АЗ ДАБИРИ КУЛЛИ СОЗМОНИ МИЛАЛ ХОСТАНД, КИ БО ЭМОМАЛӢ РАҲМОН МАСЪАЛАИ ОЗОДИИ МАҲБУСОНИ СИЁСИРО ДАР БАЙН ГУЗОРАД

Ҷунбиши оппозитсионии “Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон”, ки дар Аврупо амал мекунад, дар арафаи сафари дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш ба Тоҷикистон, аз ӯ хостанд, то дар мулоқотҳояш бо мақомоти ин кишвар, аз ҷумла бо президент Эмомалӣ Раҳмон масоили ҳуқуқи инсон, аз ҷумла қонуни манъи ҳиҷоб, ва аз маҳбасҳо озод кардани тамоми маҳбусони сиёсӣ, бо шумули фаъолони сиёсӣ, адвокатҳо ва журналистону блогерҳоро бардошта, ҷиҳати таҳқиқи ҳаводиси хунини ду сол қабли Бадахшон иқдом кунад.
Дар муроҷиатномае, ки 29 июни соли 2024 дар саҳифаи раҳбари Ҷунбиши “Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон” Шарофиддин Гадоев дар Фейсбук нашр шуд, таъкид шудааст, ки даҳҳо маҳбуси сиёсӣ дар Тоҷикистон “танҳо ва танҳо ба далели ақидаҳои сиёсиашон ваё норозӣ буданашон бо сиёсати Эмомалӣ Раҳмон ба зиндон андохта шудаанд”.
Дар муроҷиатнома аз қарорҳои Гуруҳи боздоштҳои худсаронаи Созмони Милал ёдовар шудаанд, ки озодии даҳҳо маҳбусро аз зиндонҳои Тоҷикистон тақозо мекард. Аз ҷумла раҳо кардани адвокатҳову сиёсатмадоронеро, ба мисли Бузургмеҳр Ёров, Зайд Саидов, Маҳмадрӯзӣ Искандаров, Мақсуд Иброҳимов, Муҳаммадалӣ Ҳайит ва дигаронро.
Ҷунбиши “Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон” ҳамчунин таваҷҷуҳи Гутерришро ба таъқиби ақалиятҳои қавмӣ дар Тоҷикистон, ба хусус дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷалб карда, хотиррасон кардааст, ки соли 2022 дар ин вилоят дар ҷараёни саркӯби эътирозҳои осоишта даҳҳо нафар кушта ва беш аз 250 тани дигар боздошт ва ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд.
“Даҳҳо тан аз раҳбарон ва шахсиятҳои шинохтаи зодаи Бадахшон, аз ҷумла Ораз Вазирбеков, Рамзӣ Вазирбеков, Амриддин Аловатшоев ва дигаронро аз Русия дуздида, ғайриқонунӣ ба Тоҷикистон бурданд ва ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум карданд. Бо исрор озодии онҳо ва қатъи таъқибҳо ва адолат барои қурбониёнро тақозо дорем”, – гуфта мешавад дар муроҷиатномаи ҳаракати оппозитсионӣ.
Аз дабири кулли Созмони Милал ҳамчунин хостаанд, ки ҷиҳати таҳқиқи ҳодисаҳои моҳи майи соли 2022 дар ноҳияи Рӯшон иқдом кунад. Ба ҳисоби ҷунбиш, дар Рӯшон дар ҷараёни саркӯби эътирозҳо 38 кас шуданд. Додситонии кулли Тоҷикистон қаблан кушта шудани 29 касро тасдиқ карда буд. Аз Созмони Милал ҳамчунин хостори таҳқиқи қатли Мамадбоқир Мамадбоқиров, яке аз лидерҳои ғайрирасмии Бадахшон дар санаи 22 майи соли 2022 шудаанд.
