ВидеоСиёсатТоҷикистон

САИДҶАЪФАР УСМОНЗОДА ФИКР НАМЕКАРД, КИ ҲАБСАШ МЕКУНАНД…

Саидҷаъфар Усмонзода, вакили парлумони Тоҷикистон ва раҳбари пешини Ҳизби демократ, ки ҳоло бо иттиҳоми вазнини “ғасби ҳокимият” дар ҳабс қарор дорад, қабл аз боздошташ ба ин ки ҳабсаш мекунанд, бовар надоштааст.

Дар ин бора рӯзи 25 июни соли 2024 дар суҳбат бо пойгоҳи хабарии “Бомдод” як журналисти тоҷик хабар дод. Ин журналист, ки ба далелҳои амниятӣ номашро нашр намекунем, бо Усмонзода рӯзи 12 июн, ҳамагӣ соате ё сооте қабл аз боздошташ телефонӣ суҳбат кардааст.

Ӯ гуфт: “Албатта, аз сарусадоҳое, ки дар атрофаш он рӯзҳо бархоста буд, нигарон буд, вале аслан фикр намекард, ки кораш то ба ҳабс ва он ҳам бо иттиҳоми ҷиддии “ғасби ҳокимият” мекашад. Нигарониаш беш аз сабаби барканориаш аз раҳбарии Ҳизби демократ буд ва бар он меандешид, ки оё кадом амалаш сабаби чунин қаҳри мақомот шудааст? Азбаски тасмими вазорати адлияро дар бораи раҳбари нави Ҳизби демократ эътироф кардани Шаҳбози Аброр ба чолиш кашонда буд, интизор дошт, ки мақомот ҳатман барои ин чораи ҷавобие хоҳанд андешид, вале ҳеҷ гумон надошт, ки оқибати кораш пушти панҷара хоҳад буд”.

Дар ин суҳбати телефонӣ Усмонзода нигарониҳои худро дар бораи сарнавишташ низ дар байн гузоштааст. Ҳамсуҳбати “Бомдод” гуфт: “Ӯ фикр дошт, ки мақомот шояд ӯро акнун аз ҳаққи вакилӣ маҳрум хоҳанд кард. Аммо бовар дошт, ки вакилони Маҷлиси намояндагон аз вай ҳимоят мекунанд. Ҳатто нақл кард, ки бо чанде аз вакилони бонуфуз ин масъаларо пурсидааст ва онҳо гӯё Усмонзодаро итминони хотир додаанд, ки барои бекор кардани мандаташ овоз нахоҳанд дод. Онҳо гӯё гуфтаанд, ки то анҷоми ваколати онҳо ҳамагӣ чанд моҳи дигар мондааст ва дигар зарурате нест, ки ягон вакилро аз мандат маҳрум карда, барои ҳамагӣ чанд моҳ аз нав интихоботи миёндавраӣ доир кунанд. Ҷолиб он аст, ки Усмонзода содадилона бовар карда буд, ки вакилони парлумон ба зидди ӯ овоз нахоҳанд дод”.

Додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон рӯзи 12 июн аз вакилони Маҷлиси намояндагон бекор кардани дахлнопазирии вакилии Усмонзода ва иҷозати ҳабси ӯро дархост кард. Ҳамаи 56 вакиле, ки он рӯз дар иҷлосия иштирок доштанд, бар хилофи интизори Усмонзода, ин дархостро якдилона пуштибонӣ карданд.

Юсуф Раҳмон ба вакилон аз боз шудани парвандаи ҷиноятӣ ба зидди Усмонзода ва дигарон бо иттиҳоми ғасби ҳокимият хабар дод ва аз ҷумла Усмонзодаро ба он айбдор кард, ки ҳанӯз моҳи сентябри соли 2021 бо яке аз намояндагони мухолифин Шарофиддин Гадоев пиромуни ташкили табаддулот дар Тоҷикистон маслиҳат кардааст ва Гадоев гӯё аз номи раиси ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ ба Усмонзода барои амалӣ сохтани ин нақша ваъдаи кумаки пулӣ ва ирсоли беш аз 3 ҳазор ҷангӣ аз хориҷро додааст. Гадоев ва Кабирӣ ин иттиҳомро рад мекунанд.

Юсуф Раҳмон дар парлумон ҳамчунин гуфт, ки “Саидҷаъфар Усмонзода барои содир намудани ин ҷиноят аз намояндаи яке аз давлатҳои хориҷӣ барои ҷалби шахсони бонуфуз ва ташкил кардани гирдиҳамоиҳо 10 миллион доллари Амрико хоҳиш кардааст”. Аммо ӯ ишорае накард, ки Усмонзода аз намояндаи кадом кишвар барои ғасби ҳокимият 10 миллион доллар кумаки молиявӣ хостааст?

Шарофиддин Гадоев қаблан ба “Бомдод” гуфт, сухан дар бораи як генерали амниятии Русия меравад, ки дар поёни моҳи март  ба таври махфӣ ба Тоҷикистон омада, бо чанд нафар, аз ҷумла бо Усмонзода, суҳбат кардааст. Мақомоти Тоҷикистон то ҳол инро шарҳ надодаанд.

Мақомот дар бораи парвандаи Усмонзода тафсилоти дигар намедиҳанд ва танҳо гуфтаанд, ки ба ин парванда муҳри махфӣ задаанд. Вале манобеи ғайрирасмӣ аз боздошту бозпурсии даҳҳо нафар дар чорчӯби ин парванда хабар медиҳанд. Дар байни онҳое, ки гӯё боздошт шудаанд, аз ҷумла собиқ иҷрокунандаи вазифаи президенти Тоҷикистон ва раиси собиқи Шӯрои олӣ Акбаршо Искандаров ва вазири собиқи корҳои хориҷии Тоҷикистон ва сафири собиқи ин кишвар дар Амрико ва Япония Ҳамрохон Зарифӣ низ ном бурда мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button