АфғонистонСиёсатТоҷикистон

ҚИССАИ ДАР ТОҶИКИСТОН ЯК МУДДАТ ПАНОҲ БУРДАНИ ГУЛБУДДИН ҲИКМАТЁР

Ҳамлаи ахири лафзии Гулбуддин Ҳикматёр ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бисёриҳо ба уқдаҳои деринаи ӯ ва озурдагиҳояш аз давроне, ки соли 1996 як муддат дар Тоҷикистон паноҳ бурда буд, бастагӣ медиҳанд

Дар ҳақиқат, дар миёнаҳои солҳои 90, дар пайи ронда шуданаш аз сӯи Толибон, Гулбуддин Ҳикматёр як муддат дар Тоҷикистон паноҳ бурда буд. Худи ӯ гуфта буд, ки гӯё мақомоти амниятии Тоҷикистонро ӯро маҷбур аз ин кишвар ба Эрон ронданд ва ӯ чанд сол дар Эрон ҳамчун маҳбуси сиёсӣ нигоҳ дошта мешуд.

Вале нашрияи “Миллат” аз қавли як узви собиқи ҳукумати Тоҷикистон навиштааст, ки дар асл  он вақт Ҳикматёрро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як “усули айёрони хуросонӣ” аз таъқиби мақомоти амниятии Русия наҷот дод, вагарна дар зиндони Лефортово мепӯсид.

“Миллат” аз қавли манбааш менависад:

“Соли 1995, вақте ҳамаи мавқеъҳои Ҳизби исломии Гулбиддин Ҳикматёр аз ҷониби Толибон ишғол шуданд, ӯ хост ба Мулло Умар, роҳбари Толибон  байъат кунад, аммо Мулло Умар ин дархости Г.Ҳикматёрро рад намуд. Он гоҳ рубоҳи акнун пир, худро ба домани Б.Раббонӣ ва А.Масъуд зад, ба Кобул паноҳ овард ва сарвазири Афғонистон таъйин шуд. Соли 1996 вақте толибон Мазори Шариф  ва Толуқонро тасарруф намуданд, устод Раббонӣ Абдулраб Расули Сайёф муовини раиси ҷумҳурӣ ва Гулбиддини Ҳикматёрро бо худаш ба Душанбе овард. Баробари ворид шудани ин ду нафар ба Душанбе боиси норизояти ҷониби Русия шуд. Идораи кашфи марказии Русия дастур гирифт, то Г.Ҳикматёрро, ки дар ҷиноятҳои ҷангӣ ва куштори асирони Шӯравӣ муттаҳам мешуд, дастгир кунад.

Аммо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун кафили ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, бо риояи ҳукми меҳмоннавозӣ ва ҳамсоядорӣ, бо камоли дирояту ҷавонмардӣ ва усули айёрони хуросонӣ масъаларо ҳал кард ва нагузошт, ки осебе ба шарофат ва ҳайсияти инсонии “меҳмон”-и нохонда бирасад ва заминаи рафтани ӯ ба хориҷ аз Тоҷикистонро фароҳам кард. Метавон гуфт, ки ӯро аз марги ҳатмӣ наҷот дод. Ӯ ба Эрон рафт ва А.Сайёф дубора ба Афғонистон, ба минтақаи таҳти назорати А.Масъуд баргашт.

Аммо ба муҷарради расидани пояш ба Эрон эълон кард, ки А.Масъуд мехост ӯро бикушад, вале ӯ наҷот ёфт. Аммо дар ҳақиқат ӯ дар дасти А.Масъуд ба ҳукми асир буд ва куштанаш осонтар аз куштани як мӯрча буд.

Р.S: Ҳамон вақт машҳуд буд ва акнун дубора собит шуд, ки сазои ин ноҷавонмарди носипос ва нопокзодаи намакношинос пир шудан дар пушти миллаҳои Лефортово будааст.”

Соли 2017 Гулбуддин Ҳикматёр дар як мусоҳибааш бо ББС нақл кард, ки соли 1996 баъд аз суқути Мазори Шариф ва Тахор ҳамроҳи Бурҳониддини Раббонӣ ба вилояти Бадахшон ва аз онҷо ба Душанбе рафта буд. “Мо дар сафорати Афғонистон дар Душанбе будем. Сафири Эрон бо масъулини дигари баландпоя, ки дар қазияи Афғонистон нақши фаъол доштанд, ба назди мо омаданд. Онҳо гуфтанд, масъули амнияти миллии Тоҷикистон хостааст, ки Ҳикматёр бояд фардо Тоҷикистонро тарк кунад”, – нақл кард ӯ.