Ҳаракати таҳти раҳбарии Шарофиддин Гадоев ҳамчунин ба дабири кулли Созмони Милал боз як масъалаи муҳим — дар зиндонҳои Тоҷикистон қарор доштани беш аз 10 журналисту адиб ва блогер, аз ҷумла Абдуқодири Рустам, Далери Имомалӣ, Абдулло Ғурбатӣ, Завқибеки Саидаминӣ, Улфатхоним Мамадшоева, Муҳаммади Султон, Хушрӯз Ҷумъаев, Абдусаттор Пирмухаммадзода, Хуршед Фозилов ва дигаронро хотиррасон карда, навиштааст, ки ҳарчанд аксари онҳо ҷурмҳои марбут ба ифротгароӣ ва ҳатто терроризм маҳкум шудаанд, вале дар асл, “барои иҷрои вазифаи касбии худ зиндонӣ шудаанд”.
“Мутаассифона, адвокатҳо, журналистон ва дигар афтроди норозӣ бо режими Раҳмон ба таври автоматӣ ба экстремизму терроризм айбдор карда мешаванд”, – таъкид шудааст дар муроҷиатнома.
Ин гуруҳи оппозитсионӣ аз Антониу Гутерриш ҳамчунин хост, ки зимни боздидаш аз Тоҷикистон масъалаи манъи ҳиҷоб дар ин кишвари мусулмониро низ бардорад.
Тибқи тарҳи нави қонуни танзими ҷашну маросим, ки президент Эмомалӣ Раҳмон ахиран имзо кард, “воридот, фурӯш, таблиғ ва дар маконҳои ҷамъиятӣ пӯшидани либоси ба фарҳанги миллӣ бегона манъ карда мешавад”.
“Чунин қонунҳое, ки суннатҳои диниро манъ мекунанд, метавонанд мунҷар ба беназмӣ, ҷанги шаҳрвандӣ, рӯ овардани ҷавонон ба ақидаи тунд шуда, барои тамоми минтиқа таҳдид эҷод кунанд”, – зикр шудааст дар муроҷиатнома.
Дар анҷоми муроҷиаташ, Ҷунбиши “Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон” таъкид кардааст, ки “таъмини адолату сулҳ ва барқарор кардани демократия дар Тоҷикистон ин танҳо масъалаи дохилии мо нест, балки вазифаи ҷомиаи байналмилалӣ низ ҳаст. Мутмаинем, ки иштироки шумо метавонад як омили ҳалкунанда барои ҷорӣ шудани ин арзишҳо дар кишвари мо шавад. Умедворем, ки Созмони Милал метавонад ба ҳукумати Тоҷикитстон дар масъалаи риояи ҳқуқи инсон, озодии баён ва озодиҳои сиёсӣ таъсир бирасонад”.
Мухолифини тоҷик аз Созмони Милал ҳамчунин хостаанд барои баргузоррии интихоботҳои озоду одилона дар Тоҷикистон, пуштибонии ҷомиаи шаҳрвандӣ ва матбуоти мустақил дар ин кишвар шароити лозимро муҳайё бисозад. “Танҳо бо талошҳои муштарак мо метавонем ба сулҳу суботи воқеӣ ва пешрафту шукуфоӣ барои тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон ноил шавем”.
Дабири кулли Созмони Милал Антониу Гутерриш дар чорчӯби силсиласафари алакай оғозёфтааш ба ҳамаи 5 кишвари Осиёи Марказӣ дар аввали моҳи июли соли 2024 аз Тоҷикистон боздид мекунад. Ӯ бори охир соли 2017 аз ин минтақа боздид карда буд.
Вале нозирони умур мегӯянд, дабири кулли Созмони Милал бо вуҷуди номи баландаш салоҳияти бисёре барои таъсир гузоштанд ба давлатҳои ҷаҳон ва тасмимгириҳои ҳукуматҳоро надорад. Аз тарафи дигари худи дабири кул низ дар ҷараёни сафарҳояш ба кишварҳои дунё барои баҳсу баррасии масоили сиёсӣ ё масоили ҳассосе, чун риояи ҳуқуқи инсон ва озодиҳои сиёсии мардум азму майли чандоне нишон намедиҳад ва кӯшиш мекунад, ки ба масоили ҷаҳонитаре, чун мушкилоти муҳити зист ё тағйири иқлим тамаркуз кунад.

