“ЗӮРИ СЕ ЧЕЧЕН БА БАЧАИ ВАНҶӢ НАРАСИД”: ВИДЕО АЗ ҶОИ ҲОДИСА ВА ТАФСИЛОТИ ҶАНГИ ХИСРАВ ФАЙЁЗОВ БО ЧЕЧЕНҲО ДАР ТВЕР

Ба дасти идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” сабти видеоии лаҳзаи занозании чеченҳо бо як бачаи тоҷик дар назди фурӯшгоҳи “Рубин” дар шаҳри Твери Русия расид. Ин ҳамон бачаи тоҷикест, ки расонаҳои русӣ ахиран навиштанд, ки гӯё чеченҳо барои гап партофтан ба як духтари чечен ҳарду пояшро аз кулчаи зону зада шикастаанд.
Аммо чанд нафар аз тоҷикҳои огоҳ аз ҷараёни ин ҳодиса бо “Бомдод” дар тамос шуданд ва гуфтанд, асли воқеа аз ончӣ ки расонаҳои Русия тасвир кардаанд, комилан фарқ мекунад.
Ҳамсуҳбатони “Бомдод” гуфтанд, қаҳрамони асосии ин моҷаро Хисрав Файёзов ном дошта, соли таваллудаш 1996 ва худаш зодаи деҳаи Мдехарви ноҳияи Ванҷи вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст. Мдехарв, ё номи дигараш Дуршер дар мавзеи Ванҷи боло ҷойгир шудааст.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони “Бомдод”, чеченҳо ягон пойи Хисравро нашикастаанд, баракс Хисрав Файёзов ҳарсе чеченро латтукӯб карда, ҳатто пистолети якеи онҳоро аз дасташ кашида гирифтааст.
Бино ба нақли ҳамсуҳбатони “Бомдод”, дар ҳақиқат, Хисрав Файёзов дар фурӯшгоҳи “Рубин” ба як духтари чечен гап партофтааст.
“Ку ҷавоне, ки ягон духтари хушрӯро бинаду гап напартояд? Хисрав ҳам ҷавонӣ карда, гап партофтааст. Вале духтари чеченӣ аз ин озурда шуда, Хисраворо бо телефонаш видео кардааст ва таҳдид кардааст, ки ба бародаронаш хабар медиҳад. Хисрав ҳам, ки бачаи машқӣ ва нотарс аст, гуфтааст, омода аст, бо ҳар касе, ки ба сараш меояд, гап занад. Баъд як чечен телефони Хисравро ёфта, ба ӯ занг задааст ва ба суҳбати як ба як ба ҳамон фурӯшгоҳи “Рубин”, ки калонтар фурӯшгоҳ дар Твер аст, даъваташ кардааст. Хисрав хеста, тани танҳо ба суҳбати як ба як рафт. Аммо чеченҳо номардӣ карда, секаса омадаанд. Онҳо ба Хисрав, ки дар як ошхонаи “Рубин” таом мехӯрд, гуфтаанд, ки берун бароем ва гап занем. Ҳарчанд онҳо секаса буданд, Хисрав натарсидааст ва омирона ба онҳо гуфтааст, ки баромада, дар берун биистед, ман хӯрокамро хӯрам, меоям”, – нақл мекунанд бачаҳои Ванҷ.
Дар берун се чечен якҷоя ба Хисрав дарафтода, ӯро заданӣ шудаанд. Аммо Хисрав, ки ҷавони машқӣ аст, зарбаҳои онҳоро мегардонад ва худашонро зери мушту лагат мегирад. Дар ҳамин асно, яке аз чеченҳо пистолет мебарорад, вале Хисрав пистолети ӯро ҳам аз дасташ мегирад.
“Кор дигар ба истифодаи силоҳ гузашт ва Хисрав низ ду чеченро чанд зарбаи корд зада, якеи дигарашро латтукӯб кардааст. Пойи ӯро чеченҳо нашикастаанд. Вақти фирор аз маҳалли занозанӣ Хисрав пешпо хӯрда, афтод ва пояш ҳамон вақт зарб хӯрд”, – нақл мекунанд ҳамсуҳбатони “Бомдод”.
Лаҳзаи яке аз чеченҳоро корд задани Хисрав Файёзов дар ин видео дида мешавад.
Он се чечен баъди шаттаву корд хӯрданашон ба пулис шикоят кардаанд ва пулис Хисрав Файёзов ва ҳамхонаҳои ӯ Абдулло Алиев ва Шерафканро ҳам дастгир кардааст.
“Ин ду нафар дар он муноқиша даст надоштанд. Шерафкан, ки ноболиғ аст ва ҳамагӣ 17 сол дорад. Дар видео Шерафкан дида мешавад, ки дар пушташ сумкаи калон аст ва барои машқ ба толори варзишӣ рафта истодааст. Вале дар видео ҳам хуб дида мешавад, ки ӯ аз паҳлуи онҳое, ки занозанӣ доранд, гузашта меравад ва ҳамроҳ намешавад ба он муноқиша”, – нақл карданд ҳамсуҳбатони “Бомдод”. Онҳо мегӯянд, қиссаи гӯё барои интиқоми хоҳарашонро гирифтан ба Маскав рафтану дар онҷо пайдо кардани Хисрав низ бофта аст, чунки Хисрав дар Твер зиндагӣ мекунад, на дар Маскав. Ба гуфтаи онҳо, “дар Маскав як гуруҳи чеченҳо тасодуфан як бачаи ванҷиеро, ки аслан аз Мдехарв нест ва Хисравро ҳатто намешиносад, ёфта, латтукӯб кардаанд ва маҷбур карданӣ шудаанд, ки аз чеченҳо барои рафтори Хисрав узр бипурсад. Вале он ҷавон низ инро рад кардааст ва гуфтааст, аслан аз ин моҷаро хабар надорад ва ягон гуноҳе накардааст, ки аз касе узр бипурсад”.
Ёдовар мешавем, рӯзи 17 июни соли 2024 Телеграм-канали Readovka хабар дод, ки зодагони Чеченистон барои озурдани хоҳарашон ҳарду кулчаи зонувони ҷавони тоҷикро зада шикастанд ва пулис дар пайи ин ҳодиса, иштирокчиёни моҷароро аз ҳарду тараф дастгир кардааст..
Бино ба фарзияи Readovka, дар як фурӯшгоҳи Твер як ҷавони тоҷик ба як духтари чечен гап мепартояд. Ин ба духтар хуш намеояд ва ӯ пешниҳоди ҷавон барои шинос шуданро рад мекунад. Ҷавон аз ин озурда шуда, ба рӯи духтар ҳарфҳои ноҷо мезанад. Духтар инро ҳамчун таҳқир қабул карда, телефонашро мебарорад ва ҷавони тоҷикро сабт карда, таҳдидаш мекунад, ки сабтро ба бародаронаш мефиристад, то чораи ҷавонро бубинанд. Ҷавон, тавре дар сабт дида мешавад, ин таҳдидро ҷиддӣ намегирад ва ҳатто худаш ба духтар “маслиҳат” медиҳад, ки ӯро тавре сабт кунад, ки дар видео хушрӯтар намудор шавад.
Аммо ба фарқ аз ин ҷавон, бародарони духтар масъаларо ҷиддӣ гирифта, гӯё дар пайи ҷустуҷӯи ҷавон шуда, дар ниҳоят вайро дар Маскав ёфтаанд ва бо шикастани пойҳояш ҷазо додаанд.
Иддаое, ки бачаҳои Ванҷ бофта меноманд ва рад мекунанд.