ВидеоҶомеа

БОЗДОШТИ ДУ ҶАВОНЗАНИ ТОҶИК БАРОИ … АВБОШӢ (ВИДЕО)

Дар ҷомиаи ба сурати умум муҳофизакори Тоҷикистон даст ба қонуншиканӣ ва ҷиноят задани занону духтарон як амали хеле нангин ба шумор рафта, шадидан маҳкум карда мешавад. Заноне, ки даст ба ҷиноят мезананд, обрӯи худро дар ҷомиа ва ҳамин тавр, дар миёни хешу табор ва ҳамсоягон аз даст медиҳанд ва дар байни мардум, ба қавле, сарпаст мешаванд.

Вале бо ин вуҷуд, аз Тоҷикистон дар бораи даст ба ин ё он ҷиноят задани занон хабарҳо ба даст мерасанд. Аз ҷума мақомоти милитсияи Тоҷикистон рӯзи 14 марти соли 2022 аз боздошти якбора се ҷавонзан танҳо дар Душанбе барои содир кардани ҷиноятҳо хабар доданд. Ба гуфтаи мақомот, ду ҷавонзани яке 21 ва дуюмиӣ 24-соларо дар пойтахт  ба авбошӣ  айбдор мекунанд. Яке аз онҳо апаи худашро бо корд зада захмӣ кардааст ва якеи дигар дар такси пули роҳро надода, ба болои ин бо таксирон дастбагиребон шудааст. Ва дар муқоиса бо ин ду зани авбош, як зани 28-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки бо гумони даст доштан дар чанд ҳолати қаллобӣ дастгир шудааст, ҳатто “мусичаи бегуноҳ” менамояд.

Рӯзи 12 март дар Интернет навори лаҳзаи муноқиша ва дашному ҳақорати як ҷавонзан бо ронандаи таксим нашр шуд. Алфози қабеҳ ва дашному ҳақоратҳои ҷавонзан мавриди вокунишҳои манфии мардум қарор гирифт ва бисёриҳо аз мақомоти милитсияи Душанбе хостанд, то ин зани авбошро пайдо карда, нисбаташ чораҳои қонунӣ андешиданд.

Маркази матбуоти РВКД Душанбе хабар дод, ки дар натиҷаи санҷиши навори мазкур муайян карда шуд, ки ҷавонзани дар навор инъикосёфта шаҳрванд Набиева Дилноза Азизовна, санаи таваллудаш 26.12.2000, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, маҳаллаи Гипрозем мебошад.

“Зимни санҷиш ва пурсиши шоҳидони ҳодиса ошкор карда шуд, ки Набиева Дилноза аз хизматрасонии автомашинаи мусофирбар истифода намуда, дар баробари пардохт накардани маблағи роҳкиро бо ронандаи автомашина муноқиша ва даст ба гиребон шуда, бо алфози қабеҳ дашном низ додаст, ки ин ҳолат дар навори нашргардида низ баръало мушоҳида мегардад”, гуфта мешавад дар хабар.

 Вобаста ба ин аз ҷониби кормандони милитсия нисбат ба Набиева Дилноза тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуда, ҷиҳати чораҷӯӣ ба додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ирсол карда шуд.  Додгоҳ дар навбати худ бино бар сабаби дар тарбияи худ доштани кӯдаки хурдсоли 7-моҳа аз ҳабси ҷавонзан худдорӣ карда, ӯро ба андозаи 4 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (256 сомонӣ) ҷарима баст.

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон дар ҳамин ҳол хабар медиҳад, ки ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза ҷавонзани 26-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки 12-уми марти соли 2022, тахминан соати 21:40, дар назди бинои истиқоматиаш хоҳари 24-солаи худи ӯ аз ҳиссиёти авбошӣ бе ягон асос ӯро дашномҳои қабеҳ дода, бо корд панҷаи дасти росташро буридааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.
Бино ба хабари дигари ВКД, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза зани 51-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки моҳи ноябри соли 2021 зани 28-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ барои фурӯш маҳсулоти атриёти занонаро ба маблағи 50 ҳазор сомонӣ гирифта, маҳсулотро фурӯхтаааст, вале пули ӯро то ҳол намедиҳад.

Ин ҷавонзан ҳамчунин ба он гумонбар мешавад, ки бо роҳи фиреб ба боварии зани 31-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ барои фурӯш матоъҳои занонаро ба маблағи 44 ҳазору 600 сомонӣ гирифта, ин матоъҳоро алакай фурӯхтааст,  вале пули соҳиби борро то ҳол надодааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button