ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҒОРАТИ ЯК САРТАРОШХОНА ДАР ПОЙТАХТ ВА ЧАНД МАҒОЗА ДАР ЁВОН

Ду сокини пойтахт, ки қаблан яке дар Тоҷикистон ва дуюмӣ дар Русия барои дуздӣ суд шудаанд, ба он гумонбар мешаванд, ки рӯзи 10 март аз сартарошхонаи як зани 44-сола 5 роҳаткурсии сартаршоӣ, як роҳаткурсии калон, лавозимоти сартарошӣ ва ҳатто видеокамераи мушоҳидавиро дуздида, дар умум ба соҳиби сартарошхона 20 ҳазор сомонӣ зарар расондаанд.

хххххххххх

Се сокини  17 ва 18-солаи ноҳияи Ёвон, ки дуи онҳо қаблан ҳам барои дуздӣ суд шудаанд, дар 12 ҳолати дуздӣ гумонбар мешаванд. ВКД гуфт, ин се наврас шабона, дару тирезаҳои мағозаҳоро шикаста, маводи хӯрока ва пул медуздиданд, ҳамчунин аз чанд мошин пулу флешкорт ва чизҳои дигарро ба яғмо бурда, дар умум ба мардум ба маблағи беш аз 20 000 сомонӣ зарар расондаанд.

Аз навори хабарҳои рӯзи 14 марти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Дуздон дар ноҳияи Ёвон дастгир шуданд

i 1

Дар асоси аризаву муроҷиати сокинони ноҳияи Ёвон ба Шуъбаи ВКД дар ноҳияи мазкур оиди аз ҷониби шахсони номаълум дуздида шудани маводи хӯрока ва маблағҳои пулӣ аз мағозаҳо ва бо шикастани дару тирезаҳои мағозаҳо ва воситаҳои нақлиёташон аз ҷониби кормандони шуъба гурӯҳи оперативӣ-ҷустуҷӯӣ таъсис дода шуда, дар муддати кӯтоҳ се нафар аз сокинони ноҳияи мазкур, ки 17 ва 18-сола мебошанд, бо гумони тасарруфи молу мулки ғайр дастгир гардиданд.
Инҳо: Қурбоназарзода Лутфулло, Давлатов Парвиз, пеш бо моддаҳои 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд ва Рустамов Нозим мебошанд, ки чанд муддат ба дуздии молу мулки шаҳрвандон даст задаанд.
Тавре, ки дар рафти тафтишот муайян карда шуд, ин се нафар шабона, ҳангоми дар гирду атроф набудани одамон, бо шикастани дару тирезаҳои мағозаҳои хӯрокворӣ, ба онҷо ворид гардида, маводи хӯрока ва маблағҳои пулиро тасарруф менамоянд, инчунин бо ҳамин тарзу усул аз дохили воситаҳои наклиёти шаҳрвандон маблағҳои пулӣ, флешкортҳои мусиқавӣ ва ашёҳои ба худашон дастрасро ба яғмо бурдаанд, ки бо ин кирдорҳои ҷинояткоронаи худ ба шаҳрвандон зиёда аз 20 000 сомонӣ зарари ҷиддӣ расонидаанд.
Ин се нафари ҷиноятпеша дар 12 ҳолати дуздӣ гумонбар дониста шуда, нисбаташон дар шуъбачаи тафтишотии Шуъбаи ВКД ноҳияи Ёвон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Офоқ Қодириён, подполковники милитсия

Даст ба дуздӣ задани шахсони пеш судшуда

021.jpg

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза зани 44-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки 10-уми марти соли 2022 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба сартарошхонаи ба ӯ тааллуқ дошта, даромада, аз он ҷо 5-адад роҳаткурсии устогӣ, 1-адад роҳаткурсии калон, 1-адад камераи мушоҳидавӣ ва лавозимоти сартарошхонаро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 20 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ҳангоми гузаронидани чорабниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 38-солаи сокинони пойтахт, ки пеш бо моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст ва марди 46-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаи 158 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шудаанд.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button