ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ХОНАНДАГОНИ МАКТАБҲОИ МИЁНА АЗ 1 ТО 10 НОЯБР БА ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ МЕБАРОЯНД

Аз 1 ноябр дар тамоми мактабҳои миёнаи Тоҷикистон таътили тирамоҳӣ оғоз меёбад. Ин таътил то 10 ноябр давом мекунад. Хабаргузории “Ховар” бо такя ба маркази матбуоти вазорати маориф ва илми Тоҷикистон  хабар дод, ки чоряки якум  дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 31 октябр ҷамъбаст гардида, хонандагон ба муддати даҳ рӯз ба таътили тирамоҳӣ мебароянд.

Таътили тирамоҳӣ танҳо ба хонандагон дахл дошта, омӯзгорон дар ин муддат ба корҳои методӣ ва гузаронидани маҷлисҳои падару модарон, суҳбатҳо бо волидайни хонандагон ва чорабиниҳои таълимӣ сафарбар мешаванд. Ба хонандагон ҳам рӯйхати китобҳое тавсия  дода мешавад, ки дар таътили тирамоҳӣ онҳоро бояд мутолиа намоянд.

 Ҳамчунин дар давраи таътил даври якуми олимпиадаи дохилимактабӣ оғоз мегардад, ки хонандагони фаъол дар он иштирок мекунанд. Олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон бошад ҳамасола дар таътили зимистона гузаронида мешавад.

Аз 25  сентябри соли 2018  бо қарори ҳукумат, соли таҳсил  ба 36 ҳафтаи таълимӣ (барои синфҳои якум 35 ҳафта) ва 4 чоряк тақсим гардид.

Чоряки якум аз 1 сентябр то 31 октябр, чоряки дуюм аз 11 ноябр то 31 декабр, чоряки сеюм аз 11 январ то 20 март ва чоряки чорум аз 1 апрел то 1 июн идома меёбад.

Инчунин таътили тирамоҳӣ 10 рӯз (аз 1 то 10 ноябр), таътили зимистона 10 рӯз (аз 1 то 10 январ), таътили баҳорӣ 7 рӯз (аз 25 то 31 март) ва таътили тобистона пас аз анҷоми соли таҳсил ва ҷамъбасти аттестатсия то 31 август идома  ёфта, машғулият барои хонандагони синфҳои 1 як ҳафта пеш аз анҷоми соли таҳсил ба охир мерасад.

Соли таҳсил қаблан то 14 июн буд, вале  президент Эмомалӣ Раҳмон 1 сентябри соли равон зимни суханронӣ дар Рӯзи дониш дар маросими ифтитоҳи Гимназияи №4 барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе амр дод, ки соли таҳсилро 1 июн ҷамъбаст кунанд.

Лозим ба ёдоварист, ки солҳои зиёде ба сабаби лимити шадиди нирӯи барқ таътили тирамоҳию баҳорӣ  дар мактабҳои  Тоҷикистон барҳам дода шуда, ба ҷои онҳо хонандагонро аз 1 то 31 январ, дар айни авҷи сардӣ ва бебарқӣ як моҳ таътил медоданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button