ОШКОР ШУДАНИ 6 ҲОЛАТИ БА НОБОЛИҒОН ФУРӮХТАНИ МАШРУБОТ ДАР ДУШАНБЕ

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 29 июни соли 2024 аз ошкор шудани 6 ҳолати ба ноболиғон фурӯхтани машрубот танҳо дар як ноҳияи Шоҳмансури пойтахти Тоҷикистон хабар дод.
Гуфта мешавад, кормандони милитсияи пойтахт бо мақсади ошкор кардан ва пешгирии фурӯши ғайриқонунии машрубот ва маҳсулоти тамоку амалиёти мақсадноки санҷишӣ мегузаронад ва дар дар натиҷаи санҷиш ддар авоми як ҳафтаи охир танҳо дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони милитсия 6 ҳолати ба ноболиғон фурӯхтани машрубот ошкор карда шуд.
Аз ҷумла, шаҳрвандон Нафасов Бунёд, Фирдавси Маҳмадназар, Беков Сиддиқ, Халифазода Фаридун, Икромиддинов Ҷалолиддин ва Ғафуров Абдулфайз, ҳамааш сокинони шаҳри Душанбе, “дидаву дониста ба ноболиғон машруботро ба фурӯш гузошта, бо мақсади ба даст овардани манфиати ночизе талаботи қонунгузории кишварро сарфи назар кардаанд”.
Вобаста ба ҳолатҳои мазкур нисбати номбурдагон тибқи талаботи моддаи 464, қисми 3 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, онҳро ҷарима бастаанд.

Милитсияи Душанбе дар пайи нашри ин хабар дар як муроҷиатнома бори дигар ба шаҳрвандон хотиррасон кард, ки фурӯши машрубот ва маҳсулоти тамоку ба ноболиғон қатъиян манъ аст!
Дар муроҷиатнома чунин гуфта шудааст:
“Гарчанде тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ноболиғон фурӯхтани маҳсулоти тамоку, машрубот ва моддаҳои психотропию сахттаъсир қатъиян манъ гардида бошад ҳам, вале баъзе аз соҳибкорон бо мақсади ба даст овардани манфиат ба ин амали нангин даст мезананд.
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба он нафароне, ки ба фурӯши машрубот ва маҳсулоти тамоку машғуланд, муроҷиат намуда, таъкид месозад, ки бо мақсади ба даст овардани манфиати ночизе ояндаи наврасонро зери хатар нагузоранд.
Мақомоти милитсияи пойтахт, дар робита ба масъалаи мазкур як қатор чорабиниҳои мақсаднок ва рейду амалиёти санҷиширо таҳия ва амалӣ намуда истодаанд.
Нисбати афроде, ки ба ноболиғон машрубот ва маҳсулоти тамоку мефурӯшанд, тибқи талаботи моддаҳои 463 иловаи 2 ва 464 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷаримабандӣ карда мешаванд. Дар ҳолати такроран содир намудан, нисбати чунин фурӯшандагон тибқи талаботи қонунгузорӣ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ то 15-шабонарӯз татбиқ мегардад”.
Бисёриҳо аз ин муроҷиатнома истиқбол карда, аз мақомот хостаанд, ки ба ноболиғон фурӯхтани носро низ қонунан манъ кунанд.

