ВидеоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷирон

АНАТОЛИЙ ПРИТКОВ ВА ФАРУХ ҲАСАНОВ ҶОНИ МУСОФИРОНИ ҲАВОПАЙМОРО АЗ МАРГ НАҶОТ ДОДАНД (ВИДЕО)

Рӯзи 16 июл ҳарду муҳаррики ҳавопаймои АН-28-и ширкати «Сибирская легкая авиация» («Сила») ҳангоми парвоз аз шаҳри Кедровийи вилояти Томск ба маркази ин вилоят, шаҳри Томск, ногаҳон аз кор монд. Вале ба халабонҳои ҳавопаймо Анатолий Притков ва Фарух Ҳасанов муяссар шуд, ки дар байни ҷангалистон як майдони холиро пайдо карда, ҳавопайморо бинишонанд. Хушбахтона, касе аз 19 сарнишину мусофирони ин ҳавопаймо, ки дар байнашон ду кӯдак низ буд, осеби ҷиддӣ надидааст. Фақат вақти фуруд овардани ҳавопаймо пои халабон Притков шикастааст.

Фаррух Ҳасанов ба журналистон гуфт:  «Ду муҳаррик аз кор баромад. Давомашро комиссия бояд таҳқиқ кунад. Мо вақти фикр кардан надоштем, бояд кори худро анҷом медодем. Аз ҳама муҳим ин аст, ки ҳама зиндаву саломатанд.”

Фарух Ҳасанов зодаи Осиёи Марказӣ буда, бино ба доираи дӯстонаш дар саҳифааш дар Фейсбук ва таронаҳое, ки гӯш мекунад, зоҳиран аз Ӯзбекистон аст. Фарух Ҳасанов Академияи давлатии парвози Украинаро хатм карда, дар ширкати ҳавопаймоии «Сила» ҳамчун халабони дуюм кор мекард.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳама ба ин ду халабон барои наҷоти ҷони мусофирон аҳсану офарин мехонанд ва менависанд, ки Притков ва Ҳасанов сазовори унвони Қаҳрамони Русияанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button