ВидеоНуқтаи назарРӯйдодҳои БадахшонТоҷикистон

БОҚИР САБАБИ БАҲСАШ БО РАИСИ МАОРИФРО ШАРҲ ДОД: БА Ӯ ГУФТАМ, МАРО БА ҲОЛАМ ГУЗОР ВА БА СИЁСАТ КОРДОР НАШАВ…

Мамадбоқир Мамадбоқиров, маъруф ба Боқир, яке аз лидерони ғайрирасмии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, рӯзи 5 феврал муроҷиатномаеро ба номи “ҳамаи ҳамватанон” нашр кард.  Боқир дар ин паёми хаттӣ, ки нусхааш ба дасти идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” низ расид, худро  танҳо “сокини маҳаллаи Хоруғи боло”  номида, навиштааст, ки ҳамчун як шаҳрванди Тоҷикистон барои мубориза ба зидди беқонунӣ, беадолатӣ, коррупсия, сӯиистифода аз вазифа ва поймол кардани ҳуқуқи озодиҳои мардум қад алам карда, ба эътироз нисбат ба баъзе кормандони ҳокимият маҷбур шудааст.

Боқир аз ҷумла аз ҳаводиси хунини солҳои 2012 ва 2014 дар Хоруғ ёдовар шуда, навиштааст, бо онки дар ин ҳодисаҳо дар соли 2012 беш аз 20 нафар ва соли 2014 се нафар кушта шуданд, касе барои ин ба ҷавобгарӣ кашида нашуд, балки “баръакси ҳол чандин кормандони мақомоти қудратӣ рутбаҳои баландтар гирифтанд.”

Лидери ғайрирасмии Бадахшон ҳамин тавр, беҷазо мондани қонуншиканӣ ва сӯиистифода аз мансаб аз тарафи ёвари прокурори Роштқалъа Абирзода ва корманди милитсияи ин ноҳия Ҳабиб Маҳмадовро ҷинояти коррупсионие номид, ки “сарчашмаи кушта ва захмдор шудани одамони бегуноҳ гардид ва тамоми вилоятро ноором сохт.”

Мамадбоқир Мамадбоқиров як бахши умдаи муроҷиатномаашро ба моҷарои ӯ бо сардори идораи маорифи вилоят Лутфулло Наврӯзов бахшида, навиштааст, сабаби пеши Наврӯзов рафтанаш ин буд, ки “муаллимон ва муаллимаҳои зиёде ба назди ман омада, барои маҷбуран гирифтани интервю ва вокуниш нишон додан шикоят карданд”.

Аммо Боқир иддаои мақомот ва  худи Наврӯзов дар бораи латтукӯб кардани сардори идораи маорифро рад мекунад: “Ман ба пеши ў бо маслихат даромада фахмондам , ки зиёда аз ду моҳ шуд , ки ту кори худро монда, муаллимонро нисбати ман барои додани интервю ва бадном кардани ман равона мекунӣ, ҳоло он ки ба қавли худат, як муаллими оддӣ ва тарбиятгари насли наврас астӣ. Маро ба ҳолам гузор ва ба сиёсат кордор нашав. Аммо ӯ ин корро бештар идома дод… Ман борҳо ба мардуми шарифи ноҳияҳои Ванҷ ва Дарвоз мурочиат карда будам, ки мову шумо як бародар ҳастем ва як ҷузъи ҷудонашаванда мебошем, вале шумо бошад, ба гуфтаҳои ман эътибор надода,маро аз шабакоҳои телевизион ҷинояткор ном мебаред, ҳол онки аз шумо шахсияти маро ба пуррагӣ ягон кас намешиносад. Ман бори дигар ба тамоми мардуми Бадахшон муроҷиат карда мегӯям, ки мо як бародар ҳастем. Моро ягон кас аз ҳамдигар ҷудо карда наметавонад”.

Додситонии вилояти Бадахшон ахиран хабар дод, ки бар асоси шикояти Наврӯзов ба зидди Мамадбоқиров бар асоси 4 банди Кодекси ҷиноятӣ бо иттиҳомоте, чун “истифодаи зӯр нисбати намояндаи ҳокимият”; “таҳқири намояндаи ҳокимият”; “вайрон кардани дахлнопазирии мардум”; ва “барангехтани кинаву адовати маҳалгароӣ”  парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд.  Додситонӣ гуфт, ҳодиса рӯзи 29-уми январ рӯй додааст, вале Маҳмадбоқиров “аз даъвати мақомоти тафтишот саркашӣ карда, барои бозпурсӣ ҳозир нашуд.”

Мамадбоқир Мамадбоқиров, афсари собиқи қӯшунҳои марзбонии Тоҷикистон, 58 сол дошта, яке аз пурнуфузтарин лидерони ғайрирасмии Бадахшон ба шумор меравад. Ӯ дар маҳаллаи Бархоруғ зиндагӣ мекунад ва гуруҳҳои асосии тарафдоронаш низ дар ҳаминҷост. Ҳанӯз то ҳодисаҳои ахир, рӯзи 14 октябри соли 2021 Мамадбоқиров дар яке аз посгоҳҳои шаҳри Хоруғ боздошт шуда буд, вале тарафдоронаш ба онҷо расида, ӯро халос карданд. Гуфта мешуд, ки дар ҷараёни муноқишаи тарафдорони ӯ бо мақомот як афсари милисаро бо табар захмӣ кардаанд. Вале он вақт тарафдоронаш тавонистанд монеи боздошти Боқир шаванд.

Муроҷиатномаи Боқир дар ҳоле нашр шуд, ки бино ба иттилои дарёфтӣ, мақомот ба ӯ ултиматум гузоштаанд, ки худашро таслим кунад ва дар назди қонун ҷавоб гӯяд, вагарна барои боздошташ амалиёти вижа ба роҳ андохта мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button