ВидеоДин ва боварҳоСиёсат

ЭЪТИРОЗИ ХЕШОВАНДОНИ САИД АБДУЛЛОҲИ НУРӢ ДАР НАЗДИ САФОРАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ПОЙТАХТИ ОЛМОН (ВИДЕО)

Рӯзи 4 феврал гуруҳе аз фарзандон ва хешовандони Саид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари собиқи Иттиҳоди нирӯҳои мухолифини тоҷик (ИНОТ) ва асосгузори ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ),  ҳамроҳ бо дигар тарафдорони оппозитсия дар назди сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Берлин, пойтахти Олмон, ҳамоиши эътирозӣ баргузор карданд. Онҳо аз мақомоти Тоҷикистон раҳоии билофосилаи Нусратулло Саидов, бародарзодаи Саид Абдуллоҳи Нуриро талаб карданд.  Нусратулло Саидов аз рӯзи 24 январ дар боздошт қарор дорад.

Наздиконаш мегӯянд, то ҳол дар бораи айбномааш маълумоти мушаххасе дар даст надоранд, ба ҷуз инки Нусратулло Саидов гӯё ба дарёфти маблағҳои пулӣ аз хориҷ гумонбар мешавад. Гуфта мешавад, ин пулҳоест, ки хешовандони дар хориҷа буда тавассути Саидов ба хешу табори дар Тоҷикистон будаашон фиристодаанд.

Вале бино ба хабарҳои тасдиқношуда, ба зидди Нусратулло Саидов бар асоси моддаи 307.2 бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо созмони ифротӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ин банди қонун ҳамчун ҷазо аз 4 то 7 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Наздиконаш ин иттиҳомро рад мекунанд ва мегӯянд, писари бародари хурдии Нурӣ ҳеҷ рабте ба фаъолиятҳои сиёсӣ надошту узви ягон созмоне нест ва як умр дар зодгоҳаш – деҳаи Нурободи ҷамоати Тоҷикободи ноҳияи Вахш ба деҳқонӣ машғул буд.

Тазоҳурот дар Берлин нахустин ҳамоиши эътирозӣ бо иштироки хешовандони Саид Абдуллоҳи Нурист. Дар солҳои охир даҳҳо нафар аз хешовандони ин раҳбари собиқи мухолифини тоҷик, аз ҷумла шуморе аз фарзандону набераҳояш ба кишварҳои Аврупо паноҳанда шуданд, вале онҳо то кунун аз иштироки ошкор дар фаъолиятҳои ҳизбу ҳаракатҳои оппозитсияи тоҷик дар Аврупо, аз ҷумла дар фаъолиятҳои ҲНИТ, ҳизбе ки ҷадди онҳо таъсис додааст, худдорӣ мекарданд.

Нусратулло Саидов, бародарзодаи Саид Абдуллоҳи Нурӣ рӯзи 31 январ ба СИЗО (боздоштгоҳи муваққатӣ) дар шаҳри Бохтар интиқол дода шуд. Ӯ то ҳол дар тавқифгоҳ (ИВС) қарор дошт.

Нусратулло Саидов нимаи дуюми рӯзи 24 январ ба раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон даъват шуда, баъди бозпурсӣ боздошт шуд. Мақомот ин хабарро то ҳол шарҳ надодаанд, вале аз хонаводаи Нурӣ ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфта буданд, ки  “нимаи дуюми рӯзи 24 январ 5 нафар аз хешу табори моро аз ноҳияи Вахш ба раёсатҳои корҳои дохилии вилоят даъват кардаанд. Дигаронро баъди бозпурсӣ ҷавоб додаанд, вале Нусратуллоро боздошт кардаанд. Касе сабаби боздошти ӯро шарҳ намедиҳад.” Нусратулло Саидов, писари Ато Саидов, бародари хурдии  Саид Абдуллоҳи Нурӣ, дар деҳаи Нуробод (собиқ 1 Май)-и ҷамоати Тоҷикобод (собиқ совхози “Туркманистон”)-и ноҳияи Вахш ба сар мебарад ва як хоҷагии деҳқонӣ бо номи “Истиқлол 2001” дорад.
Номи ӯ қаблан 4 сол пеш вақте расонаӣ шуд, ки рӯзи 15 феврали соли 2018 дар боми идораи хоҷагии деҳқониаш 5 парчами сиёҳи ДОИШ-ро пайдо карданд. Дар пайи ин ҳодиса, бино ба хабарҳо ҳудуди 10 нафар сокинони ин минтақа, аз ҷумла Нусратулло Саидов бозҷӯӣ шудаанд. Худи ӯ гуфт, баъди як рӯзи бозпурсӣ ва маълум шудани ҳақиқати ҳол озод шудааст.
Кумитаи амнияти миллӣ баъдан хабар дод, ки таҳқиқи ин қазия маълум кард, ки дар он изи ягон созмони террористӣ ё ифротӣ мушоҳида намешавад, балки ду бародар: Қурбоналӣ ва Тоҳир Партоевҳо, ки ба Нусратулло Саидов хусумати шахсӣ доштанд, хостаанд бо ин роҳ ӯро “подстава” кунанд.Қурбоналӣ Партоев дар гузориши Кумитаи амнияти миллӣ эътироф кард, ки матои сиёҳро аз бозори Қӯрғонтеппа харида, дар назди дӯзанда мисли парчам дӯзонда, сипас бо ранги сафед дар он парчамҳо бо ҳарфҳои арабӣ аломатҳои марбут ба ДОИШро навиштааст.
Ӯ аз ҷумла гуфт: “Дар сарам омад, ки Саидов Нусратуллоро бо ягон чӣ “подстава” кунем ва мақомот бираванд биқапандаш. Аз бозори “Фаровон”и шаҳри Қӯрғонтеппа матои сиёҳ ва ранг харида, дар хона 3 парчам тайёр кардам ва бурда, дар боми ҳамон кас мондам. Баъд боз 2 парчами дигар тайёр кардам, аз Интернет бехато шиорҳоро кӯчондам ва боз бурда ба боми Нусратулло партофтам.”
Бародарон Партоевҳо барои ин амалашон ҳар кадом ба 2 соли зиндон маҳкум шуданд, вале алакай чанд моҳ баъд озод шуданд. Қурбоналӣ Партоев баъдан дар суҳбатҳои хусусӣ иқрор кардааст, ки агар ин корро намекард, ба худаш вазнин меафтод…
Саид Абдуллоҳи Нурӣ солҳои зиёде дар совхози “Туркманистон”-и ноҳияи Вахш зиндагӣ кардааст ва аксари хешу табораш то ҳол дар ҳамин ҷо ба сар мебаранд. Нурӣ, ки соли 1997 ҳамчун раҳбари Иттиҳоди нирӯҳои мухолифин Созишномаи сулҳро бо президент Эмомалӣ Раҳмон имзо кард ва то соли 2001 раиси Комиссияи оштии миллӣ буд, соли 2006, дар синни 59 аз олам чашм пӯшид.
Фаъолияти ҲНИТ дар Тоҷикистон соли 2015 расман манъ гардида, ин ҳизб ба рӯйхати созмонҳои ифротӣ ва террористӣ шомил карда шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button