ВидеоИқтисод

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ САВДОИ “СИЁМА МОЛЛ” ВА “КОХИ ПАРФЕНОН” ДАР ДУШАНБЕ (ВИДЕО+44 АКС)

Рӯзи 19 ноябр бо иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ маросими ифтитоҳи Маркази савдову хизматрасонӣ ва фароғатии “Сиёма молл” ва Маҷмааи хизматрасонии Кохи “Парфенон” доир шуд. Ин ду маркази марбут ба ширкати “Авесто Групп” дар маҳаллаи 65-ум, дар наздикии бозори “Саховат” дар ҳудуди собиқ комбинати нонпазии Душанбе ҷойгир карда шудаанд.

“Сиёма Молл” аз 3 ошёна иборат буда, майдони умумии он зиёда аз 3,5 гектарро дар бар мегирад ва бинои иншоот дар масоҳати 24 000 метри мураббаъ сохта шудааст. Дар бинои “Сиёма молл” 86 нуқтаи савдою тиҷорат, хизматрасонӣ, толору мағоза ва марказҳои дилхушию фароғатӣ фаъолият мекунанд. Гуфта шуд, ки дар ин фурӯшгоҳи нав тақрибан 700 нафар бо ҷои кор таъмин мешаванд.

Сохтмони “Сиёма Молл” соли 2019 оғоз ёфта, он амалан бузургтарин фурӯшгоҳи замонавӣ дар Душанбе ва Тоҷикистон ба шумор меравад.

Маҷмааи хизматрасонии Кохи “Парфенон”, ки бо пайравӣ аз санъати меъмории юнонӣ бунёд шудааст,  дар масоҳати 1400 метри мураббаъ ҷойгир шуда, дар ҳавлии байни Маркази “Сиёма молл” ва Кохи “Парфенон” бо нақшу нигори меъмории миллӣ ва фаввораи дилрабо саҳнаи кушод бунёд шудааст. Дар “Кохи Парфенон” 50 нафар соҳиби ҷои кор хоҳанд шуд.

Ифтитоҳи Маркази савдову хизматрасонӣ ва фароғатии “Сиёма молл” ва Кохи “Парфенон” дар шаҳри Душанбе   19.11.2021

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button