ВидеоҶомеа

ДАР ЯК СОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН 548 МАРД АЗ ОНҲОРО ОЗОР ДОДАНИ ЗАНҲОЯШОН ШИКОЯТ КАРДААНД

Соли 2021 дар Тоҷикистон 548 далели зоҳир шудан хушунати занон нисбат ба мардон ба қайд гирифта шудааст.

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода рӯзи 14 феврал дар нишасти матбуотии ин кумита гуфт,  тибқи маълумоти ВКД, соли гузашта ба сурати умум 3 ҳазору 485 далели хушунат дар оилаҳо сабт шудааст, ки 176 далел камтар дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта (соли 2020) мебошад.

“Аз шумори умумии арзу шикоятҳо 548 далел ба муроҷиати мардон дар мавриди зоҳир шудани хушунат ба онҳо аз ҷониби ҳамсаронашон дахл дорад”, – таъкид дошт раиси Кумита.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи ӯ, бо назардошти арзу шикоятҳои шифоҳӣ, ки “бамаротиб аз аризаҳои хаттӣ ба ВКД зиёдтаранд”, дар муқоиса бо соли 2020 соли гузашта ҳолатҳои хушунат (зӯроварӣ) дар оила афзудааст.

Ҳилолбӣ Қурбонзода  зикр кард, ки баҳри ҳалли ин мушкилоти муҳим тадбирҳо амалӣ мешаванд, аз қабили гузаронидани суҳбатҳо бо аҳли оила ва ҳамсояҳои онҳо, то ки мушкилот ҳамаҷониба омӯхта шуда, азҳампоишии оилаҳо пешгирӣ карда шавад.

Дар нишасти хабарии Кумитаи занон ҳамчунин мудири шуъбаи иттилоотии ин идора Сабоҳат Рустам хабар дод, ки соли гузашта дар Тоҷикистон 518 ҳолати  худкушӣ ва қасди худкушӣ сабт шудааст, ки ин назар ба як соли қабл 47 маврид камтар аст.

Дар 246 маврид занону духтарон, аз ҷумла 52 духтари ноболиғ ба ҷони худ қасд кардаанд. Соли 2020 дар Тоҷикистон 272 ҳолати қасди худкушии занону духтарон сабт шуда буд. 53 нафари онҳо духтарони ноболиғ буданд.

Манбаъ: http://asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/society/20220214/hushunati-honavodag-dar-toikiston-548-arzu-shikoyat-az-mardon

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button