ВидеоСиёсат

ГУРУҲИ 24” АЗ ҚАТЪИ ФАЪОЛИЯТАШ ДАР РУСИЯ ХАБАР ДОД

“Гуруҳи 24”, як ҳаракати оппозитсионии феълан дар Тоҷикистон мамнӯъ, рӯзи 14 март бо нашри як изҳорот хабар дод, ки фаъолияташро дар Русия қатъ мекунад. Русия дар асл гаҳвораи ин ҳаракати оппозитсионӣ ба шумор мерафт, чунки соҳибкори фирории тоҷик Умаралӣ Қувватов соли 2012 ин гуруҳи мухолифин ҳукумати кунунии Тоҷикистонро маҳз дар Русия таъсис дода буд.

Аммо, гуфта мешавад дар изҳороти “Гуруҳи 24”, дар чанд охир ҳукумати Русия ба “савдои пасипардагӣ” бо мақомоти Тоҷикистон шурӯъ кард ва шумори зиёде аз тарафдорони мухолифин ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандиро ба Тоҷикистон супурд, ки аксараш ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд.

Убайдулло Саидӣ, сухангӯи “Гуруҳи 24” ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфт, чанд узви ин ҳаракати оппозитсионӣ низ қурбонии  ин “савдои пасипардагӣ” байни мақомоти Русияву Тоҷикистон шуданд: “Теъдоди онҳое, ки аз Русия ба Тоҷиктстон бурданд, 6 нафар аст аз ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”. Дар ҳоли ҳозир, дар Русия ягон узви ҳаракат боқӣ намондааст. Ин тасмими манъи фаъолият дар Русия бояд дар охири соли гузашта гирифта мешуд, лекин барои баровардани аъзои ҳаракат то ин вақт монд”.

Ҳамлаи Русия ба Украинаро “Гуруҳи 24” далели дигари қатъи фаъолияташ дар Русия номидааст.

Ба фарқ аз Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон (ҲНИТ), ки баъди манъи фаъолияташ дар Тоҷикистон дар поёни соли 2015 фаъолиятҳои худро нафақат дар Тоҷикистон, балки дар тамоми кишварҳое, ки бо мақомоти амниятии Тоҷикистон ҳамкорӣ доранд, мутаваққиф сохт, “Гуруҳи 24” шояд ягона ҳаракати оппозитсияи тоҷик буд, ки сарсахтона намояндагиҳояш дар Русияро ҳифз карда, ҳатто ду соли пеш дар ин кишвар ба зидди ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон пикетҳои хурди эътирозӣ ташкил мекард.

Раҳматҷони Маҳмадҷон ва Шобудин Бадалов, ду тан аз аъзои фаъоли “Гуруҳи 24”ро, ки моҳи июни соли 2020 дар майдони Сурх дар маркази Маскав ба зидди Эмомалӣ Раҳмон эътироз карданд, дар Русия дастгир ва бидуни ягон баррасии додгоҳӣ ва риояи раванди истирдод ба мақомоти Тоҷикистон супурданд. Раҳматҷони Маҳмадҷон, бино ба иттилои дарёфтӣ, ба 20 соли зиндон маҳкум шудааст. Дар бораи чанд сол ҳукм гирифтани Бадалов иттилое нест.

Яке аз нахустин нафар аз раҳбарони “Гуруҳи 24”, ки ба чунин шеваи мармуз дар Русия дастгир ва ба Душанбе фиристода шуд, раҳбари қаноати ҷавонони ин ҳаракат Мақсуд Иброҳимов буд, ки соли 2015 дар Маскав ғайб зад ва танҳо баъди ним сол хабараш омад, ки ӯро дар Тоҷикистон ба 17 соли зиндон маҳкум кардаанд.

“Гуруҳи 24” соли 2012 аз ҷониби соҳибкор Умаралӣ Қувватов баъди фирораш аз Тоҷикистон ташкил шудааст. Дар тобистон ва тирамоҳи соли 2014 “Гуруҳи 24” дар шаҳрҳои Русия бо ҷалби муҳоҷирони тоҷик силсилаи гирдиҳамоиҳои эътирозӣ ба зидди ҳукумати Тоҷикистонро доир карда, ҳамаро ба гирдиҳамоии ниҳоӣ дар таърихи 10 октябри ҳамон сол дар майдони Дӯстӣ – майдони марказии шаҳри Душанбе даъват кард.

Ин гирдиҳамоӣ дар Душанбе доир нашуд, вале Додгоҳи олии Тоҷикистон алакай рӯзи 9 октябри соли 2014 фаъолияти “Гуруҳи 24”-ро дар кишвар манъ ва баъди чанде ин созмонро ба рӯйхати созмонҳои ифротӣ шомил кард.

Асосгузори ин ҳаракат Умаралӣ Қувватов моҳи марти соли 2015 дар шаҳри Истамбули Туркия дар натиҷаи як сӯиқасди мусаллаҳона кушта шуд.

Баъди ин шумори зиёде аз аъзо ва тарафдорони “Гуруҳи 24” боздошт ва маҳкум ба зиндон шуданд ва қисми дигар ба кишварҳои Аврупо паноҳ оварданд, Ҳоло ин созмон асосан дар Аврупо амал мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button