ВидеоДин ва боварҳоФарҳанг

ХУДО БО КИСТ?

Беҳрӯзи Забеҳулло

Дар ин бозори пуршӯри ҳавасбозон, Худо бо кист?

Ҷунуни ҷаҳл меҷӯшад аз ин майдон, Худо бо кист?

Ғиреву фитна барпо кардаанд дар сарзамини ишқ,

Набарди беамони ақл бо имон, Худо бо кист?

Яке “ДОИШ”, яке “ҷунбиш”, яке “Ансор” яке “Аҳрор”

Ҳазорон парчами сабз аст пар афшон, Худо бо кист?

Ҳама даъво, ҳама ғавғо, аҷаб сарҳои пурсавдо

Ҳама низ муддаии пайрави Қуръон, Худо бо кист?

Чи дар масҷиду майхона, чи дар маъбад ва бутхона,

Ҳама аз Ӯ сухан гӯянду аз паймон, Худо бо кист?

Яке обод месозад, яке бунёд месозад,

Яке бар мо намуда зиндагӣ зиндон, Худо бо кист?

Ҳама таҳқир, ҳама такфир, ҳама таркиш, ҳама такбир,

Мусулмоно! Мусулмон мешавад қурбон, Худо бо кист?

Кӣ мегуяд ба ин раҳгум, ҳақиқат чист, эй мардум?

Мусалмонон, мусалмонон, мусалмонон, Худо бо кист?

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button