ИСЁНИ МӮСАФЕДОН: ДАР ПАСИ ПАРВАНДАИ “ҒАСБИ ҲОКИМИЯТ” КӢ Ё ЧӢ МЕИСТАД?

Парвандаи Саидҷаъфар Усмонзода, вакили парлумони Тоҷикистон ва раҳбари пешини Ҳизби демократ, ки бо иттиҳоми вазнини “ғасби ҳокимият” ҳабс шудааст, бо мавҷи бозҷӯиҳои даҳҳо тан аз шахсиятҳои шинохта ва боздошти чанд тани онҳо, тавре ба назар мерасад, ба яке аз пурсарусадотарин парвандаҳои сиёсии солҳои охир дар кишвар табдил мешавад.
Дар доираҳои журналистӣ ва коршиносӣ бо ишора ба синну соли афроде, ки дар чорчӯби ин парванда бозҷӯӣ ё боздошт шудаанд, ин қазияро ҳатто “исёни мӯсафедон” ё “исёни нафақахӯрон” ном мебаранд. Дар ҳақиқат синни аксари муттаҳамону гумонбаршавандагон дар ин парванда ҳадди ақал аз 60 боло ва бархеаш ҳатто алакай кайҳо аз синни 70 гузашта, пой дар хонаи 80 гузоштаанд. Умумияти дигари онҳо аксаран аз ноҳияи Фархор буданашон аст.
Барои мисол, “қаҳрамон”-и асосӣ дар ин парванда Саидҷаъфар Усмонзода зодаи ноҳияи Фархор буда, 63 сол дорад. Вазири собиқи корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ, ки низ рӯзи 12 июн, дар як рӯз бо Усмонзода дастгир шуд, 75 сол дорад ва низ аз Фархор аст.
Журналист Аҳмадшоҳи Комилзода ва собиқ иҷрокунандаи вазифаи президенти Тоҷикистон ва раиси Шӯрои олӣ Акбаршо Искандаров аз Фархор нестанд, вале синни ҳарду алакай аз 70 гузаштааст. Комилзода 18 декабри соли 1952 дар деҳаи Яхчи ноҳияи Комсомолобод (ҳоло Нуробод) ва Акбаршо Искандаров 1 августи соли 1951 дар деҳаи Кеврони ноҳияи Қалъаи Хумб (ҳоло Дарвоз) ба дунё омадаанд.
Ин афрод алакай ба синне расида буданд, ки аз ҳама мансабҳои пасту баланди давлатӣ канор рафта, ба нафақа баромада буданд ва мебоист дар ҳалқаи фарзандону наберагон даврони пирӣ биронанд. Ҳамин паҳлуи мавзӯъ бисёриҳоро ба дар воқеъ азми табаддулот ва ғасби ҳокимият доштани ин шахсиятҳо машкук мекунад. Хусусан дар мавриди нафароне, чун Зарифӣ ё Искандаров, ки тамоми тӯли роҳи зиндагии онҳо баёнгари сифатҳои комилан баракси онҳост. Ҳам Зарифӣ ва ҳам Искандарво шахсони хеле ботавозун, фурӯтан ва бидуни амбитсия ё ғаразҳои сиёсӣ ба назар мерасиданд ва тавре ёд дорем, соли 1992 Искандаров ҳатто алорағми хости гуруҳҳои мусаллаҳи мустақар дар пойтахт пешниҳоди дар Қасри Арбоб баргузор кардани иҷлосияи 16уми Шӯрои олиро пазируфт ва дар он иҷлосия курсии раҳбари аввали ҷумҳуриро бидуни ягон мухолифат ба Эмомалӣ Раҳмон супурда буд.
