ВидеоРӯйдодҳои БадахшонСиёсатҲуқуқи инсон

БА ЗИДДИ 13 СОКИНИ ХОРУҒ ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ КУШОДААНД

Додситонии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба зидди 13 сокини шаҳри Хоруғ, аз ҷумла Шайдо Хушқадамов ва Муяссар Соҳибназаров, дар робита ба эътирозҳои моҳи ноябр парвандаи ҷиноятӣ кушодааст ва аз онҳо хостаанд, ки то анҷоми тафтишот маҳалли зисти худро тарк накунанд. Хуҷамрӣ Пирназаров, як масъули “Комиссияи 44”, ки тазоҳургарони Хоруғ барои музокирот бо мақомот ва назорати иҷрои талабҳояшон интихоб кардаанд, рӯзи 30 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ин 13 нафарро ба буридани дарахтон дар рӯзҳои эътирозҳо айбдор мекунанд.

Хабари оғози парванда ба зидди 13 тан аз эътирозгарони Хоруғ дар ҳолест, ки мақомот рӯзи 28 ноябр дар ивази пароканда шудани издиҳом бо муҳру имзо ваъда буданд, ки касе барои иштирок дар эътирозҳо ба ҷавобгарии на ҷиноятӣ ва на маъмурӣ кашонда нахоҳад шуд.

“Инҳо дар рӯзҳои таҷаммӯи мардум дар Хоруғ барои пешгирӣ аз эҳтимоли вуруди сарбозон ва зиреҳпӯшҳо дарахтҳоро бурида, сад(д) гузошта буданд. Инҳо ба хотири он ба ин амал даст зада буданд, ки мардум баъди кушта шудани Гулбиддин Зиёбеков аз ҳукумати кишвар мехостанд, омилони марги ӯро ба ҷавобгарӣ кашанд,”  – тафсилот додааст Пирназаров.

Вай ҳамзамон аз он изҳори ташвиш кард, ки мақомот ба воситаи телевизиони маҳаллӣ маъракаи тарғибот ба зидди, ба истилоҳ, “дарахтбурон”-ро созмон додаанд. “Навори кормандони идораҳо, мактабҳо ва беморхонаҳоро намоиш медиҳанд. Онҳо 13 нафарро маҳкум мекунанд. Кори якҷонибаи телевизиони давлатӣ ба ҷараёни тафтишот халал мерасонад,” – афзудааст намояндаи “Комиссияи 44”. Ин ниҳод   рӯзи 30 декабр аз раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон хостааст, ба аъзои гуруҳ барои ибрози назарашон дар ТВ “Бадахшон”  30 дақиқа вақт бидиҳанд.

Фаромӯз Иргашов, раҳбари “комиссияи 44”  низ аз он изҳори нигаронӣ карда буд, ки мақомот танҳо ба тафтиши қазияҳои дарахтбурӣ ва латтукӯби кормандони ниҳодҳои қудратӣ тамаркуз карда, ба тафтиши парвандаҳои марги се сокини Бадахшон, аз ҷумла марги Гулбиддин Зиёбеков, ки сабаби эътирози мардум шуд, аҳамият намедиҳанд.

Ахиран гузориш шуда буд, ки мақомот исми 66 сокини Хоруғ ва Роштқалъаро, ки дар эътирозҳои ахир фаъолона иштирок доштанд, ба рӯйхатти сиёҳи афроде ворид кардаанд, ки тарки қаламрави Тоҷикистон барояшон манъ карда шудааст.

Марги Гулбиддин Зиёбеков, сокини деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъа баъди боздошташ дар санаи 25 ноябр нуқтаи оғози эътирозҳои Хоруғ шуд, ки 4 рӯз: аз 25 то 28 ноябр давом кард. Мардум ҷасади ӯ дар рӯи даст аввал дар кӯчаҳои Хоруғ раҳпаймоӣ карданд ва сипас дар майдони назди бинои ҳукумати вилоят ҷамъ омада, ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкоронро талаб карданд.

Дар рӯзҳои нооромиҳо дар Бадахшон се сокини ин вилоят кушта ва дастикам 15 тани дигар захмӣ шуданд. Мақомот аз ҷароҳат бардоштани 12 корманди ниҳодҳои қудратӣ хабар доданд.

Эътирозгарон танҳо шоми 28 ноябр вақте хона ба хона пароканда шуданд, ки мақомот ваъдаи таҳқиқи муштараки қазии марги Гулбиддин Зиёбековро доданд. Ба ин мақсад як гуруҳи махсуси иборат аз 20 намояндаи ниҳодҳои тафтишотӣ ва 6 намояндаи ҷомиаи шаҳрвандӣ низ ташкил шуд, вале бо гузашти як моҳ ягон нафари гумонбар дар марги Зиёбеков  муайян ва дастгир нашудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button