Ҳикматёр дар идома гуфт, ҷониби Тоҷикистон ҳозир нашуд, ки барояш чархбол ё мошин фароҳам кунад, то ӯ худро ба Афғонистон бирасонад. Вай афзуд, “ман фаҳмидам, ки ҳадаф аз чӣ қарор аст. Онҳо мехостанд, ман ба Эрон раваму як зиндонии сиёсӣ бошам. Талош кардем ба ҷои дигар биравем, нашуд. Баргашт ба Афғонистон ҳам душвор буд. Билохира маҷбур шудем, ки ба Эрон равем. Ман дар Эрон зиндонии сиёсӣ будам, на муҳоҷир ва на паноҳандаи сиёсӣ.”

Генерал Саидамир Зуҳуров, ки дар солҳои 90 роҳбарии мақомоти амниятии Тоҷикистонро ба дӯш дошт, он вақт бо талаби вай аз Тоҷикистон ронда шудани Ҳикматёрро рад кард. Вай гуфт, хабар дошт, ки Ҳикматёр ба Тоҷикистон паноҳ овардааст, вале мулоқоте бо ӯ надошт ва ба сарнавишташ низ дахолат накардааст.

Ҳикматёр баъди 20 соли мусофират, дар соли 2017 бар пояи як муомила бо ҳукумати Ашраф Ғанӣ бо мақсади таъсир расондан ба мавзеъгириҳои роҳбарони Толибон ба Афғонистон баргашт.

Ӯ ҳоло имоми намози ҷумъаи масҷиде таъйин шудааст, ки роҳбарони Толибон дар Кобул онҷо намоз мегузоранд.

Ҳикматёр дар намози ҷумъаи ахир, рӯзи 27 август аз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки хостори ироаи ҷойгоҳи шоиста ба ақалиятҳои қавмӣ, бахусус ба тоҷикҳо дар ҳукумати ояндаи Афғонистон шуд, ба шиддат интиқод кард.

Ҳикматёр Эмомалӣ Раҳмонро ба мудохила дар умури Афғонистон айбдор кард ва аз ҷумла гуфт: “Имрӯз аз Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, мешунавем, ки раиси ҷумҳурияш мегӯяд, дар ҳукумати оянда ҳаққи ақаллиятҳо, бахусус тоҷикҳо, дар назар гирифта шавад. Яъне худро ҳамчун мудофеи ҳуқуқи тоҷикҳо  мехоҳад намудор кунад. Ва ба мо мефаҳмонад, ки ҳаққи ақаллиятҳо риоя шавад ва онҳо дар ҳукумат ҳузури фаъол дошта бошанд.”

Гулбиддин Ҳикматёр, ки қаблан ҳам баёнияҳои паштугароёна ва зидди забони дарӣ зиёд мезад, аз Эмомалӣ Раҳмон ва дигар роҳбарони Тоҷикистон хост, ки “ғами  тоҷикҳо, тоҷикистониёнро бихӯред. Мушкилоти онҳоро ҳал кунед. Ҳуқуқи ақаллиятҳоеро, ки дар Тоҷикистон ҳастанд, риоя кунед. Номи кишвар Тоҷикистон ҳаст, вале дар онҷо ақаллиятҳо ҳастанд. Пурсида мешавад, ки дар ҳукумати Шумо чанд узбек ҳаст? Аз ақаллиятҳои дигар чӣ қадар ҳузур доранд?”

Ёдовар мешавем, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 25 август дар Қасри Миллат дар мулоқот бо вазири хориҷаи Покистон Махдум Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ сароҳатан изҳор дошт, ки тоҷикони Афғонистон бояд дар ҳукумати ояндаи он кишвар ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ҷониби Тоҷикистон хостори таъсиси як ҳукумати фарогири инклюзивӣ бо иштироки ҳамаи ақалиятҳои миллӣ ва  пеш аз ҳама тоҷикони Афғонистон, ки беш аз 46 фоизи аҳолии он кишварро ташкил медиҳанд, дар он кишвари ҳамсоя буда, мехоҳад, ки сохтори давлатӣ дар Афғонистон бо роҳи раъйпурсӣ ва бо дарназардошти мавқеи тамоми шаҳрвандони кишвар муайян карда шавад.

“Тоҷикистон ҳеҷ гуна ҳукумати дигарро, ки дар ин кишвар бо роҳи зулму таъқиб, бе дарназардошти мавқеъи кулли мардуми Афгонистон, бахусус тамоми ақаллиятҳои миллии он таъсис дода мешавад, эътироф нахоҳад кард”, – таъкид кард Эмомалӣ Раҳмон.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button