ВидеоМуҳоҷирон

ҲУКМИ ЗИНДОНИ ЯК ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ТАҶОВУЗ, ҒОРАТ ВА ҚАТЛИ ЯК ПИРАЗАНИ 75-СОЛА ДАР МАСКАВ

Додгоҳи шаҳри Маскав рӯзи 16 июл шаҳрванди 29-солаи Тоҷикистон Адҳам Қӯзиевро бо ҷурми таҷовуз, ғорат ва куштори як пиразани нафақахӯри 75-сола ба 18 соли зиндони низомаш сангин маҳкум кард. Додситонии шаҳри Маскав дар сомонааш хабар дод, ки додгоҳ Қӯзиевро  бар асоси қисми дуюми моддаи 105 (куштор бо мақсади пӯшондани ҷинояти дигар), қисми сеюми моддаи 131 (таҷовуз, ки боиси расондани осеби вазнин ба саломатии ҷабрдида шудааст) ва қисми сеюми моддаи 162 (ғоратгарӣ) гунаҳкор шинохт.  Додгоҳи Маскав ҳамчунин қарор кард, ки Қӯзиев бояд ба хешу табори пиразани кушташуда 700 ҳазор рубл товон пардохт кунад.

Бар асоси маводи парванда, Адҳам Қӯзиев рӯзи 26 январи соли 2020 бо мақсади дуздӣ дар кӯча аз паси як пиразани 75-сола поида, аз қафои ӯ то манзилаш дар кӯчаи Архитектор Власов дар ҳавзаи Ҷанубу Ғарби Маскав рафтааст.

 «Вақте зан ба хонааш медаромад, Қӯзиев аз қафои вай зада даромадааст. Вақте зан талаб кардааст, ки ӯ хонаашро тарк кунад, Қӯзиев ба рӯи вай як зарба задааст, ки дар натиҷа зан афтида, сараш зарб хӯрдааст. Қӯзиев сипас 41 ҳазор рубли ҷабрдидаро тасарруф карда, баъди ин ба номуси ӯ таҷовуз карда, ба вай ҷароҳатҳои ҷисмонӣ расондааст. Қӯзиев дар охир бо мақсади пӯшондани изи ҷинояташ зани нафақахӯрро буғӣ карда, кушт ва тавассути тиреза хонаи ӯро тарк кардааст», – гуфта мешавад дар иттилоияи додситонии шаҳри Маскав.

Ин ҳукм ҳанӯз ба иҷро надаромадааст ва Қӯзиев метавонад аз он шикоят барад. Назари маҳкумшуда ё адвокати ӯ ба ҳукми додгоҳи Маскав дастрас нест.

Нашрияи “МК”   хабар дод, ки Адҳам Қӯзиев, ки дар Маскав ба ҳайси челонгар (слесарь) кор мекард,  он рӯзи 26 январи соли 2020 дар кӯчаи Гарибалди бо як рафиқаш арақ менӯшид ва шикоят мекард, ки занаш фарзанди сеюмро ба дунё овардааст, вале маошашро ҳеҷ намедиҳанд, ки ба хона пул фиристад. Ҳамин вақт ӯ пиразанеро дидааст, ки бо халтаҳои пур аз мағоза бармегашт ва дар сараш шояд аз таъсири мастӣ фикре омадааст, ки метавонад ин занро ғорат кунад ва пул ба даст биорад.

Бино ба нақли “МК”, Қӯзиев аз қафои пиразан то дари подъезди хонааш поида рафтааст, вале фурсати аз паси ӯ даромаданро наёфтааст. Ба бахти бади пиразан баъди чанд лаҳза як сокини дигари он даромадгоҳ берун мебарояд ва Қӯзиев аз дари нимкушода дохили бино шуда, боло медавад ва пиразанро лаҳзае дарёб мекунад, ки дари хонаашро дар қабати сеюми бино мекушод.

“МК” менависад, Қӯзиев пиразанро таҷовуз карду кушт ва 41 ҳазору 405 рубли ӯро, ки дар болои миз гузошта буд, ба яғмо бурд, вале ҳангоми фирор аз тариқи тиреза 24 ҳазор рубл аз пулҳои дуздидааш аз кисаи ӯ афтоданд ва “ғанимат”и ӯ ҳамагӣ 17 ҳазор рублро ташкил дод. Қӯзиев бо ин пул барои худашу ҷӯрааш либос харида, иқрор кардааст, ки барои ин пул як пиразанро куштааст. Ӯро вақте дастгир карданд, ки мехост аз Русия фирор кунад…

То 1 январи соли 2021 дар маҳбасҳои Русия қариб 7 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон адои ҳукм мекарданд ва беш аз 1200 нафари дигар таҳти тафтишот дар боздоштгоҳҳо қарор доштанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button