ВидеоМуҳоҷирон

КӮДАКИ ЧОРСОЛАИ ТОҶИК ДАР РУСИЯ АЗ ҚАБАТИ СЕЮМИ БИНО АФТИД ВА ЗИНДА МОНД

Шуъбаи тафтишоти шаҳри Приозёрски вилояти Ленингради Русия ба санҷиши ҳодисаи аз тирезаи қабати сеюми бинои истиқоматӣ афтодану ҷароҳат бардоштани як кӯдак аз оилаи муҳоҷирони тоҷик шурӯъ кардааст.  Ин ҳодиса рӯзи 19 ноябр, соати тақрибан 14:30, дар як бино дар кӯчаи Тсентралнаяи шаҳраки Громово рӯй додааст.

Гуфта мешавад, падари ин кӯдак 29 сол дошта, моҳи март аз Тоҷикистон ба Русия ба ҷустуҷӯи кор омадааст. Рӯзи 18 ноябр ҳамсари 25-солаи ӯ ҳамроҳи писарашон, соли таваллудаш 2017, низ аз Тоҷикистон ба инҷо меоянд ва манзилеро дар шаҳраки Громово ба иҷора мегиранд.

Рӯзи 19 ноябр, ҳамагӣ як рӯз баъди аз Тоҷикистон омаданаш, кӯдак ба рӯи тирезаи  хона баромада, тӯреро, ки ба зидди хомӯшакҳо гузошта буданд, зер мекунад. Вале тӯр ба вазни кӯдак тоб наоварда, канда мешавад ва кӯдак ҳамроҳи тӯр ба замин меафтад.

Раёсати тафтишоти вилояти Ленинград хабар дод, ки “дар ҳоли ҳозир кӯдак дар бемористон қарор дошта, ба вай кумаки тиббӣ расонда мешавад.” Расонаҳои маҳаллӣ хабар доданд, ки тифли муҳоҷирони тоҷикро дар бемористони вилоятӣ дар шаҳри Петербург бистарӣ кардаанд ва  тибқи ташхиси табибон, ин кӯдак аз қисмати сар ҷароҳатҳои вазнин бардошта, шушаш ҳам осеб дидааст ва сутунмӯҳрааш шикастааст.

Ин оилаи муҳоҷирони тоҷик, ки дучори чунин фалокат шуд, дар Громово мусбат тавсиф кардаанд.

Дар Громово ҳудуди 800 нафар зиндагӣ мекунанд. Ин шаҳрак дар ҳудуди ноҳияи Приозёрск дар тақрибан 130-километрии шимоли шаҳри  Санкт-Петербург дар наздикии соҳили кӯли Ладога ҷойгир шудааст. Громово то соли 1940 ба ҳайъати Финландия дохил шуда, Саккола ном дошт. Ин шаҳрак ва дигар қисматҳои гарданаи Карелия дар натиҷаи ҷанги Шӯравӣ бо Финландия ба ҳайъати СССР дохил карда шуданд ва соли 1948 Саккола Громово номгузорӣ шуд.

Приозёрск

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button