ДАР НОҲИЯИ ВОСЕЪ ХОНАИ ЭШОНИ АБДУСАТТОРРО “ДАВЛАТӢ” КАРДА, БА ДИГАР КАС ДОДААНД
Абдусаттор ва Сайидисҳоқ Бобоевҳо, ду зодаи ноҳияи Восеъ ва аз мухолифони фаъоли ҳукумати кунунии Тоҷикистон, ки чанд сол боз дар Аврупо ба сар мебаранд, рӯзи 27 июни соли 2024 хабар доданд, ки мақомоти ноҳияи Восеъ мехоҳанд хонаи падарии онҳоро “давлатӣ” карда, ба каси дигар бидиҳанд. Абдусаттор Бобоев, ки раҳбарии Кумитаи наҷоти зиндониёни сиёсиро бар ӯҳда дорад, дар як видео аз созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ хост, то аз ҳаққи онҳо дифоъ кунанд ва нагузоранд, ки мақомоти ноҳияи Восеъ хонаводаи онҳоро аз ягона мероси боқимонда аз волидонашон маҳрум кунанд.
Сайидисҳоқ Бобоев рӯзи 28 июн дар мусоҳиба бо пойгоҳи хабарии “Бомдод” нақл кард, ки хонаи падарии онҳо дар деҳаи Хоҷақайнари ҷамоати Кадучии ноҳияи Восеъ дар лаби ҳавзи машҳури Хоҷақайнар ҷойгир шудааст. Ӯ гуфт, падари онҳо Эшони Бобохӯҷа ҳанӯз соли 1953 сохта буд ва дар ин байн хонаашон чандин бор азнавсозӣ шудааст.
Сайидисҳоқ Бобоев нақл кард, ки онҳо 13 фарзанд: 6 писар ва 7 духтар буданд ва модарашон қабл аз марг ин хонаро ба 2 писараш: Эшони Абдусаттор ва Абдушукур Бобоев, ки писари хурдист, ҳамчунин ба духтараш Моҳира Бобоева ба мерос гузошт.
Хонаводаи Бобоевҳо як авлоди эшонҳои машҳур дар ноҳияи Восеъ буда, аксараш узви ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон буданд.
Соли 2015, вақте фаъолияти ҳизби наҳзат дар Тоҷикистон мамнӯъ шуд, чанд нафар аз ин хонавода, аз ҷумла мусоҳиби “Бомдод” Сайидисҳоқ Бобоев, ҳамчунин Абдусаттор ва Абдушукур Бобоевҳо, ду меросбари хонаи падарӣ ба Аврупо паноҳ бурданд. Моҳира Бобоева ҳамроҳи шавҳару фарзандонаш аз ҳамон вақт дар Эрон ба сар мебарад.
Сайидисҳоқ Бобоев гуфт: “Мо дар хонаи падарӣ писарамакамонро гузошта будем, ки зиндагӣ кунад. Вале тавре дарак ёфтем, ахиран мақомот омада, ӯро хабардор кардаанд, ки хонаро холӣ кунад, чунки хона ба каси дигар дода мешавад ва соҳиби нави хона ба наздикӣ кӯчида омада, ба сохтмони хонаи худаш дар ин ҷо сар мекунад”.
Ӯ мегӯяд, онҳо то ҳол дар бораи бар асоси чӣ қарор ва аз ҷониби кӣ имзошуда ба каси дигар додани хонааш ягон маълумоти аз ин бештар надоранд, зеро хешу таборашон дар Восеъ аз тарси таъқиби мақомот метарсанд бо онҳо тамос бигиранд.
Сайидисҳоқ Бобоев “давлатӣ” кардани хонаи падариашон дар ноҳияи Восеъро интиқоми мақомот барои фаъолиятҳои оппозитсионии ӯву бародараш Абдусаттор Бобоев, бахусус дар Кумитаи наҷоти зиндониёни сиёсӣ мешуморад.
Мақомоти ноҳияи Восеъ то ҳол ин хабарро ягон шарҳ надодаанд, вале дар ин авохир алакай дар бораи чандин мавриди кӯшиши “давлатӣ” кардани манзилҳои марбут ба фаъолони мухолифини тоҷик аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон хабарҳо ба даст расидаанд.
Аз ҷумла Салим Султонзода (Исобоев), сухангӯи Паймони миллии Тоҷикистон, як эътилофи дар худи ҷумҳурӣ феълан мамнӯи нирӯҳои мухолифини тоҷик, моҳи майи соли ҷорӣ хабар дод, ки мақомоти ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд қитъаи заминеро, ки додари ӯ Ҳалим Исобоев ҳанӯз соли 2008 дар он хона сохта буд, “давлатӣ” кардаанд ва ҳоло тавассути додгоҳ талаб доранд, то додари ӯ ҳамроҳи зану ду фарзандаш он хонаро холӣ кунад. Дар аризаи даъвогие, ки аз номи мақомоти иҷроияи ноҳияи Зафаробод ва бо имзои раиси ноҳияи Зуфар Исмоилзода ба унвони раиси додгоҳи Зафарабод навишта шудааст, таъкид шудааст, ки аҳли оилаи Ҳалим Исобоев бояд аз он хонаи даъвогӣ “бе додани дигар манзили истиқоматӣ кӯчонда шаванд”.
Салим Султонзода қарори “давлатӣ” кардани хонаи бародари хурдиашро “сиёсӣ” ва “интиқоми мақомот” барои фаъолиятҳои сиёсии оппозитсиониаш номид.
Дар номаи раиси ноҳияи Зафаробод ба додгоҳ гуфта мешавад, ки дар ҳақиқат бо қарори раиси ҷамоати шаҳраки Зафаробод аз 6 июни соли 2008 таҳти №58 қитъаи замини манзили истиқоматии воқеъ дар деҳаи Логин ба номаи шаҳрванд Исобоев Салим дода шуда буд, вале дар асоси эътирози додситони ноҳия “бино бар ғайриқонунӣ буданаш”, боз ҳам бо қарори дигари раиси ҷамоати шаҳраки Зафаробод аз 4 майи соли 2024 таҳти №06 он қарори қаблӣ бекор карда шуд.
Раиси ноҳия дар номааш навиштааст, ки дар он қитъаи замини ба Салим Исобоев ҷудо шуда гӯё “аз тарафи шахси номаълум манзили истиқоматӣ сохта шудааст” ва аз ин сабаб, дар асоси амри раиси ноҳия аз 15 майи соли 2024, таҳти №28, ин “хонаи берақам” дар деҳаи Логин “ҳамчун моликияти бесоҳиб ва ғайриқонунӣ сохташуда” давлатӣ карда шуд.
Раиси ноҳия менависад, ки феълан дар он хона “ҷавобгарон” Ҳалим Исобоев бо ҳамсараш Саёҳат Саидова ва 2 фарзандашон Фирдавс ва Дурдонахони ноболиғ зиндагӣ доранд, ки ҳарчанд аз тарафи мақомоти ноҳия якчанд маротиба огоҳ карда шуданд, ки он хонаро холӣ кунанд, вале онҳо “саркашӣ карда истодаанд, ки маҷбур шудем ба суд муроҷиат намоем”.
Раиси ноҳия аз додгоҳи Зафаробод хостааст, ки “ҷавобгарон”, яъне Ҳалим Исобоевро бо зану ду фарзандаш “бе додани дигар манзили истиқоматӣ” аз он “хонаи берақам” бикӯчонанд.