ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

ХАБАРИ МАРГИ БОЗ 7 ШАХСИЯТИ ШИНОХТА. ТАНҲО ДАР ДУШАНБЕ

Дар байни камтар аз ду рӯзи  охир- аз шаби 3 ба 4 июл то субҳи 5 июл – фақат дар шаҳри Душанбе  дастикам 7 нафар аз шахсиятҳои шинохта ва наздикони онҳо ҷон бохтаанд. Сабаби марги дастикам 5 нафари онҳо коронавирус гуфта мешавад.

  1. Ҳаким Шарифов, табиби дандон, дар беморхонаи Якум Советский аз коронавирус даргузашт
  2. Савзбаҳор Убайдова, 56-cола, табиби бемористони Қараболо
  3. Фирдавс Деҳотӣ, 55-cола, набераи адиби маъруфи тоҷик Абдусалом Деҳотӣ
  4. Хуршед Шарипов, 55-cола, соҳибкор аз кӯчаи Шамсӣ, қасабаи 82, аз коронавирус фавтид
  5. Гулрӯ Азимова, 64-cола, ҳамсари генерал Амирқул Азимов, аз бемории гурда фавтид
  6. Ҳамсари вазири собиқи вазири молияи Тоҷикистон Анваршо Музаффаров, аз коронавирус даргузашт
  7. Генерал Саидамир Розиқзода, собиқ муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон, аз коронавирус даргузашт

Як манбаъ аз бемористони “Якум Советский” рӯзи 5 июл ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфт, ки танҳо дар 5 рӯзи охир ва танҳо дар ин беморхона 7 нафар ба иллати коронавирус ҷон бохтаанд.

“Субҳи 5 июл дар “Якум Советский” ҳамкасби худи мо, дандонпизишк Ҳаким Шарифов, ки тӯли 20 рӯзи охир дар беморхонаи Якум Советский аз бемории коронавирус табобат мегирифт, аз дунё гузашт. Як моҳи охир нафасгириаш танг шуда ва ба ӯ бо кислород нафас медоданд”,  гуфт ҳамсуҳбати “Бомдод”.

 Намози ҷанозаи Ҳаким Шарифов зуҳри 5 июл дар маҳаллаи Авули ноҳияи Сино баргузор шудааст.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати “Бомдод”, дастикам 13 бемори дигари коронавирус дар беморхонаи “Якум Советский” дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Савзбаҳор Убайдова

Зарина Туракуловна дар гуруҳи фейсбукии “Врачи Таджикистана” аз даргузашти Савзбаҳор Убайдова, як табиби дигари тоҷик хабар дод. Савзбаҳор Убайдова, ки 17 марти соли 1965 ба дунё омадааст, аз моҳи июли соли 2020 дар беморхонаи Қараболо кор мекард. Иллати марги ӯ гуфта нашудааст.

Аз аввали моҳи июл танҳо дар Душанбе алакай се табиби тоҷик ҷон бохтаанд. Доктори илмҳои тиб, профессор Фарида Мансурова, яке аз вирусшиносони шинохтаи тоҷик ва фарзанди академик Ҳамид Мансуров, ки клиникаи машҳури Мансуров ба номи ӯст, рӯзи 1 июл дар синни 69 аз коронавирус ҷон дод.

Зарина Туракуловна 

Светлая память вам Убайдова Савзбахор наша Сонечка!😢😢😢

Когда душа болит от горечи, утраты сложно подобрать нужные слова утишения, мы не можем поверить что это произошло. Удивительно светлый человек с добрым сердцем, покинул этот мир. Наше горе не знает границ. Глубоко скорбим мы будем молиться!

Аллоҳи меҳрубон, зери раҳмату мағфирати худ қарор дода хонаи охираташонро обод гардонад!

https://www.facebook.com/groups/536068303427976/posts/1420617841639680

Хуршед Шарипов ва Фирдавс Деҳотӣ, ду сокини кӯчаи Шамсӣ дар касабаи 82 ҳарду дар як рӯз – шоми шанбе, 3 июл ҷон бохтаанд. Ҳамсабақони донишгоҳиаш аз Фирдавс Деҳотӣ, набераи Абдусалом Деҳотӣ, хатмкардаи риштаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, ба унвони як марди хубу дилсофу чеҳракушод ва инсони зарифу шариф ёд кардаанд.

Гулрӯ Азимова, ҳамсари генерал Амирқул Азимов, ба гуфтаи ҳамсабақонаш, аз бемории гурда ҷон бохтааст. Гулрӯ Азимова риштаи забон ва адабиёти русро хатм карда буд. Ҳамсари ӯ Амирқул Азимов дар гузашта вазири корҳои дохилӣ, додситони кул, котиби Шӯрои амният ва раиси кумитаи парлумони Тоҷикистон буд. Ӯ ҳоло бознишаста аст.

Саидамир Розиқзода

Генерал-майор Саидамир Розиқзода, собиқ муовини вазири дифои Тоҷикистон рӯзи 4-уми июл дар сини 64 вафот кард. Нусратшоҳ Ҳусейнзода, яке аз шогирдони Саидамир Розиқзода ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “генерал-майор Саидамир Розиқзода тайи ду ҳафта дар Беморхонаи сироятӣ воқеъ дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе бистарӣ буд ва бегоҳии дирӯз аз бемории коронавирус даргузашт”.

Мақомот дар бораи сабабҳои марги генерал Розиқзода то ба ҳол расман иттилое надодаанд.

Маросими ҷанозаи Саидамир Розиқзода 5 июл дар ноҳияи Кӯшониён баргузор шуд.

Саидамир Розиқзода дар гузашта солҳои тӯлонӣ дар вазорати дифои Тоҷикистон фаъолият намуда, солҳои ахир бознишаста шуда буд.

Ҳамсари Анваршо Музаффаров, вазири собиқи молияи Тоҷикистон, низ  аз бемории коронавирус вафот карда, худи Музаффаров дар бистари беморӣ қарор доштааст. Дар ин бора рӯзи 4 июл дар Фейсубк Карамулло Одилов, ҳамсабақи  Анваршо Музаффаров хабар дод.

Сад афсӯс, ки ин бемории хатарзо ҷони боз як модари дуогӯй, ҳамсари бофавои ҳамсабақи азизи мо, собиқ вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Анваршо Музаффаровро рабуд. Аз рӯи шунидаҳоям, ҳоҷиояи марҳум инсони хеле поксирату парҳезкор, ботақвою боимон, донандаю риоякунандаи талаботҳои Қуръони карим буданду бо дӯсти мо Анваршо Музаффаров ҳаёти якҷояи гуворою хушбахтона доштанд”, – навиштааст Карамулло Одилов.

Анваршо Музаффаров аз соли 2000 то 2004 вазири молияи Тоҷикистон буд.

Хабари марги ин дастикам 7 нафар дар Душанбе дар ҳолест, ки Тоҷикистон ба мавҷи нави бемории коронавирус рӯбарӯ шудааст ва пойтахт яке аз манбаъҳои асосии паҳншавии ин вирус ном бурда мешавад. Вазорати тандурустӣ шоми 4 июл ба коронавирус гирифтор шудани боз 28 нафар ва фавти як нафар аз ин вирусро тасдиқ кард. Тайи се рӯзи охир ин вазорат мраги алакай се нафарро аз коронавирус тасдиқ кардааст.

Аммо дар расонаҳо аз марги ҳудуди 20 нафар дар ним моҳи охир хабар медиҳанд.

Савзбаҳор Убайдова
Савзбаҳор Убайдова

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button