ВидеоИқтисод

БУНЁДИ БИНОҲОИ НАВИ ҲУКУМАТ ВА ПАРЛУМОНИ ТОҶИКИСТОН БО 200 МЛН ДОЛЛАР ПУЛИ ХИТОЙ

Муаллиф: Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Бинои нави ҳукумат ва парлумони Тоҷикистон ҳафтаи аввали моҳи июли соли 2024 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд. Дар ин бора рӯзи 25 июни соли 2024 як манбаъ аз парлумони кишвар ба “Азия Плюс” иттилоъ дод. Ба гуфтаи манбаъ, сохтмони бинои нави парлумон ва ҳукумат ба итмом расидааст ва ҳоло танҳо корҳои зебокунии гирду атрофи он боқӣ мондааст.

“Кори сохтмон тибқи нақша ҷараён дошта, биноҳои нави ҳукумат ва парлумон ҳафтаи аввали моҳи июл кушода мешавад”, – гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Гуфтан ба маврид аст, ки Чин барои сохтмони ин биноҳо ба сифати кумаки бебозгашт 1,5 миллиард юан (беш аз 200 миллион доллар) маблағ ҷудо карда буд.

Бинои нави ҳукумати Тоҷикистон. Акс аз Исматуллоҳ Абдуллоҳ, махсус барои Asia-Plus


Ёдрас мекунем, ки 13 октябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ барои оғози корҳои сохтмонӣ дар биноҳои парлумон ва ҳукумати Тоҷикистон санги асос гузоштанд.

Аз рӯи лоиҳа, бинои парлумон дар шафати хиёбони Рӯдакӣ бунёд шуда, дар қисми пеши он гулгашт бо фаввораҳо, роҳу пайроҳаҳо ба нақша гирифта шудааст.

Баландии бинои асосӣ 49,7 метр, бо назардошти гунбаз – 70 метрро ташкил медиҳад. Масоҳати умумии бинои парлумон 42 ҳазору 874 метри мураббаъ мебошад.

Дар ошёнаҳои бинои нави парлумон маҷлисгоҳи якҷоя барои 1 ҳазору 500 ҷойи нишаст, маҷлисгоҳҳои палатаи болоӣ ва поёнӣ ҳар кадоме бо 250 ҷойи нишаст, толори қабули меҳмонони олиқадр, маркази технология ва коммуникатсияҳои иттилоотӣ, маркази тиббӣ, китобхона, толор барои конфронсҳои матбуотӣ бо 350 ҷойи нишаст ва дигар ҳуҷраҳои корӣ ва ёрирасон ҷойгир карда шудааст.

Бинои нави парлумони Тоҷикистон. Аксҳо аз Исматуллоҳ Абдуллоҳ, махсус барои Asia-Plus


Бинои ҳукумати Тоҷикистон дар қисми марказии шаҳри Душанбе, дар ҳудуди хиёбонҳои Рӯдакӣ ва Исмоили Сомонӣ ҷойгир аст. Ба иттилои пешакӣ, масоҳати қитъаи замини маҷмааи ҳукумати Тоҷикистон 10,27 гектарро ташкил дода, дар он бинои 15 ошёнаи ҳукумат, ду бинои 13  ошёнагии идораҳои назди ҳукумат, гулгашт бо роҳу пайроҳаҳо бунёд гардидаанд.

Ба иттилои дастрас, дар ошёнаҳои бинои ҳукумат толор барои ҷаласаҳои ҳукумат бо 150 ҷойи нишаст, толорҳои дорои 50 ва 80 ҷойи нишаст, ҳуҷраҳои корӣ, толори калон бо 1000 ҷойи нишаст, 3 маҷлисгоҳ, ҳуҷраҳои қабули шаҳрвандон, матбаа, бойгонӣ, ошхона ва дигар ҳуҷраҳо бояд сохта шаванд.

Баландии умумии бинои марказӣ 91,5 метрро ташкил медиҳад.

Бинои нави ҳукумати Тоҷикистон. Аксҳо аз Исматуллоҳ Абдуллоҳ, махсус барои Asia-Plus


Гуфта мешавад, дар лоиҳаҳои бунёди биноҳои парлумон ва ҳукумати Тоҷикистон намои онҳо бо истифодаи унсурҳои миллӣ бо санъати баланди меъмории муосир таҳия шуда, бо услуби хос ва нақшу нигор мувофиқ сохта мешавад.

Ороиши ҳуҷраҳо, толорҳои маҷлисгузаронӣ ва пештолорҳо бо нақшу нигори миллӣ, гаҷкорӣ, кандакорӣ, шишабандӣ ва бо сангҳои табиӣ ороиш дода мешавад.

Манбаъ: Азия Плюс

Барои маълумот: Бо пули Хитой ва бо дасти ширкатҳои хитоӣ сохта шудани ду бинои муҳими Тоҷикистон: биноҳои ҳукумат ва парлумонро мунтақидон баёнгари сатҳи вобастагии ҳукуматти кунунии Тоҷикистон аз Пекин мешуморанд. Аммо мақомот инро баёнгари рушду нумӯи ҳамкориҳои Душанбеву Пекин хонда, мегуфтанд ду бинои навбунёд як муҷассамаи зиндае хоҳанд шуд, ки ҳашамат ва азамати равобити Тоҷикистону Хитойро намоиш хоҳанд дод.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Биноҳои ҳуҷҷатии давлатӣ дар қалби пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе сохта мешаванд, чӣ зарар дорад? Садҳо ва ҳазорҳо лоиҳаи хурду бузурги давлатии сармоягузорӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ тадбиқ шуда истодаанд, ки асосан бо маблағҳои хориҷӣ бунёд мешаванд. Ин ки Хитой ба аждаҳои (монтср) сармоягузорӣ дар дунё табдил шудааст, боиси тааҷуб ва ҳасудӣ нест, кишварҳои заъиф истифода баранд.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button