ВидеоМуҳоҷирон

МУСОДИРАИ 1,8 ТОННА МЕВАВУ САБЗАВОТ ВА ХУШКМЕВА АЗ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ДАР ФУРУДГОҲИ САМАРА

Идораи Росселхознадзори вилоятҳои Саратов ва Самараи Русия  рӯзи 10 феврал хабар дод, ки аз 1 январи соли 2022 кормандонаш дар фурудгоҳи Курумочи шаҳри Самара аз 695 мавриди кӯшиши ба қаламрави вилояти Самара ворид кардани маҳсулоти мамнӯъ пешгирӣ кардаанд.

“Аз ҷониби мутахассисони идора аз бағочи дастии мусофирон аз Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон беш аз 1 тоннаю 800 кило маҳсулоти таҳти карантин (лимӯ, ангур, анор, кабудӣ, ғӯлинги донадору бедона, писта, бодом, арахис, мавиз, донаки зардолу ва чормағз) мусодира карда шуд.  Ҳамаи ин маҳсулоти мусодирашуда дар ҳаҷми 1,8 тонна таҳти назорати мутахассисони Росселхознадзор тибқи қонунгузории Русия нобуд карда шуд”, – гуфта мешавад дар иттилоияи  ин идора.

Қаблан идораи Россельхознадзори вилоятҳои Саратову Самара  бо ҷамъбасти моҳи аввали соли 2022  хабар дода буд, ки кормандонаш дар фурудгоҳи “Гагарин”и шаҳри Саратов  аз аввали соли ҷорӣ беш аз 1800 бағочи мусофиронро тафтиш карда, дар 65 маврид аз талоши ба қаламрави вилояти Саратов ворид кардани маҳсулоти мамнӯъ пешгирӣ кардаанд.

 “Аз бағочи дастии мусофирон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 110 кило маҳсулоти таҳти карантин (ғӯлинги донадору бедона, писта, бодом, арахис, мавиз, донаки зардолу ва чормағз) мусодира карда шуд.  Ҳамаи ин маҳсулоти мусодирашуда дар ҳаҷми 110,7 кило таҳти назорати мутахассисони Россельхознадзор тибқи қонунгузории Русия нобуд карда шуд”, – гуфта мешуд дар иттилоияи Росселхознадзори вилоятҳои Самараю Саратов.

Ин ниҳод мегӯяд, заминаи ҳуқуқии мусодираи чунин маҳсулот аз мусофирони тоҷик қарори Росселхознадзор аз 16 апрели соли 2012 аст, ки  ба мусофирон ба қаламрави Русия ворид кардани меваву сабзавот аз Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Озарбойҷонро манъ мекунад.

Аз 5 марти соли 2019 ба мусофирон аз Ӯзбекистон иҷозат доданд, ки бо худ то 5 кило меваву сабзавот ё хушкмеваю донагӣ биоранд. Вале ба мусофирон аз Тоҷикистон инак қариб 10 сол боз ба Русия бурдани меваву сабзавот, хушкмева ва маҳсулоти донагие, чун пиставу бодому чормағз расман манъ карда шудааст.

Агар бахти мусофирон баландӣ кунаду дар фурудгоҳҳои Русия ба дасти кормандони Росселхознадзор наафтанд,  ин маҳсулотро мегузаронанд, вале агар дар рейд биафтанд, меваву сабзавоти аз Ватан бо худ овардаашонро мусодира мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button