ФАРЗАНДИ ПАДАРКУШ… “СИЁҲПӮШИ ШАБГАРД”-Е, КИ АҲОЛИИ КОНИБОДОМРО МЕТАРСОНД, ЁФТ ШУД? (ВИДЕО)

Милитсияи Суғд аз ошкор шудани як ҷинояти нангини қатли падар аз дасти писар ва боздошти як дузди собиқадор барои ду дуздӣ хабар дод ва гуфт, имрӯз дар Конибодом ва атрофи ҳар як ҷиноятро ба куштори ахири 6 нафар дар деҳаи Санҷидзор рабт дода, “бо обу ранг ва қиссапардозӣ” паҳн мекунанд, ки дар зеҳни мардум эҳсоси тарсу таҳлукаро ба вуҷуд оварда истодаанд. Акбар Шарифӣ, сухангӯи РВКД вилояти Суғд дар гузориши вижааш бо номи “Ҳодисаҳои ҷиноятӣ дар Конибодом”, ки рӯзи 15 июни соли 2024 дар канали ”Пайки Суғд” дар Ютуб нашр шуд, ин амалҳоро “иғвогарӣ” номид ва хабар дод, ки мақомоти милитсия дар рӯзҳои ахир ду чунин ҷиноятро ошкор ва маълум карданд, ки дар асл ин ду ҷиноят ба ҳодисаҳои хунини Санҷидзор ягон рабт надоранд.
Аз ҷумла рӯзи 2 июни соли 2024 шаҳрванд Аброров Фаридун Қосимович, соли таваллудаш 1983, сокини кӯчаи Бобокалонови шаҳри Конибодом дар ҳолати мастӣ вобаста ба масъалаҳои оилавӣ ва молумулкӣ бо падари солхӯрдааш Аброров Қосим, соли таваллудаш 1948, ҷанҷол карда, дар ҷараёни муноқиша падарашро ду зарбаи корд задааст. Мӯсафеди 76-сола бар асари ҷароҳатҳои бардоштааш дар рӯи дастони писараш ба ҳалокат расидааст.
Худи Фаридун Аброров дар гузориш аз кардааш изҳори пушаймонӣ карда, мегӯяд, дигар як умр ҳамчун “фарзанди падаркуш” бадном шуд:
Милитсия гуфт, Фаридун Аброров дар аввал марги падарашро ҳамчун ҳодисаи нохуш ба қалам дода, мехост изи ҷинояташро рӯйпӯш кунад, вале ташхиси тиббию додгоҳӣ ва тафтиши ҷои ҳодиса бо шеваҳои фаврию тафтишотӣ ва криминалистикӣ дар марги падари ин хонадон аломатҳои марги маҷбуриро ошкор сохт. Модари Фаридун Аброров дар баёноташ тасдиқ кард, ки шавҳари ӯро фарзандашон кушт: “Туро ҳам мекушам, аяамро ҳам мекушам гуфту кордро гирифт ва мана гуфта, ба тарафи падараш партофт…”
Акбар Шарифӣ гуфт, фарзандони падаркушро дар ҷомиа “фарзанди нохалаф” меноманд ва “аз шунидани хабари қатли падар аз дасти писараш вуҷуди ҷомиаро саропо дард фаро мегирад”.
Ба зидди Фаридун Аброров бар асоси моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми одамкушӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд. Ба фарзанди падаркуш бар асоси ин банди қонун аз 6 то 25 соли зиндон ё ҳабси умрбод таҳдид мекунад.
Ҳамин тавр, сокини дигари Конибодом Умаров Рустам Ӯктамҷонович, соли таваллудаш 1979, ки қаблан бо ҷурми дуздӣ ду маротиба зиндонӣ шудааст, дар як ҳолат нисфи шаб бо нияти дуздӣ вориди як манзил дар бинои баландошёна дар кӯчаи 8 Март шуда, дар ҳолати дуюм низ шабона ба таври пинҳонӣ вориди чойхонаи “Баҳодур, воқеъ дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ шудааст. Дар чойхона шикори дузд барор гирифта, ӯ аз онҷо 400 сомонӣ пули нақд ва ҳамчунин аз яхдону анбори чойхона як миқдор маҳсулоти хӯроквориро ба яғмо бурдааст. Вале соҳиби хона дар кӯчаи 8 Март аз омадани дузд хабардор шуда, ҳушёрӣ нишон додааст ва ӯро водор ба фирор кардааст.
“Овози тақ-тақ баромад. Омада бинам, ки даричаи тиреза кушодагӣ. Даромаданӣ буд, ки ман дод задам тарафаш, ки ҳозир медорам туро! Баъди ин ӯ аз даруни полез гурехта, аз сари симтӯр парид ва ғайб зад. Ман ба милитсия хабар додам, онҳо зуд омаданд ва мо ҳамроҳ видеокамераҳои атрофро дидем, ман шинохтам ва гуфтам ба милитсия, ки ана ҳамин шахс!” – нақл мекунад ҷабрдидае, ки дузд ба хонааш даромаданӣ буд.
Ба зидди Рустам Умаров бар асоси моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми дуздӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд ва ба ӯ чанд соли зиндон таҳдид мекунад.
Аммо дар мавриди ягон пешрафт дар таҳқиқи куштори пурсарусадои якбора 6 узви ду оила дар деҳаи Санҷидзор дар канори шаҳри Конибодом дар гузориш чизе гуфта нашуд.
Акбар Шарифӣ, сухангӯи РВКД Суғд бидуни ироаи ягон тафсилот танҳо гуфт, ин ҳодиса “таҳти назорат ва тафтишу таҳқиқи ҳамаҷонибаи мақомот қарор дорад ва дар ин самт чораҷӯиҳои лозима андешида шудааст”. Дар анҷоми гузориш ӯ бори дигар таъкид кард, ки “пайдо шудани ҳаргуна овозаҳо вобаста ба шаҳри Конибодом ҳадафи нопоки афроди бадхоҳ аст, ки мехоҳанд тинҷию осоиштагии мардумро халалдор созанд”. Аммо сухангӯи милитсия мушаххас накард, ки манзураш аз ин “афроди бадхоҳ” кист?

