ВидеоДин ва боварҳоМуҳоҷирон

ҶАВОНИ ТОҶИКИСТОНИЕ, КИ ШАМЪҲОРО ДАР КАЛИСО ХОМӮШ КАРД, БЕМОРИИ РӮҲӢ ДОШТААСТ

Сарраёсати тафтишоти шаҳри Маскав рӯзи 24 июни соли 2024 аз анҷоми тафтиши парвандаи шаҳрванди 20-солаи Тоҷикистон Бӯтаев Аскар Алиҷонович, ки ба хомӯш кардани шамъҳо дар як маъбади православӣ дар ҷанубуғарби пойтахти Русия айбдор мешуд, хабар дод. Тафтишот бар асоси натиҷаи ташхиси равонии Бутаев ба хулосае омад, ки ӯ ҳангоми хомӯш кардани шамъҳо ба далели бемории равонӣ доштанаш масъули амали худ набуд ва хатараш ба ҷомиаро дарк намекард. Тафтишот хулоса додааст, ки Аскар Бутаев бояд дар бемористони бемориҳои руҳӣ таҳти табобати маҷбурӣ қарор дода шавад.

“Тафтиши парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба шаҳрванди 20-солаи Тоҷикистон бо иттиҳоми  поймол кардани ҳуқуқи шаҳрвандон ба озодии дин ва озодии эътиқод (қисми дуюми моддаи 148 Кодекси ҷиноятии Русия) ба охир расид. Парванда бо қарори ба табобати маҷбурӣ фиристодани муттаҳам ба додгоҳ супурда шуд “, – хабар додаанд ба хабаргузории русии ТАСС дар хадамоти матбуоти Сарраёсати тафтишоти шаҳри Маскав.

Додгоҳи ноҳияи Зюзинои шаҳри Маскав рӯзи 19 июни соли 2024 шаҳрванди 20-солаи Тоҷикистон Бӯтаев Аскар Алиҷоновичро барои хомӯш кардани шамъҳо дар як маъбади православӣ барои ду моҳ, яъне то 18 августи соли 2024  ба ҳабс гирифта буд.

Бино ба фарзияи тафтишот, Аскар Бӯтаев рӯзи 18 июни соли 2024 рӯзона ба маъбади Фёдор Ушаков, воқеъ дар минтақаи Южное Бутово, дар наздикии истгоҳи метрои “Бульвар адмирала Ушакова”,  омада, дар дохили маъбад “нисбат ба мазҳаби православӣ беэҳтиромӣ зоҳир карда, бо мақсади таҳқири эҳсосоти динии пайравони мазҳаби православӣ  шамъҳоеро, ки диндорон дар ҷараёни маросими динӣ фурӯзон карда буданд, хомӯш кардааст”. Сарраёсати тафтишоти Маскав гуфт, ба болои ин, Бӯтаев баъди хомӯш кардани шамъҳо як зани намозгузорро, ки ба рафтораш эрод гирифта буд, тела додааст.

Дар видеое, ки намозгузорон сабт карда буданд, дида мешуд, ки як ҷавон ҷойнамоз дар даст вориди маъбад шуда, шамъҳоро хомӯш мекунад ва парвое ҳам надорад, ки ӯро дар ин лаҳза дар видео сабт карда истодаанд.

Бино ба иттилои дарёфтии “База”, “Аскар ҳамагӣ чанд рӯз қабл ба Маскав омада, дар як ҳостел дар қарибии маъбади Фёдор Ушаков зиндагӣ мекард”.

Ба Аскар Бутаев бар асоси моддаи 148 Кодекси ҷиноятии Русия барои таҳқири эҳсосоти мазҳабӣ ҳамчун ҷазо ҷарима ё ҳукми зиндон таҳдид мекард. Бӯтаевро, ки шаҳрванди хориҷист, баъди адои ҷазо метавонист аз Русия депортатсия ҳам кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button