Мақомот дар ин парванда ба ҷуз аз худи Саидҷаъфар Усмонзода то кунун боздошт ва ба чӣ муттаҳам шудани ягон нафари дигар аз онҳоеро, ки овозаи ҳабс шуданашон дар ҳама ҷо мечархад, шарҳ надодаанд. Додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон рӯзи 12 июн, вақте аз вакилони Маҷлиси намояндагон бекор кардани дахлнопазирии вакилии Усмонзода ва иҷозати ҳабси ӯро дархост мекард, гуфта буд, ки ба зидди ба зидди Усмонзода ва дигарон бо иттиҳоми ғасби ҳокимият парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ӯ шарҳ надод, ки “ва дигарон” киҳоянд?
Иттиҳомоти зидди Усмонзода низ расман нашр шудаанд, ки бар асоси онҳо, гӯё ӯ ҳанӯз соли 2021 нақшаи ғасби ҳокимиятро бо намояндаи мухолифин Шарофиддин Гадоев маслиҳат карда, аз ӯ ваъда гирифтааст, ки дар ин кор раҳбари мухолифин Муҳиддин Кабирӣ бо пул ва ирсоли беш аз 3000 ҷангҷӯи “Ҷамоати Ансоруллоҳ” кумакаш хоҳад кард. Кабирӣ ва Гадоев инро рад мекунанд.
Иттиҳоми дигари зидди ӯ ташкили гуруҳҳо барои амалӣ сохтани нақшаи ғасби ҳокимият дар дохили ҷумҳурӣ ва ахиран аз намояндаи як кишвари хориҷӣ дархост кардани 10 миллион доллар аз ҷониби Усмонзода гӯё барои анҷоми табаддулот аст. Юсуф Раҳмон номи он кишвари хориҷиро ном набурд, вале Шарофиддин Гадоев иддао дорад, ки сухан дар бораи як генерал аз ниҳодҳои амниятии Русия меравад, ки гӯё дар пайи ҳамлаи “Крокус” дар поёни моҳи март бо сафари махфӣ ба Тоҷикистон омада, бо чанд нафар суҳбатҳои маҳрамона анҷом додааст ва мақомот аз ин хабар ёфта, ҳоло ҳамаи онҳоеро, ки пои суҳбати он генерал нишаста буданд, бозҷӯӣ карда истодааст.
Тафтиши ин иддао тавассути манобеи дигар имкон надорад.
Мухолифин ва ҳамин тавр, бисёре аз нозирони умур ба инки Русия қасди анҷоми табаддулот дар Тоҷикистонро дошта бошад, бовар намекунанд. Як ҳамсуҳбати “Бомдод” гуфт: “Президенти Русия Владимир Путин бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон ягон ихтилофи назари хеле ҷиддие надорад, ки барои барандохтани ӯ аз қудрат азм кунад. Он ҳам дар ҳоле, ки Путин баъди ҷанги Украина худ дар як ҳолати инзивои байналмилалӣ қарор гирифта, ҳар як муттаҳиди ангуштшумори дар гирдаш боқимондаро бояд мисли гавҳараки чашм эҳтиёт кунад. Қабл аз буҳрони Украина ҳам чунин ба назар мерасид, ки Путин аз барандохтани ҳокимони собиқ Шӯравӣ дида, бештар ба забонкӯтоҳу бештар вобастаи худ кардани онҳо ба ягон василаву фишанг майл нишон медиҳад. Намунаи барҷастаи ин президенти Беларус Александр Лукашенко аст, ки ҳоло саропо мутеи Кремл шудааст ва аз ҳокими як вилояти Русия фарқи чандоне намекунад”.
Фарзияи дигар марбут ба рақобати байни гуруҳҳои мухталиф дар доираҳои ҳокими Тоҷикистон ва кӯшиши кӯтоҳтар кардани дасти клани Фархор аст, ки ба сари худ як мавзӯи алоҳида аст.
Аммо хомӯшии тӯлкашидати мақомоти Тоҷикистон дар гирди пурсарусадотарин парвандаи солҳои охир табиист, ки ба оташи овозаҳо ва ҳадсу гумонҳо дар атрофи парвандаи “ғасби ҳокимият” равғани бештар мерезад ва боиси ба вуҷуд омадани овозаҳо ва фарзияву ҳадсу гумонҳои нав ба нав дар атрофи ин қазия мешавад.