ВидеоМинтақа ва ҷаҳон

ВИДЕО +18: ҲАМАИ 6 МАҲБУСИ ГАРАВГОНГИРРО ДАР РОСТОВ КУШТАНД

Рӯзи 16 июни соли 2024, баъди онки музокирот бо гаравгонгирон бо миёнаравии муфтии вилояти Ростов натиҷа надод, ҳамаи 6 гаравгонгиреро, ки дар СИЗО №1 дар шаҳри Ростови лаби Дон ду корманди ин муассисаро гаравгон гирифтанд, ҳангоми ҳамла куштанд. Мақомот мегӯянд, ҳангоми ҳамла касе аз гаравгонҳо осеб надидааст. Вале дар видеои аз маҳалли қатли гаравгонгирҳо нашршуда дида мешавад, ки дастикам ду нафар аз гаравгонгирҳоро зинда гирифтаанд, чунки дастонашон аз пушт бо завлона баста дида мешаванд. Зоҳиран чунин ба назар мерасад, ки баъди боздошташон тасмим ба куштани онҳо омадааст.

Дар видео ҷасадҳои маҳбусони кушташударо намоиш медиҳанд ва яке мегӯяд, ки “мурданд, махлуқҳо, дар назди қуттии партов мурданд…”

Акнун тафтишот ин фарзияро ҳам тафтиш мекунад, ки оё касе аз кормандони боздоштгоҳ ба фирори маҳбусон кумак карда буд ё на? Манбаи “Газета.Ру” гуфтааст, маҳбасҳои ин минтақа бо сатҳи баланди коррупсия фарқ мекунанд.

Гуфта мешавад, таҳияи нақшаи гаравгонгирӣ дар СИЗОи Ростов чанд моҳ тайёр шуда буд ва дар ин муддат тавонистанд барои ин 6 нафар аз берун силоҳу васоили алоқа ва ҳатто байрақҳои сиёҳи ДОИШро дароварда, ба дасташон бидиҳанд. Ин 6 нафар дар ҳуҷраҳои гуногуни боздоштгоҳ нигоҳ дошта мешуданд, вале ин монеъ нашудааст, ки онҳо нақшаи ҳамларо бикашанд ва амалӣ кунанд.

Бино ба хабарҳо, нақшаи фирорро Шомил Акиеви 27-сола ва Азамат Тситскиеви 25-сола аз Ингушистон ва Темурланг Гирееви 36-сола аз Чеченистон, ки моҳи декабри соли 2023 бо ҷурми узвият дар ДОИШ ва омодагӣ ба ҳамла ба бинои Додгоҳи олии ҷумҳурии Қарачаю Черкес маҳкум ба 18 соли зиндон шуда буданд, кашида, се маҳбуси дигари низ зодаи Ингушистонро ба ин нақша ҳамроҳ кардаанд. Яке аз онҳо Малик Гандалоев,  писари собиқ сартабиби бемористони Ачалук 22 сол дошта, дар Академияи тиббии Астрахан таҳсил мекард. Гандалоев ҳини таҳсил ба тундгароии исломӣ рӯ овард ва соли 2023 ӯро ҳамроҳи як дӯсташ бо ҷурми дар як ҷангал пинҳон кардани маводи тарканда дастгир ва ҳиндон карданд. Ду маҳбуси дигар зиёд ошно нестанд. Фақат ҳамин қадар маълум аст, ки Сайфудинов М. Ш. барои ғоратгарӣ ва роҳзанӣ ва Камнеев Д. барои қочоқи маводи мухаддир маҳкум ба зиндон шудаанд.

Фирор аз СИЗО-1-и шаҳри Ростови лаби Дон тақрибан соати сеи шаб оғоз ёфт. Дуруст соати 03:00 маҳбусон, ки дар ҳуҷраҳои гуногун буданд, панҷараҳои оҳанини тирезаҳои ҳуҷраҳои худро, ки аз қабл онҳоро беҷону ларзонак карда буданд, канданд ва ба воситаи банди худсохт аз қабатҳои сеюм ва чоруми бино поён фаромаданд. Яке аз маҳбусони фирорӣ ҳангоми бо банд фаромадан афтод ва дасташро шикаст.

Онҳо сипас дар ҳавлии СИЗО муддате мунтазир шуда, баъдан ба қисми навбатдорӣ ҳамла оварда, аввал нозири хурд Виктор Кончакови 23-сола ва сипас сардори бахши фаврӣ Александр Богмаро асир гирифтанд. Манбаи Telegram-канали Shot гуфт, дар асл Богма, ҳанӯз қабл аз расонаӣ шудани хабари фирори маҳбусон ва гаравгонгирӣ ба назди онҳо омад, ки қазияро ба хубӣ ҳал кунад, вале фирориҳо худи ӯро ҳам гаравгон гирифтанд.

Хабари гаравгонгирӣ тақрибан соати 9 субҳ паҳн шуд. Ҳамон вақт видеоҳои гаравгонгирон нашр шуд, ки мегуфтанд, боздоштгоҳи Ростовро ДОИШ ишғол кардааст. Онҳо барои худ мошин ва имкони тарки СИЗОро талаб мекарданд. Telegram-канали Shot  илова кард, ки гаравгонгирон имкони тарки қаламрави Русияро талаб доштанд. Telegram-канали Baza афзуд, ки онҳо силоҳ низ талаб доранд. Гаравгонгирон бо худ силоҳи оташфишон надоштанд, дар дасти онҳо танҳо силоҳи сард: корду дубинка ва як табар дида мешуд.

То соати 9:30 нирӯҳои қудратӣ атрофи СИЗО-1 ва то соати 10  маркази шаҳри Ростовро печониданд. Бо миёнаравии имоми муфтиёти вилояти Ростов Муҳаммад Бикмаев музокирот бо гаравгонгирон оғоз ёфт. Вале ин музокираҳо зоҳиран натиҷа надоданд ва соати 11:30 аз ҷониби СИЗО садои тир баланд шуд.

Амалиёт бо иштироки нирӯҳои Росгвардия, ОМОН ва нирӯҳои вижаи спетсназ ҳамагӣ чанд дақиқа давом кард ва мақомот гуфтанд, ки ҳамаи террористҳо кушта шуданд. Telegram-канал 112 бидуни зикри манбаъ  видеои ҷасадҳои кушташудагонро нашр кард.

 “Ана чунин аст поёни умри шумо. Мисли махлуқҳо дар пеши қуттии партов мурдед”, — мегӯяд дар ин видео як марде, ки чеҳрааш дида намешавад.

Бархе Telegram-каналҳо навиштанд, ки ҳамаи гаравгонгирҳо дар як вақт ба ҳалокат нарасиданд. Бархеи онҳо захмӣ шуда буданд, вале гӯё то омадани “Ёрии таъҷилӣ” ҷон додаанд. Дар видеои нашршуда дида мешавад, ки дастони ду тан аз кушташудагон аз пушт бо завлона баста шудааст. Ин нишон медиҳад, ки онҳоро зинда дастгир кардаанд. Баъд чӣ шуду онҳо мурданд, дигар касе намедонад. Ба ҷуз аз Худо ва он чанд нафаре, ки дар ин амалиёт иштирок доштанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. “Паём”-и ФСБ ба нишасти сулҳи Шветсария дар барои Украина: мо дар украина бо натсизм меҷангем, дар россия бо терроризм, шумо бошед нишасти сулҳ ба нафъи украина ва ба зарари россия баргузор мекунед.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button