ВидеоКоррупсия

БОЗДОШТИ РУСТАМ ВА СӮҲРОБ ҲАНГОМИ ГИРИФТАНИ ПОРА

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 14 март аз анҷоми тафтиши пешакӣ ва бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба додгоҳ супурдани парвандаи Сӯҳроб Шарипов, мудири корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” (қаблан ин идора бо номи МБТИ маъруф буд) дар ноҳияи Вахш ва шарики ӯ Рустам Сатторов хабар дод.  Онҳо бар асоси моддаи 247, қисми 2, бандҳои «б,в,г» Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба қаллобӣ аз ҷониби гуруҳи шахсон бо маслиҳатӣ пешакӣ ва бо истифода аз мансаб, ки боиси расондани зарари ҷиддӣ  шудааст, айбдор мешаванд.

Агентӣ гуфт, Шарипов Сӯҳроб Зарипович ҳамроҳ бо ҳаммаслаки худ Сатторов Рустам Сафарбоевич барои омода кардани шиносномаи техникии манзили истиқоматии шаҳрванд “А” ба масоҳати 0,08 га аз номбурда маблағи 5 000 сомонӣ талаб намудаанд. Вале “дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ аз ҷониби кормандони Агентӣ Шарипов ва Сатторов ҳангоми  гирифтани маблағи 5 000 сомонӣ аз шаҳрванд “А” дастгир карда шуда, маблағи мазкур ҳамчун далели шайъӣ дарёфт ва гирифта шуд”.

Ҳоло ба Сӯҳроб Шарипов ва Рустам Сатторов барои қаллобӣ  ҷарима ба андозаи аз 365 то 912 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда = 64 сомонӣ, ё ҳудудан 5 доллар) ваё аз 2 то 5 соли зиндон бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то 5 сол ё бидуни он  таҳдид мекунад. Вале таҷрибаи додгоҳҳои Тоҷикистон нишон медиҳад, ки аксари мансабдорони бо пора бадастафтода бо пардохти ҷарима халос мехӯранд.

Идораҳои МБТИ, ки масъулияти таҳияи ҳуҷҷатҳои амволи ғайриманқул, аз ҷумла ҳуҷҷатгузории хонаву дару ҳавлиҳои шаҳрвандонро бар ӯҳда доранд,  аз идораҳои давлатии фасодзадатарин дар Тоҷикистон ном бурда мешавад. Ҳар сол дар бораи боздошти чандин корманди МБТИ бо ҷурми фасод гузоришҳо ба даст мерасанд.

Дар ин авохир ин алакай дуюмин парвандаи аъмоли коррупсионии кормандони давлатӣ дар ноҳияи Вахш аст.

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон  ҳафтае пеш хабар дод, ки  дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон тасарруфи беш аз 2 миллиону 341 ҳазор сомонӣ, ё тақрибан 200 ҳазор пули давлатро дар шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии  ин ноҳия  ошкор карда, нисбат ба сармуҳосиб ва ду муҳосиби ин муассиса бо иттиҳоми аз они худ кардани маблағҳо ва сохтакории хидматӣ парвандаи ҷиноӣ кушодаанд. Ин парвандадар пайи анҷоми тафтишот ва тасдиқи фикри айбдоркунӣ  ин парванда алакай ба додгоҳ ирсол карда шудааст.

Ба сармуҳосиб ва зердастонаш акнун барои сохтакории хидматӣ бар асоси моддаи 323 ҷарима ваё то 2 соли зиндон ва барои азонихудкунӣ бар асоси моддаи 245 ҷарима ваё аз 3 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

Тоҷикистон дар гузоришҳои байналмилалӣ дар қатори кишварҳои аз ҳама фасодзада ном бурда мешавад. Мақомоти Тоҷикистон худашон ҳам коррупсияро як таҳдиди ҷиддӣ ба рушди кишвар ва ҳатто як хатар ба амнияти миллӣ арзёбӣ мекунанд ва барои мубориза бо он ҳанӯз соли 2007 як ниҳоди вижа: Агентии мубориза бо коррупсияро созмон доданд. Вале мунтақидон мегӯянд, муборизаи ҳукумати Тоҷикистон бо коррупсия бо шикори моҳичаҳои хурди дарёи бузурги фасод маҳдуд шуда, мақомот ба наҳангҳои бузурги ин дарё, ки дар раддаҳои болоӣ пуштибон доранд, кор намегиранд. Гузашта аз ин, аксари мансабдорони бо пора ваё барои тасарруфи маблағҳои буҷа бадастафтода маъмулан бо пардохти ягон ҷарима аз ҷавобгарӣ халос мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button