандагон ҳамчунин хоста мешавад, ки қоидаҳои ҳаракат, ба хусус суръатро қатъан риоя кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button