ВарзишВидео

15 АКС АЗ БУЗКАШӢ ДАР ПАНҶАКЕНТ: ШОҲҶОИЗАРО ИМСОЛ НИЗ АСПИ ШОҲИЁН БА ДАСТ ОВАРД

Рӯзи 27 март ба муносибати иди Наврӯз дар мавзеи Чанор дар канори шаҳри Панҷакент бо иштироки човандозон аз саросари Тоҷикистон ва ҷумҳурии ҳамсояи Ӯзбекистон мусобиқаи бузкашӣ доир шуд. Ҷоизаи асосии ин мусобиқа автомобили тамғаи “Ласетти” буд, ки  аз номи раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода гузошта шуд. Аз номи раиси вилоят боз чанд туҳфаи дигар, телевизор, яхдону мошинаи ҷомашӯӣ низ ба човандозон тақдим гардид. Чанд нафар аз иштирокдорони бузкашӣ ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар доданд, ки шоҳҷоизаро чун ҳарвақта аспи раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён соҳиб шудааст. Худи Шоҳиён, ки ҳамзамон раиси Федератсияи пойга ва бузкашии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳаст, дар минбар ҳузур дошт ва ҷоизаҳоро ба човандозони ғолиб тақдим мекард.

Вале бисёре аз човандозон аз беадолатӣ дар ҷараёни ин бузкашӣ шикоят карданд. Онҳо мегӯянд, ронандаи мошине, ки солимро дар байн мепартофт, ба тақаллуб роҳ медод ва солимро ба дасти одамини худ медод,  токи онҳо солимро бидуни рақобат ба даст оварда, рост ба марра баранд.

Шаҳрдории Панҷакент хабар дод, ки ин мусобиқаи бузкашӣ дар ҷамоати деҳоти Чинор “Бузкашӣ” дар асоси дастури раиси влояти Суғд аз ҷониби шаҳрдории Панҷакент дар ҳамбастагӣ бо Федератсияи пойга ва бузкашӣ ташкил шуда, дар он муовини раиси вилояти Суғд Зариф Мирдадо, раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода  ва раиси Федератсияи пойга ва бузкашии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён иштирок ва суханронӣ карданд. Шаҳрдорӣ гуфт, ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ, аз ҷумла як автомобол, яхдон,телевизиору қолин, аспу шутур ва мукофотпулиҳо сарфароз гардонда шуданд.

Ба гуфтаи шаҳрдорӣ, дар Панҷакент ба рушди асппарварӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, ҳамасола ҷиҳати афзун намудани саршумори аспҳои зотӣ тадбирҳо андешида мешавад.​

Тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1 марти соли 2022 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории Панҷакент 907 сар асп парвариш карда мешуд, ки аз ин шумор 190 сар асп марбут ба хоҷагиҳои чорводорӣ ва 717 сар марбут ба аҳолӣ будааст.

Дар Панҷакент, ба гуфтаи шаҳрдориаш, Федератсияи пойга ва бузкашӣ  ба раҳбарии Раҳмонқул Каримов фаъолият дошта, аъзои он парвариши аспҳои зотии тоҷикиро ба роҳ мондаанд ва дар мусобиқаҳои шаҳриву вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ иштироки фаъолона доранд.​

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button