ВидеоТоҷикистонҲодисаҶомеа

ДИГАР ТАКРОР НАШАВАД! ОГОҲИИ ҚАТЪӢ БА БЛОГЕР “ГУЛЯ” БАРОИ АКСУ НАВОРҲОИ НИМАУРЁН

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 23 июни соли 2024 аз боздошти боз як зани блогер барои нашри аксу наворҳои нимурёну ғайриахлоқӣ хабар дод. Ин бор ба дасти мақомот блогер бо лақаби “Гуля” афтодааст, вале ин навбат танҳо бо як огоҳӣ ва ваъдаи дигар такрор накардани чунин аъмол халос хӯрдааст.

Бино ба иттилои нашршуда, кормандони мақомоти милитсияи пойтахт дар асоси муроҷиатҳои зиёди шаҳрвандон барои нашру паҳнсозии аксу наворҳои нимурёну ғайриахлоқӣ, шаҳрванд Ҷӯраева Мукаррамахон Беҳзодовна, санаи таваллудаш 15.07.2000, истиқоматкунандаи шаҳри Душанберо дастгир ва ба мақомоти милитсия дастрас намуданд.

Маркази матбуоти милитсияи Душанбе гуфт: “Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки номбурда низ муддатест дар шабакаи иҷтимоии Инстаграм саҳифаи худро таъсис дода, мунтазам расм ва наворҳои нимурён ва берун аз одобу ахлоқ, ки ба шаъну шарафи зан-модари тоҷик иснод меоварад, паҳн кардааст. Чунин кирдорҳои номбурда боиси эроду вокунишҳои манфии шаҳрвандон гардида, аз мақомоти милитсия дархост намуданд, ки ба амалҳои ӯ баҳои ҳуқуқӣ дода шавад.  Зимни сӯҳбат ва баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ Ҷӯраева Мукаррамахон аз амалҳои содирнамудаи худ сидқан изҳори пушаймонӣ намуда, ҳамзамон ҷиҳати минбаъд ба чунин кирдор даст назадан, қатъиян огоҳонида шуд”.

Худи “Гуля” барои шарҳи моҷаро дастрас нест.

Бо назардошти ҳолатҳои мазкур, Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе шаҳрвандонро огоҳ месозад, ки зимни истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ аз доираи одобу ахлоқ ва талаботи қонунҳои амалкунанда берун нараванд, зеро ҳар амалу рафтори ношоиста ҷавобгарӣ дар назди қонун дошта, ба ахлоқ ва тафаккуру андешаи наврасон низ бетаъсир намемонад.

Чунин ба назар мерасад, ки баъди ба раҳбарии милитсияи пойтахти Тоҷикистон омадани генерал Шоҳрух Саидзода, дар шаҳри Душанбе мубориза бо занони блогере, ки аз ҳисоби нашри аксу видеоҳои нимаурён обуначӣ ва лайк ҷамъ мекарданд, тақвият ёфтааст. Дар ду рӯзи охир “Гуля” инак дуюмин ҷавонзани блогер аст, ки бо чунин иттиҳом дастгир мешавад.

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 22 июни соли 2024 аз боздошти Ҳусноро Муҳаммадиева ном як ҷавонзани блогери 26-солаи сокини кӯчаи С.Айнӣ бо иттиҳоми нашри аксу наворҳои нимаурёну ғайриахлоқӣ ва, ба ақидаи милитсияи пойтахт, “берун аз одобу ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ва дур аз оини миллӣ” хабар дод. Милитсия гуфт, ба зидди Муҳаммадиева протокол тартиб дода, барои чораҷӯӣ ба додгоҳ супурдаанд.

Мутаассифона, як бахши аъзами занону духтарони блогер аз Тоҷикистон асосан аз ҳисоби ҷилваву нозу ишва дар рӯбарӯи дурбини камера тамошобин ҷамъ мекунанд. Бархеи онҳо дар ин “пойга” барои лайку тамошобини бештар аз марзи ахлоқу одобро поймол карда, видеоҳое мегузоранд, ки бисёре аз корбарон онҳоро барои зану духтари тоҷик амали шармовар мешуморанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Миллату қавми маро роҳи хато кӯр кардаст! гуяд:

    Интернет тобеъи ҳеч дину фарҳанг ва ахлоқу тарбияти хоссе нест, ҳар касе вориди интернет шавад, гирифтори он шавад. Интернет моли ғарбӣ аст, тоҷикон моли шарқӣ, танҳо шахсони бошуур ғолиби интернет хоҳанд шуд. Шохрух саидзодаро “тафсифу тамҷид” накунед, қабл аз таъини ӯ, барномаи “пешгирӣ” аз бадахлоқӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби мақомот ба назар мерасид. Дар зимн, ҳамин мақомот аст, ки видеоҳои “бадахлоқии муллоҳо”-ро натанҳо дар интернет, балки дар телевизионҳои давлатӣ нашр мекунад.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button